logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ки омили зиёд шудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат гардидаанд, конфронси минтақавии сайёҳӣ дар мавзӯи «Ваҳдату субот - заминаи устувори рушди сайёҳӣ» баргузор гардид.
Ҳамоиш ба пешвози  Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда, бо мақсади татбиқи босамари Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020 дар чорчӯбаи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гашт.
Дар конфронс роҳбарони Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, идораҳои дахлдор, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва сокинони фаъол иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Рашт Муқимҷон Набизода меҳмононро хайрамақдам гуфта, чорабиниро ҳусни оғоз бахшид.  Зикр намуд, ки ноҳияи Рашт дорои имкониятҳои зиёди рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор ва сохторҳои марбута пайваста дар талоши он аст, ки аз захираву имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намоянд.
Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар мавзӯи «Ваҳдату субот - заминаи устувори рушди сайёҳӣ» сухан ронда, тазаккур дод, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комил дар кишвар таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардида, мувофиқи иттилои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, шабакаҳои хабарии ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ мавқеи намоёнро касб намуда истодааст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозанда имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Ноҳияи Рашт дорои захираҳои бойи рушди сайёҳӣ, хусусан сайёҳии экологӣ  буда, аз ҷумла мавзеъҳои нодир дар он хело зиёданд. Хусусан, дараҳои Камароб, Тагоба, Ясман, Ҳоит бо манзараҳои дилфиребу шаршараҳои табииаш табъи ҳар бинандаро болида мегардонанд.
Қобили тазаккур аст, ки ҳудуди мамнӯъгоҳи дараи Камароб 10 ҳазору 500 гектарро ташкил дода, дар он гулмоҳӣ, хирси малла ва бузҳои кӯҳӣ парвариш меёбанд. Парваришгоҳ дорои 23 намуди паранда ва 350 анвои гиёҳҳои шифобахш мебошад.
Рушди сайёҳиро бе рушди ҳунарҳои мардумӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Дар доираи эълон гаштани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ устоҳои чирадаст ва бонувони ҳунарманди минтақа пайваста дар талоши эҳё ва равнақ додани касби худ мебошанд. Кадбонуҳо дар санъати нонпазӣ ҳам хеле машҳуранд.
Ба истифода додани шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - сарҳади Қирғизистон ба рушди сайёҳӣ такони ҷиддӣ бахшид. Имрӯзҳо дар шафати роҳ соҳибкорон чойхонаю тарабхона, марказҳои савдо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, таъмири воситаҳои нақлиёт ва дигар иншооти зарурӣ сохтаанд.
Айни ҳол дар Рашт  3 меҳмонхонаи замонавии «Соҳили Сурхоб», «Шоми Рашт» ва меҳмонхонаи ҷамъияти матлубот мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад, ки ба тамоми талаботи замон ҷавобгӯ буда, дар як вақт ба 150 нафар меҳмон хизмат мерасонад.
Дилшод АМИРОВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2019    №: 112    Мутолиа карданд: 540
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед