logo

иҷтимоиёт

ТУҲФАИ БУЗУРГ

Дар таърихи ҳар халқу миллат воқеаҳои бузургу муҳиме рух медиҳанд, ки сарнавишти минбаъда ва роҳи рушди онҳоро барои солҳои  зиёд муайян менамоянд. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, он барои мо муқаддастарин ҷашн аст. Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.
Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт. Ба шарофати истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллии мо тамоми имкониятҳои зарурӣ фароҳам омаданд. Дар як давраи начандон тӯлонии таърих садҳо лоиҳаи ҳаётан муҳими саноативу энергетикӣ ва иҷтимоӣ татбиқ, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд шуданд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд. Ин нишоне аз  сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва имрӯз ҳар як шаҳрванди кишвар аз истиқлолият ва Пешвои хирадманди худ шукргузорӣ дорад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди байналмилалии кишвари азизамон ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Баъди пош хӯрдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асосӣ барои кишвари мо норасоии неруи барқ буд. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби шабакаи ягонаи барқи кишварҳои Осиёи Миёна ҳалли худро меёфт. Масалан, дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон неруи барзиёди барқи худро ба ҳамсояҳо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт. Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз ин мушкилот баромадааст. Бо ба истифода додани даҳҳо неругоҳҳои хурду азим мушкили бебарқии зимистонӣ то андозае ҳалли худро ёфт. Аммо афзоиши аҳолӣ, таъсиси корхонаҳо ва шаҳру деҳаҳои нав барқи иловагиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, роҳи ягонаи наҷот аз мушкилот ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ бунёди НБО “Роғун” аст.
НБО “Роғун”, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик бунёд меёбад, барои Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа аҳамияти бузург дорад ва ба кор андохтани агрегати дуюми он туҳфаи беҳтарин барои мардуми Тоҷикистон дар Ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
С. РӮЗИЕВ, омӯзгор            


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2019    №: 178    Мутолиа карданд: 551
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед