logo

иҷтимоиёт

МУҲСИН РАҲИМӢ МУБАЛЛИҒИ ТОҶИКИСТОН ДАР ХОРИҶА

«Ҳамон тавре ки саҳронишинон  дар ҳаёташон беш аз ду рангро намебинанд: тираву рӯшан, яъне  рӯз равшану шаб сиёҳ. Ба ҳамин хотир, мардҳо либоси сафед мепӯшанду занон либоси сиёҳ. Сокинони Тоҷикистон ба хотири пурра будани рангҳо дар табиати зебову афсонавиаш либосҳои мулавван мушобеҳи манзараҳояш мепӯшанд», -  омадааст дар филми ҳуҷҷатии Муҳсин Раҳимӣ «Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон».

Чанде қабл, бо муаллифи филми мазкур дар шаҳри Душанбе шинос шудам. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки аз соли 2001 дар телевизиони Кувайт ба ҳайси мухбир шомил шуда, аз ҳамон сол бо суфарои кишварҳои хориҷ дар Кувайт дар иртибот буд. Соли 2014 дар бахши форсии радиои Кувайт ба кор даромад.
- Радиои мо ғайридинӣ ва ғайрисиёсӣ яъне, радиои фарҳангӣ ва саргармкунандаи қишри мутавассити ҷомеа аст, - мегӯяд Муҳсин Раҳимӣ, - соли 2014 хоҳарам аз Эрон ба ман дар бораи Тоҷикистон маълумот дод ва назари маро дар бораи сафар ба Тоҷикистон пурсид. Ман то ин вақт дар бораи Тоҷикистон чизе намедонистам. Аз интернет оид ба сафорати Тоҷикистон маълумот пайдо карда, ба он ҷо рафтам. Моро консул Низомҷон хуш истиқбол гирифт. Баъдтар бо сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдов шинос шудам, ки ӯ маро аз лаҳзаҳои аввали мулоқот бо самимияташ тасхир кард ва маслиҳат дод, ки дар Ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон оям ва ин кишвари афсонавиро бо табиати зебояш дар хориҷи кишвар  муаррифӣ ва тарғиб намоям. Сипас, тавассути радио таронаҳои тоҷикиро мешунавондем.
Сафари аввалини Муҳсин ба Тоҷикистон дар Наврӯзи соли 2015 иттифоқ афтод, ки бо ҳунармандони  гурӯҳи  «Падида» ва «Базморо» суҳбат дошт. Аз  ҳама муҳим, тантанаҳои наврӯзиро дар Наврӯзгоҳ, бузкаширо дар Қаратоғ ва манозири зебои боғҳои пойтахтро ба навор гирифт. Дар маҷмӯъ як филми 46 - дақиқагӣ пайдо шуд бо номи «Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон». Филм соли 2016 омода шуд ва онро дар кишвари Финландия дар фестивал - озмун ба намоиш гузошт, ки мақбули ҳамагон гардид ва яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол кард. Филми мустанад ду маротиба аз телевизиони Кувайт пахш шуд, ки чунин намоиши такрорӣ кам ба иттифоқ меафтад. Филми мазкур дар қатори 20 филми мустанади беҳтарин дар фестивали Қазони Россия ба намоиш гузошта шуд. Он дар оғоз оҳангҳои тоҷикиро муаррифӣ карда,  сипас, лаҳзаҳои ҷолиби Ҷашни Наврӯзро дар бар мегирад. Филми мустанади «Симфонияи наврӯзии Тоҷикистон» дар Ҷашни Наврӯзи соли 2019 панҷ маротиба  аз шабакаи Би-Би-Си  намоиш дода шуд. Ин шабака дар саросари ҷаҳон беш аз 25 миллион бинандаи форсизабон дорад. Ба гуфтаи Муҳсин Раҳимӣ  дар Кувайт зиёда аз 40 ҳазор форсизабон сукунат дорад. Радиои бахши форсӣ аз соли 1974 фаъолият дорад ва алъон ҳар рӯз ду соат пахш мегардад.
Соли 2016 филми мустанади Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар се қисмат ба навор ва дар телевизиони Кувайт пахш гардид, инчунин, нусхаи онро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурд.  Дар он олимони тоҷик Худои Шариф, Абдунабӣ Сатторзода ва дигарон аз ҳаёт ва осори Устод  Рӯдакӣ иттилооти комил ва ҷамил  доданд. Соли 2018 барои филми мустанади Ибни Сино мусоҳибаҳо орост, ки дар дасти таҳия аст.  Аз соли 2016 ба таҳияи як филми мустанад бо номи «Беҳтарин», ки  дар қолаби як достони ишқӣ – романтикӣ фарҳангиён ва ҳунармандони  тоҷикистонӣ ба навор гирифта шудаанд, машғул аст. Ният дорад, ки ин филмро дар Наврӯзи соли 2020 ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон тақдим намояд, то онро ба мардум намоиш бидиҳанд. Чун ҳар сол, ки ба ҷашни Наврӯз  меомад, қисматҳоеро барои филми «Беҳтарин» ба навор мегирифт.
Соли 2016 зимни ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт он суратҳое, ки Муҳсин дар Наврӯзи соли 2015 дар Тоҷикистон гирифта буд, ба намоиш гузошта шуд. Ҳамин тавр, он расмҳо ҳангоми омадани Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба Кувайт низ ба маърази тамошо гузошта  буданд.
Мавриди зикр аст, ки Муҳсин Раҳимӣ то соли 2015 ба кишварҳои мухталифи дунё, аз ҷумла Арманистону Озарбойҷон сафар карда, филмҳои мустанад бардоштааст. Панҷ сол ин ҷониб бо гирифтани рухсатӣ дар арафаи Наврӯз ба Тоҷикистон меояд. Бо тарғибу ташвиқи ӯ 56 дӯсту пайванду ҳамкоронаш ба зиёрати Тоҷикистон омадаанд. Ӯ воқеан, ошиқи Тоҷикистон аст, мардуми тоҷик, табиат ва фарҳангашро сидқан дӯст медорад.
Ба ин мубаллиғи Тоҷикистон муваффақият таманно намуда, умед дорем, ки филмҳои офаридаи ӯ фарҳангу табиати биҳиштосои мамлакатамонро дар хориҷи кишвар муаррифӣ ва ҷалби сайёҳонро афзун мекунад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2019    №: 165    Мутолиа карданд: 1488
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед