logo

иқтисод

ХАТЛОН. СОҲИБКОРӢ РӮ БА РУШД ДОРАД

Рушди соҳибкорӣ метавонад боиси пешрафти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардад. Аз ин ҷиҳат, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ ҳамеша таваҷҷуҳи вижа зоҳир карда, мусоидат ба онро аз ҳама ниҳодҳои марбута тақозо менамояд. Дар ин радиф раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон низ як зумра тадбирҳои муассири марбут ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузориро роҳандозӣ кардааст, ки натиҷаҳои судманд бор овардаанд.

Ба қавли Қурбоналӣ Қурбонов, сардори раёсат, айни замон дар вилоят 32 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст. Маблағи умумии азхудшуда дар маҷмӯъ, 452,6 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Қисмати бештари маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба соҳаҳои  маориф  (2,4%), обу ирригатсия (14,3%), нақлиёт (43,2%), энергетика (28,5%), тандурустӣ (4,2%) ва  кишоварзӣ (5,8%) рост меояд.
Тибқи маълумоти раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, соли ҷорӣ ба вилоят 4218,6 ҳазор доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид ва ҳаҷми умумии сармояи хориҷии воридшуда ба 1656,2 миллион доллар баробар шуд, ки 1471,6 миллион доллари он сармояи мустақим аст. Маблағҳо баҳри рушди соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Дӯстӣ, Кӯшониён, Данғара, Ёвон,  Кӯлоб,  Ховалинг ва Шамсиддини Шоҳин равона гардидаанд. Ҳоло 44 субъекти соҳибкорӣ, аз ҷумла “Талко Кемикал”, “ТК Ойл”, “Хуаксин Ғаюр Семент”, “Водии заррин”, “Чжунсай Моҳир Семент” ва “Ҷунтай Данғара Син Силу” бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият менамояд.
Бо мақсади ҷалби сармояи мустақим соли ҷорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иқтидори солонаи истеҳсолии 600 ҳазор тонна бо сармояи мустақим ба маблағи 27 миллион доллар созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонда шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо фароҳам овардани шароити муносиби соҳибкорӣ дар вилоят шумораи соҳибкорон низ зиёд шуда, саҳми онҳо дар ташаккули Буҷети давлатӣ бештар мегардад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ  соҳибкороне, ки дар асоси патент ва шаҳодатнома фаъолият мебаранд, ба буҷет 50988,4 ҳазор сомонӣ ворид намудаанд.
Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои кор, таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам кардани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 январи соли 2019 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 январи соли 2018, № 990»  дар вилоят 530 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба мораторий фаро гирифта шуд ва шумораи санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ хеле кам гардид.
(Идома аз саҳ. 1)

Барои фароҳам овардани шароити мусоиди рушди иқтисодӣ, амалӣ кардани лоиҳаҳои афзалиятнок дар истеҳсолоти саноатию аграрӣ, таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои берунаи имтиёзнок дар шаш моҳи соли ҷорӣ  83 лоиҳаи сармоягузорӣ ва дархостҳои лоиҳавӣ ба маблағи 407596,7  ҳазор сомонӣ омода гардида, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва  Муассисаи  давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карда шуд. Дар маҷмӯъ, муассисаи мазкур  дархости 67 субъекти соҳибкориро барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 88,3 миллион сомонӣ дастгирӣ намуд.  24 лоиҳаи дигар мавриди омӯзиш қарор дорад.
Таваҷҷуҳу дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар самти фароҳам овардани фазои беҳтари сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла зиёд кардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва коҳиш додани шумораи ҳуҷҷатҳои барасмиятдарории фаъолияти соҳибкорӣ, имкон пайдо гардидааст, ки соҳибкорон беш аз пеш ба бунёди иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ рӯ оваранд. Чунончи, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 365 биною иншоот, аз ҷумла бо саҳми соҳибкорон 327 биною иншоот ва корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба маблағи  912,4  миллион сомонӣ, сохта мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар баробари ин, соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳидоятҳои ватандӯстонаи Сарвари давлатро асоси фаъолият қарор дода, 83 километр роҳро таъмири асосӣ, 54 километрро таъмири ҷорӣ, 59 пулро таъмир  ва 728 километр роҳи хокиро сангфарш карданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявӣ, сатҳи касбият ва малакаи соҳибкорон 12 семинар - машварат, ҳамоишҳои сармоягузориву тиҷоратӣ  ва вохӯриву намоишгоҳҳои молу маҳсулоти соҳибкорон ташкил карда шуданд ва ин иқдомҳо ба фаъолияти минбаъдаи соҳибкорону сармоягузорон таъсири мусбат расонданд.
14 июни соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор гардид, ки ҳадафи асосии он низ таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ арзёбӣ мегардад. Дар кори форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ (аз Россия, Чин, Амрико, Афғонистон, Ӯзбекистон, Арабистони Саудӣ ва ғайра), масъулони мақомоти давлатӣ, намояндагони ҳамватанони бурунмарзӣ, мутахассисону коршиносон иштирок намуданд. Дар доираи форум 9 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд, ки маблағи умумии онҳо беш аз 206 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 11 соҳибкор дар Намоишгоҳи шашуми байналмилалии тиҷоратии “Суғд - 2019” ширкат варзида, бо соҳибкорони дохилию хориҷӣ 16 шартнома бастанд.
Навгонии хеле муҳим дар самти дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ таъсиси шуъбаи ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар вилоят мебошад. Мақсад аз таъсиси шуъба бозомӯзии соҳибкорон, дарёфти навъҳои гуногуни тиҷорати судовар, ғояҳои нави тиҷоратӣ, тартиб додани лоиҳаҳо барои ҷалби сармоя ва омӯзиши таҷрибаи соҳибкорони хориҷӣ мебошад. 
- Мақсади аввалиндараҷаи мо ин аст, ки бояд аз панҷ як сокини қобили меҳнати вилоят мафкураи соҳибкорӣ дошта бошад, - мегӯяд сардори шуъбаи навташкил Зарнигор Бегова.
Дар муассиса ба ҳар нафаре, ки дар дил орзуи соҳибкор шудан дорад, ёрӣ мерасонанд. Хизматрасонии шуъба ду соли аввал бепул аст. Ҷараёни мураттаб сохтани лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва ҳатто ба хориҷа фиристодани соҳибкорони навкор ҳам ройгон сурат мегирад. Баъдан, соҳибкор метавонад саҳмашро барои тайёр кардани дигар соҳибкорони навқадам гузорад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2019    №: 145    Мутолиа карданд: 453
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед