logo

иқтисод

"ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗӢ". ОҒОЗИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ НАВ

Дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси  Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бахшида ба оғози амалисозии лоиҳаи нави «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» бо иштироки намояндагони бахши кишоварзӣ, идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои дигари марбута ҳамоиши машваратӣ доир гардид.

Тавре зикр гардид, ҳадафи лоиҳа мусоидат  ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани  дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ барои истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманди деҳот  мебошад.
Саъдӣ Каримзода,  директори муассиса, гуфт, ки лоиҳа дар 7 шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ - Деваштич, Шаҳристон, Норак, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Рашт ва Тоҷикобод  амалӣ мешавад.
- Лоиҳа 225 деҳаро фаро гирифта, пеш аз ҳама, барои аҳолии ниёзманди деҳот, ки мехоҳанд  ба фаъолияти тиҷоратии кишоварзӣ машғул шаванд, манфиатовар аст, - гуфт С. Каримзода.
Нусратулло  Мӯсоев, муовини вазири кишоварзӣ, иброз дошт, ки  татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои амалӣ  гардидани барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла  рушди кишоварзӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ, заминаи боэътимод мегузорад.
- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар вохӯрӣ бо аҳли  ҷомеаи мамлакат пайваста таъкид  менамоянд, маблағҳои сармоягузорӣ бояд дар сатҳу сифати баланд ва ба нафъи аҳолии  деҳот истифода шаванд. Ин имконият фароҳам меорад, ки инфрасохтори кишоварзии минтақаҳои  ҷумҳурӣ рушд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбанд, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Нусратулло  Мӯсоев,  татбиқи  марҳилаҳои якуму дуюми  лоиҳаҳои «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва  «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» бармало нишон дод, ки  дастгирии аҳолии деҳот метавонад дар самти афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас гузорад, зеро аъзои хоҷагиҳои дастгириёфта истеҳсоли маҳсулоти босифатро афзун намуда, маҳсулоти худро ба бозор бароварданд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар гардонданд.
Дар машварат Микаил Каутту, роҳбари барномаҳои Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Олег Кучгелдиев,  намояндаи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон, суханронӣ намуда, оид ба самтҳои асосии лоиҳа ва роҳҳои татбиқи босамари он пешниҳодҳои судманд баён карданд.
Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.08.2019    №: 148 - 149    Мутолиа карданд: 709
03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед