logo

иҷтимоиёт

ИЛМ ВА АМАЛ Ё СУХАНЕ ЧАНД ДАР МАВРИДИ РУШДИ ИЛМ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолияти давлатӣ  дастоварди беназири миллати тоҷик ба шумор меравад. Он имкон дод, ки мо муҳимтарин арзишҳои миллии хешро соҳиб гардем ва баҳри  ҳифзи муҳимтарин рукнҳои миллат- забон,  таърих  ва  фарҳанги ниёкон аҳамияти  махсус диҳем. Дастовардҳои илмии олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз далелҳои равшани ин пиндор аст.

Ҷиҳати рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов дар  бахшҳои фалсафа, сотсиология, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ як қатор таҳқиқот анҷом доданд.
Шуъбаи ҷомеашиносии институти мазкур ҳамасола  доир ба масъалаҳои  мубрами ҷомеа тадқиқоти сотсиологӣ  мегузаронад. Барои  мисол,  “Баҳодиҳии дастрасии занони соҳибкори Тоҷикистон ба бехатарӣ”, “Зуҳуроти номатлуб дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Баҳодиҳии муносибати намояндагони дин нисбат ба зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир”, “Баҳодиҳии қобилияти ҳуқуқии худидоракунии иттиҳодияҳои донишҷӯён бо мақсади омода намудани лидерҳое, ки ба баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ мусоидат мекунанд”, “Сарчашмаҳои ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон: манбаъҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ”  ва даҳҳо    тадқиқоти сотсиологии дигарро метавон  номбар  намуд, ки натиҷаҳои дахлдор  доданд.
Ҳуқуқшиносони  институт дар бораи нақши ниҳодҳои ҳуқуқӣ дар ташаккули давлатдории  миллӣ, тарзи демократии идораи давлатӣ, истифодаи шаклҳои гуногуни демократия, мустаҳкамгардонии мавқеи ҳуқуқии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва проблемаҳои татбиқи  ҳуқуқ дар кишвар таҳқиқот мегузаронанд. Монографияҳои “Масоили актуалии ҳуқуқи байналмилалии об”, “Ҷанбаъҳои байналмилалӣ - ҳуқуқии ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба истифодабарии обҳои фаромарзӣ”, “Ҳуқуқи мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” натиҷаи таҳқиқоти муваффақонаи олимони пажӯҳишгоҳ мебошанд.
Дар  бахши фалсафа, махсусан таърихи фалсафа, фалсафаи фарҳанг, фалсафаи дин,  фалсафаи иҷтимоӣ ва мантиқ дар  даврони  истиқлолият  корҳои  назаррасе  ба  анҷом  расидаанд. Нашри дузабонаи осори Абуалӣ ибни Сино дар 11 ҷилд ва китоби “Таърихи фалсафаи тоҷик”, ”Тибби мансурӣ” - и Закариёи Розӣ, “Фанни хитоба” - и Арасту, “Таърихи динҳо” (китоби дарсӣ), “Мантиқ” (китоби дарсӣ) ва  даҳҳо  асарҳои дигарро метавон  ном  бурд,  ки  бо кӯшиши  муҳаққиқони соҳа  анҷом ёфтаанд. Ёдовар  бояд  шуд, ки китоби “Таърихи фалсафаи  тоҷик” (дар  се ҷилд, бо забони русӣ) дар  Озмуни байналмилалии “Беҳтарин китоби илмӣ” аз ҷониби Ассотсиатсияи  байналмилалии академияи илмҳо соли 2013  ҳамчун  беҳтарин  китоби  илмӣ,  сазовори  диплом гардид.
Ҳалли  чанд  масъалаи муҳим, ба мисли ҷудо намудани грантҳо барои таҳқиқоти фундаменталӣ  ва калидӣ,  фароҳам  овардани шароит ҷиҳати  робитаи  зичи  илму истеҳсолот бо назардошти соҳаҳои алоҳидаи илм ва барқарор намудани робитаҳои  илмӣ  бо  муассисаҳои  кишварҳои хориҷӣ, таваҷҷуҳи бештар ба иштироки олимони  тоҷик  дар  ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ, зиёд  кардани  шумораи таҳқиқоти сотсиологии соҳавӣ баҳри аниқ  намудани  самтҳои  омӯзиш ва масъалаҳои  мубрами рӯз, аҳамияти  махсус додан  ба  кадрҳои  ҷавони илмӣ  ва  барқарор  намудани  озмунҳои соҳавӣ  бо  мақсади  пайдо  кардани истеъдодҳои нодири илмӣ зарур аст.
Нусратулло ЗОКИРОВ, котиби  илмии Институти фалсафа,
сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи  АИ ҶТ,
номзади  илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 537
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед