logo

иҷтимоиёт

ОЯНДАБИНӢ. КАМОЛОТИ МАЪНАВИИ ҶАВОНОН КАФОЛАТИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Амри собитшуда аст, ки рушди ҳар кишвар дар баробари дигар арзишҳо ба захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон, такя мекунад ва бо назардошти ҳамин омил дар кишвари мо ба сиёсати давлатии ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар ҳамаи марҳалаҳои рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Ҳоло дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” амал намуда, дар зарфи бисту ҳашт соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ доир ба дастгирии ҷавонон ба тасвиб расиданд. Қабул гардидани чунин санадҳои муҳим тамоми имконотро ба вуҷуд овардаанд, то ҷавонон тавонанд қудрати зеҳниву ақлонии хешро неру бахшида, дар идоракунии ҷомеа фаъолона иштирок намоянд.
Тадбири хушоянди дигар, ки дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии ҷавонон нақши бориз гузошт, ин эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон буд, ки бозгӯи ҳамин сиёсати бунёдсоз аст. Бешубҳа, ин ташаббуси ояндабинонаи Президенти маҳбуби кишвар ба камолоти маънавии ҷавонон такони наву давомдор бахшида, ҳузури онҳоро дар умури давлатдорӣ, маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ, корҳои ободониву бунёдкорӣ тавсеа бахшида, эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллиро дар ниҳодашон тақвият бахшид.
Ҳамаи ин ғамхориҳо дар навбати худ аз ҷавонон иҷрои рисолатҳои муҳимеро тақозо менамоянд, ки ҳифз ва азхудкунии фарҳанги моддиву маънавӣ, садоқат ба Ватан, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву ҳувияти миллӣ, таҳкими арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар садри он қарор доранд.
Мутаассифона, дар ҷомеа ҷавононе низ ҳастанд, ки бар асари камзарфиятии худ ба доми гурӯҳҳои террористиву ифротгаро афтода, алайҳи манфиатҳои давлату миллати худ амал мекунанд. Дар пасманзари ҳаводиси ахири ҷаҳони муосир ба мушоҳида мерасад, ки зиндагии ҷавононе, ки гирифтори доми гурӯҳҳои ифротианд қурбони ҳадафу манфиатҳои шахсони муайян мегарданд. Зеро раванди ба гурӯҳҳои ифротгаро ҷалб  гардидани ҷавонон онҳоро ба иҷрои як қатор вазифаҳои дигар маҷбур мекунад. Пеш аз ҳама, наздикон, ҳамсолон ва афроди дигарро тавассути ҳар гуна таблиғоти таъсирнок бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба сафи ташкилотҳои худ даъват менамоянд, ки то кунун басо фоҷиаангез анҷом шудааст.
Омилҳои ворид гардидани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ –  экстремистӣ  гуногун буда, ба андешаи бештари муҳаққиқон надоштани маърифати динӣ, камсаводӣ, фанатизми динӣ, аз хурдӣ тарбият наёфтани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва садоқат ба сарзамини хеш аз сабабҳои асосии гирифтор гардидани ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо мебошанд. 
Аз ин рӯ, дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва бавуҷудоии як қатор равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир ҳар нафари моро зарур аст, ки дар роҳи мубориза бар зидди амалҳои номатлуб аз ҳарвақта дида бештар стратегия ва санъатҳои судмандро амалӣ намоем. Дар ин раванд, қабл аз ҳама нақши ҷомеа ва ниҳодҳои он хеле бузург аст. Ниҳодҳои ҷомеа, аз ҷумла оила ва мактабро зарур аст, ки дар роҳи талқини арзишҳои волои миллӣ ба насли ҷавон, ба монанди рушди хиради инсонӣ, дарки моҳияти аслии дин, садоқат ба сарзамини модарӣ, таҳким ва ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи тамаддуни ғании ниёгон диққати ҷиддӣ диҳанд.
Гузашта аз ин, боварӣ ва эътимод ба ҷавонон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат қарор доранд ҳар як ҷавони баору номуси кишварро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳову растанҳо, ба қадри истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу суботи комил бирасем, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва  пайравони асили Пешвои миллат бошем.

Алиназар АШУРОВ,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2019    №: 178    Мутолиа карданд: 596
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед