logo

иҷтимоиёт

ТААССУФИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН: 90 ДАРСАДИ КӮДАКОН БА МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ҶАЛБ НАШУДААНД

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаи маориф, муайян намудани мушкилот ва пешниҳоди роҳи ҳалли онҳо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, бо омӯзгорони вилоят вохӯрӣ доир намуд. 
Нахуст, Қурбон Ҳакимзода аз дастовардҳои соҳаи маорифи вилоят ёдовар шуда, зикр намуд, ки соли ҷорӣ 21 иншооти нав бунёд шуд ва дар назар аст, ки то таҷлили 28 - умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони боз 59 муассисаи дигар ба итмом расад.
Вале раиси вилоят изҳори таассуф намуд, ки бо вуҷуди дастгириҳои рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ва саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, таҳсил дар 39 муассисаи таълимӣ ҳанӯз ҳам дар се баст ба роҳ монда шудааст.
“Ҳарчанд солҳои охир таъмини муассисаҳои томактабӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, вобаста ба талаботи рӯзафзун вазъият беҳбудӣ мехоҳад. Ашёҳои таълимии як қисм муассисаҳо фарсуда шуда, ба мизу курсӣ, кати хоб, ҷевон барои либос ва намудҳои гуногуни бозича эҳтиёҷ доранд. Маблағҳои аз буҷети шаҳру ноҳияҳо барои хариди таҷҳизот ҷудошуда кифоя нестанд. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 10 дарсадро дар бар мегирад. Кам будани теъдоди муассисаҳои томактабӣ, нарасидани мутахассисон ва дастурҳои методӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки монеи рушди низоми тарбияи томактабӣ  мешаванд”, - афзуд Қурбон Ҳакимзода.
Диловаршо Исозода, сардори раёсати маорифи вилоят, дар робита ба ин масъала, иброз дошт, ки яке аз мушкилоти ҳалталаби дигар дар як рӯз се вақт бо хӯроки серғизо таъмин кардани кӯдакон аст. “Сарчашмаи асосии таъмини хӯрок маблағҳои буҷетӣ ва худи волидон мебошад. Маблағҳои бо ин мақсад ихтисосёфтаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо хеле ночизанд. Инчунин, аз сабаби коҳиш ёфтани ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои томактабӣ ба талабот ҷавобгӯ нест”, - илова кард Д. Исозода.
Раиси вилоят, ҳамзамон, аз кам ҷудо шудани маблағ барои таъмини ғизои тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, фарогирии шумораи ками омӯзгорон ба такмили ихтисос, дар сатҳи зарурӣ омода набудани муассисаҳо ба зимистонгузаронӣ, нарасидани мутахассисони варзида, содиршавии ҷиноят миёни ноболиғон ва солҳои тӯлонӣ дар як вазифа кор кардани роҳбарони муассисаҳо бо изҳори нигаронӣ ёдовар шуда, ба масъулони соҳа дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Зокир ҲАСАН,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2019    №: 170    Мутолиа карданд: 1089
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед