logo

иҷтимоиёт

ЛОИҲАИ “ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАҶМӮӢ БАРОИ МОДАР ВА КӮДАК” МУАРРИФӢ ШУД

Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Душанбе – Плаза» вобаста ба оғози расмии татбиқи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мизи мудаввар баргузор намуд, ки дар он намояндагони департаменти Осиёи Марказӣ ва ҳарбии Бонки осиёии рушд, бахши идораи лоиҳаҳои  Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, шарикони рушд ва менеҷерони КАТС - и ноҳияҳои таҷрибавӣ ширкат варзиданд.
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иброз дошт, ки таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки осиёии рушд тавассути амалигардонии лоиҳаҳои гуногун, хусусан дар соҳаи тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба рушди самтҳои  гуногуни соҳа  мусоидат намуда истодаанд.
- Бо мақсади самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ дар самти беҳтарсозии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018 «Дар бораи лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд» амалисозии лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Рашту Файзобод ва Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон оғоз гардидааст. Созишномаи грантӣ бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019 (ратификатсия) тасдиқ гардида, аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудааст.
Маблағи лоиҳа 35,2 миллион доллари ИМА - ро ташкил медиҳад, ки аз ин 3,2 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Амалисозии лоиҳаи мазкур аз моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, то  августи соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, - афзуд Насим Олимзода.
Дар идома менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа Исфандиёр Маҳмудзода оид ба ҳадафҳо ва вазифаҳои лоиҳа маълумот дода, иброз дошт, ки лоиҳаи мазкур аз се марҳила иборат буда, марҳилаи якуми он “Беҳтар намудани хизматрасонии ҳамгироишудаи босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак” мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа “Такмил ва таҷдиди хизматрасониҳо дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон” ном дошта, он аз масъалаҳои сохтмон ва таъмири беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ва марказҳои саломатии ноҳиявӣ, таъмин намудани беморхонаҳо ва муассисаҳои КАТС бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ, дастгирии таъсиси низоми идоракунии таҷҳизот барои хизматрасонӣ ва такмили малакаву маҳорати мутахассисон дар иншооти ҳадафие, ки дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа ҷойгир мебошанд.
“Баланд бардоштани сатҳи дониш дар самти саломатии модару кӯдак ва рафтори ба нигоҳдории саломатӣ нигаронидашуда”, - чунин ном гирифтааст марҳилаи сеюми лоиҳаи мазкур, ки баланд бардоштани иқтидори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» ва сохтори онро дар бар мегирад.
Мақсади лоиҳа ба беҳтар сохтани вазъи хизматрасонӣ дар самти ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон, таҷдиду бунёди инфрасохтори соҳаи тандурустӣ, таъмин намудан бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ ва такмили донишҳои мутахассисони тиб дар ноҳияҳо равона карда шудааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 997
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед