logo

иқтисод

АГАР БАРНОМА ИҶРО ШАВАД...

«ДЕҲОТ. Бунёди 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ», «Ҷумҳурият», аз 31 декабри соли 2018  

Зинаи таҳсилоти томактабӣ   яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф буда, давра ба давра дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон зиёд гардида истодааст. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ 618 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 99053 нафар (42203 духтар) кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Зиёдшавии кӯдакон нисбат ба соли 2017  - ум 6000 нафарро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2018 шумораи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ба 99 адад расидааст, ки нисбат ба соли 2017  7 адад зиёд мебошад.
Вазорати маориф ва илм бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ - маркази инкишофи кӯдакро ташкил намуд. Теъдоди чунин муассисаҳо сол ба сол зиёд гардида истодааст. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 1804 маркази инкишофи кӯдак ташкил шудааст, ки он нисбат ба соли 2017 - ум 133 - то зиёд мебошад. Марказҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 269, Хатлон 767, Суғд 451 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 317 ададро ташкил медиҳанд.
Агар фарогирии кӯдакон дар марказҳои зикршуда дар соли 2017 - ум 43666 нафарро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2018 ба 48726 баробар гардид. Фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи кӯдак дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 6166, Хатлон 19644, Суғд 15695 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7221 нафарро ташкил медиҳад.     
Дар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2020» қабул шудааст, ки  афзалият ва самтҳои асосии дастгирӣ ва рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи маорифро муайян намуда, бо кумак ва дастгирии Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ (хусусӣ) сол то сол зиёд мегардад. Дар сурати пурра иҷро гардидани барномаи мазкур мушкилоти ҷойдошта ҳал хоҳад гашт.
Эҳсон САФАРЗОДА,
сардори маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.07.2019    №: 143    Мутолиа карданд: 451
03.03.2021


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед