logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Адабиётшинос ва мунаққид Субҳони Аъзамзод баъди хатми факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияташро чун омӯзгор оғоз кард. Маркази илмиву фарҳангии “Паёми Ҳофиз” - ро таъсис дод ва дар баробари корҳои илмиву адабӣ, пайваста рӯзноманигорӣ мекард.
Аз соли 1999 то ҳол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров бо корҳои таълимӣ ва илмӣ - тадқиқӣ машғул аст.
Дар мавзӯи “Ташаккули адабиётшиносии тоҷикии солҳои 30 – 40 садаи ХХ ва бозҷустаҳои филологии Лутфулло Бузургзода” зери раҳнамоии профессор Матлубаи Мирзоюнус рисола дифоъ кард.
Дар меҳвари ҷустуҷӯҳои илмии Субҳони Аъзамзод муаммоҳо ва заминаҳои шаклгирии адабиётшиносӣ ва нақди адабии тоҷик дар асри ХХ, моҳияти афкори адибону адабиётшиносон дар шинохти суханварони гузаштаи форсу тоҷик ва мероси адабии онон, баҳсу мунозироти адабиётшиносон дар заминаи мероси адабии суханварони гузаштаи тоҷику форс аз мавзӯъҳои меҳварӣ буда, ин масъалаҳо бо такя ба манобеи илмӣ ва адабӣ, дар асоси иттилооти бойгониҳо ва маводи матбуоти тоҷикии нимаи аввали садаи ХХ муқаррар шудаанд.
Рисолаҳои “Адабиётшиносии тоҷик ва ҷустуҷӯҳои илмии Лутфулло Бузургзода”, “Адабиёт ва маърифати нақд” ва даҳҳо мақолаҳои ӯ дар меҳвари муаммои таҷдиди назар ба қазияи таърихи адабиёт ва нақди адабии тоҷикии садаи ХХ арзиши назаррас дошта, чеҳраи муаллифро ба сифати пажӯҳишгари огоҳ аз равандҳои таърихи илми адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ дар давраи нав муаррифӣ мекунанд.
Як силсила мақолаҳояш ба чигунагии такомули адабиёти муосир ва вазъи нақди адабӣ бахшида шудаанд. Таҳлили осори адибони муосир аз тарафи ӯ нуктасанҷона ва муҳаққиқона сурат гирифтааст. Мақолаҳо оид ба фаъолияти илмии ноқидони номвари тоҷик қобилияти хуби таҳлилу тасниф ва назариядонии муҳаққиқро ошкор мекунанд.
Ҳамчунин, таҳиягари “Девон” ва “Осори мунтахаб” - и шоир ва қасидасарои форсу тоҷик Сайфуддини Исфарангӣ мебошад. Мавсуф, ҳамзамон, дар таҳияи матн ва таҳрири қомусҳои “Исфара”, “Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров” ва даҳҳо китобу рисола ва маҷмӯаҳо ширкат варзидааст. 
Дар озмуни “Олими соли 2018” дар бахши илмҳои гуманитарӣ мақоми аввалро касб намуд.
Алишер НОРМАТОВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2019    №: 160-161    Мутолиа карданд: 384
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед