logo

маориф

ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Яке аз шаклҳои муосири таҳсилот, ки дар ҷаҳони муосир аҳамияти вижа касб карда истодааст, таҳсилоти фосилавӣ мебошад. Ин тарзи таҳсил на танҳо барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ, балки дар дохили Тоҷикистон низ татбиқи васеъ бояд дошта бошад.

Чун 93 дарсади ҳудуди кишвари моро кӯҳҳо ташкил мекунанд ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон метавон аз усули таҳсилоти фосилавӣ кор гирифт. Донишҷӯ тавассути интернет имтиҳону санҷишҳоро супорад ва вақту маблағро сарфа намояд. Ҳарчи бештар ба таълим фаро гирифтани аҳолии деҳоти дурдастро низ бо ин шакли муосири таълим таъмин намудан мумкин аст.
Мутахассисон бар он назаранд, ки таҳсилоти фосилавӣ шакли нав мебошад, ки ҳамаи сифатҳои шаклҳои мавҷударо ба ҳам мепайвандад. Ба ақидаи олими рус В. А.  Чистяков, рушди технологияҳои иттилоотии ҷаҳонӣ, такмили мунтазами сохтори онҳо ва сифати хизматрасонӣ дар замони ҳозира имкон медиҳанд, ки ҳамкории самарабахши байни субъектҳои раванди таълим бештар имконпазир гардад.
Бо назардошти рушди илму маориф ва низоми таҳсилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, иброз доштанд, ки дар шароити имрӯза раванди таълиму тадрисро бе истифодаи васеи воситаҳои техникӣ ва технологияҳои муосир тасаввур кардан ғайриимкон аст. Имрӯзҳо вақти он расидааст, ки ба усули анъанавии таҳсили ғоибона хотима бахшида, таҳсилоти фосилавӣ ба роҳ монда шавад. Дар баробари ин, самаранок ба роҳ мондани таҳсилоти салоҳиятнок ва давра ба давра ҷорӣ намудани он дар ҳамаи зинаҳои таълим талаби замон мебошад.
Баъзе муассисаҳои таълимӣ дар ин самт ба дастовардҳои муайян ноил шудаанд. Барномаи ягонаи идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Вазорати маориф ва илм оид ба татбиқи шакли таҳсилоти фосилавӣ, ҳамчунин, нишондиҳандаҳои дигари танзимкунандаи раванди таълим ва назорати сатҳи сифати таҳсилот омода ва мавриди истифодаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қарор гирифтаанд.
Ин низом дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бомуваффақият ҷараён дорад. Аммо ҷараёни татбиқи шакли таҳсилоти фосилавӣ дар умум ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардида, дар ин самт ташаббускорӣ байни мактабҳои олӣ ва миёна кам ба мушоҳида мерасад.
Дар ин самт мушкилоти  робита бо омӯзгор ва донишҷӯён, дар ҳама ҷо дастрас набудани шабакаи интернет, таҷрибаи ками истифода аз технологияҳои информатсионӣ аз мушкилоти асосӣ маҳсуб меёбанд.
Мақсади асосии амалигардонӣ ва рушди таҳсилоти фосилавӣ ба шаҳрвандон дар ҳама гӯшаю канори кишвар ва хориҷ аз он пешниҳод намудани шароити таълими пешрафта, баланд бардоштани дараҷаи таҳсилот аз ҳисоби истифодаи  иқтидори илмӣ ва таълимии донишгоҳҳо, академияҳо, донишкадаҳо, марказҳои такмили ихтисос ва азнавтайёркунии мутахассисон мебошад. Таҳсилоти фосилавӣ ба тамоми шахсон, новобаста аз маҳали ҷойгиршавии онҳо, барои гирифтани таҳсили босифат ва дар айни замон нисбат ба таҳсилоти анъанавӣ бо хароҷоти нисбатан кам имкон фароҳам меорад.
Дар заминаи афзалиятҳои ёдшуда, низоми таҳсилоти фосилавӣ дар Тоҷикистон зарур ва талаби замон аст.
Азамат ДАВЛАТОВ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.07.2019    №: 133    Мутолиа карданд: 1454
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед