logo

иҷтимоиёт

«ГАНҶИНА» БА ҒАМХОРИВУ ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

Матлаби Абдулқодири Раҳим бо номи «Ганҷина». Гавҳари санъати миллӣ бояд эҳё гардад» - ро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (1 августи соли 2019) мутолиа кардам. Муаллиф барҳақ таъкид доштааст, ки гурӯҳи ҳунарии фолклорӣ- этнографӣ дар муаррифии миллат ва ҳифзу пойдории анъанаҳои нек саҳми назаррас гузоштаву мегузорад.
Таъсиси «Ганҷина» низ ба ин хотир буд. Гурӯҳи ҳунарӣ зуд маҳбубият пайдо карду бисёр сурудҳои мардумиро эҳё намуд. Ба он ҳунарпешагон, мутахассисону донандагони соҳа тариқи озмун қабул гардиданд. Онҳо беҳтарин сурудҳоро пешкаши ҳаводорон карданд. Мутаассифона, бо аз кор рафтани чанд тан аз ҳунарпешагони асили гурӯҳ «Ганҷина» ба тадриҷ коста шуд. Маъмурияти  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев пас аз он гурӯҳи рақсиро ҷудо кард. Инчунин, шумораи ҳунарпешагонашро кам намуд.
Мавриди ёдоварист, ки аз иҷрои суруди фолклорӣ на ҳар овозхон баромада метавонад, зеро он талаботи хоси худро дорад.
Ман ҳамчун коргардон баъдҳо низ се барномаи ҳунариро дар ин гурӯҳ омода намудам. Бо ин барномаҳо ду бор ба Ҳолланд ва як бор ба Бағдод сафари ҳунарӣ доштем. Бисёр хуш пазируфтанд ва эътироф карданд, ки фолклори миллати тоҷик бисёр ғаниву рангин мебошад.
Барҳақ, мо дар ин маврид ҳанӯз ҳам ганҷҳои нокушуда дорем. Зарур аст, ки сурудҳои фолклориро бо асолату тарзи иҷрояшон эҳё ва ҳифз намоем. Он, бешак, як ҷузъи таърихи санъати миллати мо ва бозгӯи ҳаёти мардумамон дар ҳолатҳои шодиву ғаманд. Намояндагону мутахассисони бисёр миллатҳо бо дидани барномаҳои ҳунарии мо на танҳо ба он мафтун гардиданд, балки орзу карданд, ки чунин ганҷро молик бошанд.
Агар муносибат ба сурудҳои фолклорӣ чунин сарду бепарвоёна идома биёбад, ба яқин, мо низ дигар роҳ ба сӯи ганҷҳоямон бурда наметавонем. Албатта, ин гуна муносибат махсусан дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар таъсири манфӣ расонда метавонад. Аз ин рӯ, агар сурудҳои фолклориро эҳёву ҳифз нанамоем, моро миллат ва таърих ҳеҷ гоҳ намебахшад. Шояд чунин пиндоранд, ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба хотири иҷрои ин мақсади нек ва ҳам фаъолияти дурусту пурраи «Ганҷина» тасмим гирифта метавонаду тадбирҳои заруриро меандешад. Мутаассифона, алҳол вазорат чунин иқтидору неруро надорад.
«Ганҷина» муносибат ва дилсӯзии махсусро хостор аст, бешак, бо эҳсоси масъулияту ҷавобгарӣ дар назди миллату таърих.
Аз мутахассисону донандагони соҳа, ки алҳол дар қайди ҳаётанд, чаро истифода  намебаранд? Синну соли ин гурӯҳ, ки бисёр каманд, ба ҷое расидааст. Агар фаразан ҳам баъдҳо барои эҳёи «Ганҷина» биандешанду тадбирҳоро роҳандозӣ кардан бихоҳанд, дер мекунанд ва ин гуна мутахассисону донандагону ҳунарпешагонро пайдо намуда наметавонанд.
Гурӯҳи ҳунарии фолклорӣ - этнографии «Ганҷина» ҳолиё бо ном вуҷуд дорад. Фаъолияташ назаррас нест. Барномаҳои ҳунарии фолклориро аз мардум гирифта, такмил дода ва ба худи онҳо пешкаш карда наметавонанд.
Ҷойи тааҷҷубу афсӯсу нигаронӣ аст, вақте ки бархе аз масъулон сурудҳои фолклориро мегӯянд куҳна шудаанд. Гӯиё намедонанд, ки қимати сурудҳои фолклорӣ бештар дар куҳна гардидани он аст. Яъне, аз умри ин сурудҳо ҳар қадар зиёдтар бигузарад, ҳамон қадар қимат пайдо мекунанд. Онҳо қадимӣ будани миллат ва фарҳангу расму оин ва анъанаву суннатҳояшро бозгӯ месозанд.
Санаи эҷоди суруди фолклории «Магаме» соли 1945 мебошад. Чаро мо ба таҳқиқи ин суруд машғул нашудем? Магар ин ҳақиқат ва тарзи эҷоду иҷрои он барои ҳама маълум аст? Не. Дар ин хусус ва ҳам дигар сурудҳои мардумӣ зарур аст, ки мутахассисон таҳқиқ бибаранд, асарҳо таълиф бинамоянд.
Агар мехоҳем, ки «Ганҷина» ганҷинаи миллати соҳибтамаддунамон бошад, бояд пеш аз ҳама аз маҳорати худододии ҳунармандони маъруфи фолклорсаро  фарох истифода барем ва дар баробари ин аз ҳисоби ҷавонони ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар истеъдодҳои навро ҷустуҷӯ ва интихоб бикунем. Ҳамчунин, аз шунидани суханҳои ҳақ набояд биранҷем. Баръакс, зарур аст, ки онро ба хотири рушди фарҳанги миллӣ бипазирем ва дар ин самт барои таъриху миллат тадбирандешӣ бинамоем.
Раҳмондӯсти ҚУРБОНИЁН, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 993
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед