logo

туризм

МУШКИЛИҲО ЗИНА БА ЗИНА ҲАЛ МЕШАВАНД

Ҷавоб ба мақолаи «Сайёҳии экологӣ, тадбирҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд», ки 15 майи соли 2019, № 92 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Ҳарчанд ба ин навъи сайёҳӣ тайи чанд соли охир таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ҳоло, воқеан, натиҷаҳо қонеъкунанда нестанд. Зеро барои ба меъёрҳои муосири сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо дар самти сайёҳии экологӣ имконият ва вақт лозим аст. Мушкилоти дар мақола овардашуда, дар барномаҳои вобаста ба сайёҳӣ амиқан дарҷ гардидаанд ва барои ҳалли онҳо зина ба зина тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид. Дарвоқеъ, экотуризм барои кишвари мо дурнамои хуб дорад. Табиати нодири Тоҷикистон ангезаи аслии ҷалби сайёҳон ба шумор меравад. Бинобар ин, мо талош мекунем, то рушди муносиби экотуризм таъмин ва натиҷаҳо тадриҷан беҳтар шаванд. Кумита дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбута ва масъулони мавзеъҳои экологӣ барои ҳалли мушкилиҳо чораҷӯӣ мекунад.
Дар мақола, ҳамчунин, муаллиф аз набудани назорати пурраи ҳифзи табиат, таҷассум наёфтани тамоми функсияҳои сайёҳии экологӣ дар хатсайрҳои сайёҳӣ, танҳо ҷанбаи шиносоӣ доштани саёҳатҳо ва набудани воситаҳои махсуси ҷойгиронии сайёҳон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба назар бояд гирифт, ки барои рушди экотуризм ҳалли силсилаи мушкилоте дар пешанд, ки дар як ё ду сол бартараф кардани ҳамаи онҳо имкон надорад. Эроди дигари муаллиф аз сатҳи пасти хизматрасонӣ ва инфрасохтори рушднаёфта мебошад. Натиҷаҳои ду соли гузашта ифодагари онанд, ки инфрасохтор дар ҳоли рушд  аст ва метавон дар ин бора даҳҳо мисол овард.
Дар ин самт айни замон барои фароҳам овардани шароити мусоид, боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ бо ҷалби соҳибкорон ва муомилаву муносибати меҳмоннавозона аз тарафи гурӯҳи кории кумита ба масъулони мавзеъҳои марбут ба ин навъи сайёҳӣ тавсияҳо дода шудааст. Аз натиҷаҳои он ба шумо маълумот ирсол хоҳем намуд. Ҳамчунин, дар кумита барои тарбияи роҳбаладони баландихтисос тадбирҳои махсус андешида шуда, курси махсуси омӯзишӣ дар фурсатҳои наздик ба кори худ шурӯъ мекунад.  
Н. АБДУҒАФФОРЗОДА,  
раиси Кумитаи рушди сайёҳии 
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2019    №: 177    Мутолиа карданд: 2683
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед