logo

иҷтимоиёт

БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА АВВАЛИН БОНКИ ИСЛОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН - ҶСК "ТАВҲИДБОНК" ИҶОЗАТНОМА ДОД

Бо мақсади муҳайё намудани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорӣ кардани бонкдории исломӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26 июли соли 2014, № 1108, қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Тоҷикистон муайян намуда, шароити мусоидро барои пешбурди фаъолияти он фароҳам месозад.

Дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Тоҷикистон ва устувор нигоҳ доштани низоми бонкӣ, пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирикунандаи хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намояд ва замина барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии ҷумҳурӣ гардад.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк”, бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12 июни соли 2019  номи он ба ҶСК “Тавҳидбонк” иваз карда шуд.
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 4, 10, 12 ва 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва бо қарори навбатии раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2019, таҳти №116 ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, зимни супурдани иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ, ба иҷрокунандаи вазифаи раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов изҳор дошт, ки рӯйдоди мазкур барои низоми бонкии кишвар як саҳифаи нав кушода, баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Барои фаъолияти пурсамар баҳри пешрафти низом бо истифода аз таҷрибаи нави бонкдории исломӣ ба роҳбарияти ҶСК “Тавҳидбонк” дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСК “Соҳибкорбонк” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки аз 14 октябри соли 2013 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонки исломӣ аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар робита ба ин, дар феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сабтҳои дахлдор ворид карда мешавад.
Шуъбаи матбуоти БМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2019    №: 179    Мутолиа карданд: 488
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед