logo

иқтисод

НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД ШУД

17, 2 дарсад афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия яке аз натиҷаҳои хуб дар нимсолаи аввали соли 2019 маҳсуб меёбад. Корхонаҳои саноатӣ ангуштшумор бошанд ҳам, тавонистанд дар ин давра аз ҳисоби коркарди пахта, истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ, гӯшт ва орд ба маблағи 7 миллиону 558, 3 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид намоянд. Аз чунин нишондиҳандаҳои мусбат бармеояд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулони ташкилоту идораҳо баҳри пешрафти соҳаҳои афзалиятнок фаъолияти пурсамар анҷом медиҳанд.

Сохтмон ободкорист
Симои шаҳраку деҳоти ноҳияи Носири Хусрав бо қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ рӯз ба рӯз  зеботар шуда истодааст. Ба гул-гулшукуфии ноҳия иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштани солҳои 2019-2021 ва иҷрои корҳои омодагӣ барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ такон мебахшанд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 дар ноҳия дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо таъмир ва сохтмони 44 иншоот, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои савдою  хизматрасонӣ, муассисаҳои фарҳангию тандурустӣ, навсозии роҳҳои маҳаллӣ, таъмири хати барқ, об ва амсоли инҳо дар назар аст. Сохтмончиёни ноҳия аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла буҷетӣ, соҳибкорони маҳаллӣ, фондҳои асосӣ ва маркази татбиқи лоиҳаи идоракунии захираҳои обии водии Фарғона, дар маҷмӯъ, бо харҷи 4 миллиону 230 ҳазор сомонӣ ба андозаи 1000 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода доданд. Айни замон дар назди шуъбаи сохтмони асосӣ бунёди 3 иншоот дар нақша аст - майдони варзиш барои 3000 ҷойи нишаст, хонаи истиқоматии 12 - ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ ва беморхонаи марказӣ. Маблағи умумии сохтмони майдони варзиш 8 миллион сомонӣ буда, дар соли 2019 ҳамагӣ 100 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст ва, аллакай, корҳои бетонӣ дар таҳкурсии бино ба анҷом расиданд. Дар сохтмони хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ бошад, корҳо босуръат давом доранд. Соли 2019 танҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия барои идомаи сохтмони бинои мазкур 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 313 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст. Барои ба анҷом расондани корҳои лоиҳакашӣ дар беморхонаи марказӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ
Ноҳия бо табиати зебо ва Чилучорчашмаи машҳури худ миёни мардуми ҷумҳурӣ ва берун аз он овозадор аст. Маҳз чунин мавзеъҳои сайёҳӣ дар минтақаҳои кӯҳистон асоси ғанӣ гардондани буҷети маҳаллӣ маҳсуб мешаванд. Тибқи иттилои шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, дар панҷ моҳи соли равон ба ноҳия 2 ҳазору 417 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ ташриф овард. Шумораи сайёҳон сол ба сол зиёд шуда, зарурати ҳарчи беҳтар сохтани инфрасохтори сайёҳӣ ба миён омадааст. Таъсиси марказҳои иттилоотӣ, таҳия ва насби харитаҳои сайёҳӣ дар даромадгоҳи ноҳия, ташкили ишораҳои сарироҳӣ, таъсиси мағозаи фурӯши армуғон, ҳифзи мавзеъҳои таърихӣ ва бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намудани онҳо, ҳамчунин, омода кардани лавҳаҳои матбуотӣ бо се забон дар  назди ёдгориҳои таърихиву фарҳангию мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ, аз зумраи корҳоеанд, ки масъулони соҳа барои амалисозии онҳо тадбирҳо андешида истодаанд.

Истифодаи замин
Азбаски иқлими ноҳия барои зиёд кардани заминҳои кишоварзӣ ва боғот мусоид аст, муроҷиати бештари шаҳрвандон низ ба гирифтани қитъаи замин рабт дорад. Дар ноҳия 81109 гектар замин, аз ҷумла 6722 гектар замини корами обӣ, мавҷуд аст. Кормандони кумитаи идораи замини ноҳия дар нимсолаи аввал якҷо бо мутахассисон ва заминсозони ҷамоатҳои деҳот барои истифодаи мақсадноки замин кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла кишти картошка ва кишти такрорӣ, ғайр аз ин,  боғҳои солҳои пеш ва нав бунёдшударо санҷида, 155 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор карданд. 109 қонуншикан барои бе ҳуҷҷат истифода бурдан, босамар истифода набурдани замин ва илова кардани қитъаи замин ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷазои мувофиқ гирифт. Ба гуфтаи Эмомалӣ Самадзода, раиси кумитаи идораи замини ноҳия, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳое, ки аз сабаби корношоям будани пойгоҳҳои обкашӣ бекор хобидаанд, ба зиёд шудани маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар мусоидат мекунад. Алҳол дар ноҳия 463 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун аст. 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2019    №: 145    Мутолиа карданд: 326
27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед