logo

маориф

ММТ – ДАРГОҲИ УМЕДИ МАРДУМ

Тоҷикистони азизи мо ба садҳо муваффақияту комёбиҳои шоиста ноил шуд, ки ҳама ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Яке аз ин дастовардҳо, ки бо дурандешии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падид омад, таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ин ниҳод чанд сол боз дар хидмати мардум аст ва ба мурғи дили ҳазорон умедворон боли парвоз бахшид. Аз ҷумла, камина ҳам дар рафти санҷишҳои марказ холҳои ниҳоиро ба даст оварда, донишҷӯи ДМТ гаштам ва сазовори эътимоди модару падар шудам.
Ростӣ, ин марказ барои ҳазорҳо хатмкунандагони мактабҳои миёна, аскарон, муҳоҷирон, ятимону одамони имконияти ҷисмониашон маҳдуд даргаҳи умеду орзуҳои бепоён шудааст. Маҳз ҳамин маркази миллии тестӣ сабаб шудаву орзуи донишҷӯ шудани ҷавонон ҷомаи амал мепӯшад.
Аз забони бештари донишҷӯён шунидаам, ки мегуфтанд: «Агар ҳамин маркази миллии тестӣ намешуд, Худо медонад, ҳоло дар куҷо будам, ё дар хона бекор, ё рӯ ба ягон кори дигар меовардам». Аз ҷумла, барои одамони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва ятимону ҷавонони дар сафи артиш хидматкарда то 75 хол имтиёз муқаррар шудааст.
Бартариҳои низоми тестиро дар он мебинам, ки вай ба шаффофият дар қабули довталабони дорои донишу таҷриба мусоидат мекунад. Дар ин низом унсурҳои манфури коррупсионӣ, воситабозӣ, ки боиси аз сафи қабулшудагон берун мондани бисёр довталабони болаёқату босавод мегарданд, роҳ намеёбанд. Баръакс, низоми нави қабули довталабон барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа имконоти баробар фароҳам оварда, аз байни ҷавонон истеъдодҳоро муайян ва гулчин мекунад.
Ҷорӣ гардидани низоми нави тестӣ ҷанбаи тарбиявиро низ дорост. Яъне хонандагон аллакай аз синфҳои поёнӣ медонанд, ки барои ба мактабҳои олӣ дохил шудан фақат ба дониши худ умед бастан лозим аст. 
Қабули довталабон аз рӯи низоми нав нишон медиҳад, ки дар ин ё он мактаб вазъи таълим дар кадом поя қарор дорад, чанд дарсади хонандагон бе мадади атрофиён, бо дониши худ саволномаҳои тестиро кор карда тавонистанд ва, умуман, системаи таълими ҷорӣ дар мактабҳо то кадом андоза ҷавобгӯи замон мебошад.
Интихоби озоди донишгоҳҳо ва маҳалу минтақа барои таҳсил, ҳамчунон имкони дар як замон супурдани ҳуҷҷат ба чанд донишгоҳ, аз ҷумла берун аз кишвар низ аз ҷумлаи бартариятҳои низоми нав аст. Низоми нав аз дохилшавии шахсони тасодуфӣ ба мактабҳои олӣ ҷилавгирӣ мекунад. Мустақил будани ММТ - ро метавон як бартарии дигари он арзёбӣ кард.
Дилшод ВОСИТЗОДА, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2019    №: 126    Мутолиа карданд: 1556
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед