logo

иҷтимоиёт

ИДГАРДАК. БИЁЕД БИАНДЕШЕМ!

Ҳодисае, ки рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Вахш рух дод, ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад. Хоҳарон Мавзунаи 8 - сола ва Фотимаи 6 - сола ҳини идгардак аз деҳаи Заҳматобод ба Меҳнатобод равон шуданд, ки дар байни онҳо рӯди Вахш ҷорист. Онҳо ба мақсади кӯтоҳ кардани роҳ на аз тариқи пул, балки аз болои лӯла, ки ду соҳилро бо ҳам мепайвандад, гузаштанӣ шуда, дасту по гум карданд ва ба об афтоданд.
Валиҷон Каримзода, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 21- и ноҳияи Вахш, ки барои об омада буд, ин ҳодисаро дида, саросемавор ба ҳамдеҳагонаш занг зад. Ӯ худ он қадар шиновариро наметавонист. Духтарчаҳо дасту по зада дар ҳолати ғарқшавӣ буданд. Чӣ бояд кард? То омадани ёрӣ, аллакай дер мешуд. Валиҷон бо иродаи қавӣ худро ба об партофт ва он лаҳзаҳо дар байни маргу зиндагӣ ба тарафи духтарчаҳо ҳаракат дошт ва нигоҳашро аз онҳо намеканд. Тарсу ҳаросро аз худ дур кард. Дар сар фақат як андеша дошт: онҳоро бояд аз марг наҷот дод. Валиҷон духтарчаҳои бемадор ва аз ҳушрафтаро бо чи мушкилоте ба соҳил баровард ва зуд ба онҳо ёрии аввалия расонд, ки оби хӯрдаашонро қай карда, ба ҳуш омаданд. Албатта, ин амали Валиҷон Каримзода шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат аст. Вале, зуҳури чунин ҳодиса бояд барои ҳамагон сабақ бошад. Саволе ба миён меояд, ки Мавзунаву Фотимаро чӣ водор кард, ки чунин роҳи пурхатарро ихтиёр кунанд? Магар ҳирсу тамаи ҳарчи бештар ҷамъ кардани шириниву хӯрданиҳо нест? Ҳар яки мо шоҳиди он мегардем, ки кӯдакон зимни идгардак бо як шӯру шааф хона ба хона мегарданду байни худ мусобиқа мекунанд, ки кадоме бештар «ҳадя»  ҷамъ мекунад. Онҳо ҳангоми гузаштан аз кӯчаву роҳҳои мошингузар хатар эҷод мекунанд.  Аксари волидон дар ин рӯзҳо аз фарзандони хурдсоли худ дар хавотиранд, ки мабодо ба онҳо ҳодисае рух надиҳад ва роҳгум назананд. Баъзе  модарон  ё  хоҳарони калонсол аз ноилоҷӣ маҷбур мешаванд, ки ин хурдсолони «якрав» - ро ҳамроҳӣ намоянд.
Бояд зикр кард, ки ҳанӯз соли 2017 Шӯрои уламои Тоҷикистон даъват карда буд, ки аз идгардак худдорӣ намоянд, зеро кӯдакон оилаҳои камбизоатро дар ҳолати ногувор мегузоранд.
Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки масъалаи идгардаки кӯдакон, идгардаки алоҳидаи занон ва мардон, ки дар байни мардуми мо маъмул шудааст, ба аҳком ва омӯзаҳои шаръию динӣ ҳеҷ решапайванде надорад. Тибқи урф ва истислоҳ бояд танзими ин масъалаҳо роҳандозӣ шавад.
Ба  ҳар ҳол мо вазифадорем, ки фарзандонамонро ба роҳи дуруст тарбия намуда, онҳоро аз одатҳои мағшуш, чун тамаъварзию ҳарисӣ, боздорем.
Бояд ёдрас шуд, ки дар аксари мавзеъҳои шаҳру навоҳии кишвар чунин лӯлаҳои гуногунқутри об ба мушоҳида мерасанд, ки аз болои наҳру каналҳо мегузаранд. Сокинон онҳоро чун пул истифода бурда ба ҳаёти худ хатар эҷод мекунанд. Чунин ҳодисаҳо кам рух надодаанд ва ҳатто ба фавти одамон мунҷар шудаанд. Аз ин рӯ, масъулони шаҳру навоҳиро мебояд, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони зерсохторҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гузаргоҳҳоро масдуд намоянд, то дигар чунин ҳодисаҳо ба вуқӯъ наафтанд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.08.2019    №: 158    Мутолиа карданд: 946
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед