logo

сиёсат

ФАРҲАНГИ СУЛҲ ВА ЭЪТИБОРИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Таърих ва миллати тоҷик ҷасорати Сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории  гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Геннадий Шалаев «Роҳ ба сӯи созиш» чунин шарҳ ёфтааст: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 декабри  соли 1996 баргузор шуд. Вақте Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмонов пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Хосдеҳи  Афғонистон гузаронанд, гӯё иродаи Президент Эмомалӣ Раҳмоновро месанҷид. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ чархболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бояд дар сарҳад пешвоз гирифта, онро мебоист ба қароргоҳи Президенти онвақтаи Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ мебурданд. Ва он ҷо бояд сарлашкари машҳури он кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд иштирок мекард.
Вале дар сарҳад чархболи Сарвари давлатро касе пешвоз нагирифт. Дастаи посбонони Президент исрор мекарданд, ки ба Душанбе баргарданд. Дар ҳудуди давлати бегона, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ дар авҷ аст, парвоз кардан хатари бузург дорад. Аммо, ин воқеа бар хилофи чашмдошт хеле бомуваффақият анҷом ёфт: умеду боварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов амалан боҷуръатии ӯро пурра собит гардонд. Эмомалӣ Раҳмонов  ва Нурӣ  Протокол дар бораи ба танзим даровардани вазъияти ҳарбӣ - сиёсӣ дар минтақаҳои ҷангро имзо карданд. Агар Президент Эмомалӣ Раҳмонов аз сарҳад ба Душанбе бармегашт, маълум набуд, ки дар Тоҷикистон ин ҷанги бемаънӣ кай анҷом меёфт».
Оромиву амнияте, ки аз баракати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тасаллут ёфт, барои бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт, тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон пояҳои мустаҳкам гузошт. Сулҳи тоҷикон аз ҷониби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, сабақи судманди таърихии онро дар амнияти минтақаҳои мухталиф арзишманд гардонд.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сиёсати сулҳофарии Сарвари Тоҷикистонро бо таваҷҷуҳ ба моҳияти фарогиру ояндасози он ба андеша гирифта навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Ва ин бесабаб нест. Тамоми кӯшишҳои вай аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чи дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст».
Фарҳанги сулҳи Эмомалӣ Раҳмон, ки паёми ваҳдати воқеии тоҷикон, паёми ба орзуву ормонҳои худ расидани халқ буд, ба Президенти Тоҷикистон ва давлати тозаистиқлоли он эътироф, эътибор ва эҳтироми ҷаҳонӣ армуғон овард.
Фаъолияти густурдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иттиҳоди тоҷикон, ки яке аз аслҳои умдаи ҳадафҳои олии ӯ буд, шахсияти  ӯро аз маснади Пешвои ормонии миллӣ то ба ҳадди Пешвои миллати тоҷикон оварда расонд, ки воқеан арзанда аст.
Шомаҳмад ШАРИФОВ,
номзади илмҳои таърих, устоди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2019    №: 121 - 122    Мутолиа карданд: 689
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед