logo

иҷтимоиёт

НОРАК. АЗ ПАЙИ МАКТУБИ МОДАР

«Шаш сол боз бо се фарзандам иҷорашинам. Фарзанди дуюмам Шуҳрат (соли таваллудаш 2003) ба иллати нуқсони модарзодӣ роҳ рафта наметавонад. Маблағи моҳонаи иҷораам бо мурури замон аз 300 ба 500 сомонӣ расид. Маоши фаррошиам ҳатто барои иҷорапулӣ басанда нест. Шавҳарам Ҳомид Кабутов, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор мекард, соли 2012 аз беморӣ фавтид. Аз ин рӯ, хоҳиш менамоям, ки барои бо манзили зист таъмин гардиданам мусоидат намоед».

Ин дарди дили Гулбаҳор Ҳотамова, сокини шаҳри Норак аст, ки тариқи як нома ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ирсол кардааст, то ашхоси саховатпеша аз минбари Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳоли зори ӯ огаҳ шаванд ва дасти мадад дароз кунанд. Тавре аз мактуби ин модар бармеояд, ӯ сахт эҳтиёҷманди ёрист.
Номаи ин шаҳрванд моро барои омӯзиши масъала ба шаҳри Норак бурд. Яқин гардид, ки Гулбаҳор Ҳотамова, воқеан, иҷоранишин буда, бо мушкилӣ ба сар мебарад. Хоса, нигоҳубини писари маъюбаш Шуҳрат сол то сол барои хонавода душвор шуда истодааст. Модар ҳангоми дар кор будан ҳамеша аз аҳволи фарзандаш дар ташвиш аст.
Ба гуфтаи Гулбаҳор Ҳотамова, фарзандаш ба дониш ва касбомӯзӣ ниёз дорад, ҳарчанд қобилияти азхудкуниаш камтар мебошад. Аз ин рӯ, аз муоинаи табибони равоншинос гузаштани Шуҳрат ҳатмист. 
Ӯ гуфт, ки вобаста ба таъмини манзили зист ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва сохторҳои дигари марбута муроҷиат кардааст, аммо арзаш ҳанӯз беҷавоб аст.
 - Масъулони шаҳр ҳатто наомаданд, то ҳоли моро бинанд. Дар ҷавобҳои  хаттӣ  менависанд, ки барои харидан ё сохтани хона маблағ лозим аст ва дар ҳолати пайдо гардидани чунин имконият масъала ҳалли худро меёбад. Ҳар боре, ки масъаларо ба баррасии масъулон мегузорем, онҳо баҳона пеш меоранд, ки имконияти молиявӣ надорем, - мегӯяд Гулбаҳор. 
Дилшод Асозода, муовини якуми раиси шаҳр,  24 июли соли 2018 дар мактуби ҷавобии худ ба номи Гулбаҳор Ҳотамова навиштааст, ки баъди барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳр аз тарафи ягон корхонаи давлатӣ ё мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр биноҳои истиқоматии баландошёна сохта нашуда, дар буҷети мақомот низ барои сохтмони чунин биноҳо маблағ пешбинӣ нагардидааст. Дар вақти пайдо шудани имконият ба Гулбаҳор Ҳотамова манзили истиқоматӣ ҷудо хоҳад гардид.  
Ғамхорӣ дар ҳаққи кӯдакони ятиму бепарастор  ва маъюб, бахусус фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва тарбияи онҳо, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар аст. Раисони шаҳру ноҳияҳо ва идораву муассисаҳо вазифадоранд, ки  ҳамасола дар арафаи ҷашнҳо, рӯзҳои таърихӣ мувофиқи имкониятҳои мавҷуда табақаи ниёзманди аҳолиро дастгирӣ намоянд.
Дилбар Солеҳова, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр, иброз дошт, ки шумораи маъюбони шаҳр 1116 нафар аст ва дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо кумаки моддӣ расонда мешавад. Шуҳрат Кабутов дар қатори дигарон ҳамасола мукофоти пулӣ мегирад. Ҳамчунин, соҳибкори маҳаллӣ Абдукарим Назаров аз ҳоли Шуҳрат ва оилаи онҳо хабардор буда, ҳар сол ёрӣ мерасонад. Аммо Гулбаҳор Ҳотамова гуфтаи Дилбар Солеҳоваро рад карда, гуфт, ки ҳамин сол як аробачаи маъюбӣ гирифтаанду халос. Он ҳам тавассути даводави зиёд ва муроҷиати чандбора ба мақомоти маҳаллӣ ба даст омад.
- Аз 23 июли соли равон қарори раиси шаҳр «Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон» тасдиқ гардидааст. Мувофиқи қарори мазкур, ҳар рӯзи шанбе раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону шахсони саховатпеша ба аёдати ниёзмандон рафта, вобаста ба эҳтиёҷот онҳоро бо маҳсулоти хӯрокворӣ, сару либос, пойафзол, маводи доруворӣ, санитарию гигенӣ, сӯзишворӣ, китобҳои бадеӣ, рӯзномаву маҷалла ва дигар маводи  зарурии рӯзгор таъмин мекунанд, инчунин,  ихтиёрон (волонтёрон) дар кори хоҷагидорӣ ба онҳо ёрӣ мерасонанд, - гуфт Д. Солеҳова.
Фирӯз Ғуломов, собиқ мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр, иброз дошт, ки ба аъзои хонаводаи Гулбаҳор ҳар сол аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ бо ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпеша, иттиҳодияҳои динӣ ва дигарон яквақтаина ёрӣ мерасондем. Ӯ бинобар вазнинии шароити зиндагӣ соли 2012 оид ба дарёфти ҷойи кор муроҷиат карда буд. Бо сабаби маълумоти олӣ надоштанаш ӯро дар беморхонаи марказии шаҳр ба ҳайси фаррош ба кор қабул карданд.
- Дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбону ниёзмандон, бахусус таълиму тарбия ва тавонбахшии онҳо барои зиндагии фаъолона, аз ҷумлаи самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифтаанд. Кӯшиш дорем, ки тамоми воситаву имкониятҳои мавҷударо барои дастгирии маъюбон равона намоем, - гуфт зимни суҳбат Ҳилолбӣ Қурбонзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак.
Бовар дорем, ки баъди чопи матлаб мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ё соҳибкорону шахсони саховатпешаи ин шаҳри саноатӣ то дарёфти манзили зист ақаллан барои пардохти иҷорапулии ин хонаводаи муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз мекунанд!

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 2340
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед