logo

маориф

ШАҲРИТУЗ. БА 69 ХОНАНДА 1 КОМПЮТЕР. ЧАРО?

Аз рушди базаи техникии муассисаҳои таълимии миёнаи умумии ҷумҳурӣ, тавассути ВАО, ҳамарӯза барномаву гузоришҳо ва мақолаҳои ҷудогона таҳия ва пешниҳод мешаванд. Ба назар мерасад, ки дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз ба ҳар як хонанда як компютер дастрас аст, аммо мебинем, ки дар аксари мактабҳо ҳанӯз ҳам ба 30 ва зиёда аз ин хонанда 1 компютер рост меояд. Ҳатто, баъзе аз компютерҳо куҳнаву ғайрифаъол аст ва наворҳову маълумоти дурӯғин хок ба чашм пошиданро мемонад…
Дар доираи сафари хизматӣ ба Хатлонзамин бо вазъи кабинетҳои фаннӣ, бавижа синфхонаҳои компютерии ноҳияи Шаҳритуз ошно шудем. Маълум шуд, ки як зумра хонандагон тамоман таҷрибаи кор бо компютер надоранд ва намедонанд, ки барномаҳои компютерӣ то чӣ андоза метавонанд муфид бошанд.
Мушоҳидаҳо нишон дод, ки вазъ дар ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Қубодиён ва Носири Хусрав низ аз ин беҳтар нест. Ҳоло дар ноҳияи Шаҳритуз 15 ҳазору 302 хонанда аз ин фан дарс мехонанд, ки ба 69 хонанда 1 компютер рост меояд. Шумораи компютерҳо 220 - ададро ташкил медиҳад. Соати дарсӣ агар 45 дақиқа бошад, дар ин муддат шумораи зиёди хонандагон бо 1 компютер чанд дақиқа бояд кор кунад? Ин суол моро думболи баррасии масъалаи мазкур бурд.
Чи тавре ки мудиру масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз шарҳ медиҳанд, ин раванд аз зиёд кардани соатҳои дарсӣ аз фанни информатика ва кор бо компютер, оғози омӯзиши он аз синфи 5 сарчашма мегирад.
Масъулини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бидуни он ки базаи ташаккулнаёфтаи техникии мактабҳоро ба инобат гиранд, дар муассисаҳо шумораи синфхонаҳои компютериро зиёд кунанд, баръакс, дар барнома соатҳои фанни ёдшударо зиёд кардаанд.
Масъалаи дигар, хонандагони мактаб дар гузашта агар аз синфи 7 ин фанро мехонданд, ҳоло аз синфӣ 5 омӯзиши компютер оғоз мешавад. Яъне дар баробари зиёд шудани соатҳо шумораи хонандагон низ меафзояд ва масъала боз ҳам печидатар мегардад.
Омӯзгорон ва масъулини маорифи ноҳия бо дилсӯзӣ бошад ё аз ҳаросе, ки дар чашмонашон аён буд, аз муҳокимаи масъалаи мазкур канора меҷустанд. Ҳарчанд дар ҳисоботи даврии соҳа факту рақамҳо рӯшану дақиқ инъикос ёфтаанд, баъзе аз онҳо аз воқеият ҳарф мезаданду дар охир гӯшзад мекарданд, ки «ин ҷои масъаларо нанависед, беҳтар аст». Аммо чунин як масъалаи муҳимро магар  метавон сарфи назар кард ва дар мавриди он хомӯш буд?!
Барои беҳбуд бахшидани ҳолати мавҷуда соли гузашта аз шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритуз ба унвони раёсати молияи ноҳия  барои 182 компютер ва ба Вазорати маориф ва илм барои 20 компютер дархост ирсол шудааст, аммо то ҳанӯз иқдоми муассире роҳандозӣ нагардидааст.
Муассисаҳои таълимии ноҳия дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 192 компютер ниёз доштанд. Аммо то имрӯз 28 компютер харидорӣ шудааст, ки тибқи маълумоти омории Вазорати маориф ва илм 17 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Тахтаи электронӣ бошад, танҳо дар МТМУ № 1 мушоҳида шуду халос.
Комилҷон Очилдиев, мудири шуъбаи маорифи ноҳия, дар суҳбат бо мо чунин гуфт: «Бо ворид шудани тағйирот дар нақшаи таълимӣ ва ҷорӣ намудани дарси технологияи иттилоотӣ дар синфҳои 5 ва 6 норасоии компютерҳо эҳсос мешавад. Аммо шурӯъ аз соли ҷорӣ чораҳои заруриро андешида истодаем».
Аммо, аз рӯи инсоф, ин ҷурми масъулин, бавижа омӯзгорон ҳам нест. Дар ин маврид бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, раёсати молия ва шуъбаҳои маориф бештар чораҷӯӣ кунанд.
Дар ин хусус бо директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ Киромиддин Назаров суҳбат доштем. Ӯ мегӯяд: «Мо соли гузашта аз нав «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2022» - ро қабул намудем. Қабл аз ин, бо чанд вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла бо Вазорати молия, барномаи ёдшударо ҳамоҳанг кардем. Мувофиқи он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо раёсати молия ҳамасола бояд барои тадбиқи барнома маблағ ҷудо кунанд».
- Бигзор соли аввали қабули барнома омодагӣ надиданду барнома беиҷро монд, аммо имсол чӣ? Имсол метавонистанд, ҳадди ақал 50 дарсад барномаро иҷро кунанд. Қариб якуним соли татбиқи барнома сипарӣ мешаваду баъзе ноҳияҳо якто ҳам воситаи техникӣ нахаридаанд. Махсусан, ба уновни раиси ноҳияи Шаҳритуз борҳо мактуб навишта, ҳалли ин масъалро хостаем, аммо ҳанӯз ҳам вазъ тағйир наёфтааст, - афзуд Киромиддин Назаров
Маълум мешавад, ки масъулини маорифи шаҳру ноҳияҳо, бавижа мудирон бо шиори «туъмаи худ аз даҳони шер мебояд гирифт» кор гирифта, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва раёсати молия зуд – зуд муроҷиат кунанд, дархост нависанд ва дар ниҳояти кор барномаро иҷро намоянд. Ё худ сарчашмаҳои иловагиро ёфта, мактабҳоро бо компютер таъмин созанд. Аммо кам мудирони ташаббускори маорифро медонем, ки ба ин иқдом даст зананд ва муваффақ шуданд.
Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютер солҳои дигар низ аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонад, агар муносибати масъулин таҷдид нагардад. Ё масъулин андешаи дигар доранд?!
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2019    №: 118    Мутолиа карданд: 1482
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед