logo

иҷтимоиёт

"ХАТЛОН. МУШКИЛОТИ ЗИЁДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ"

Шуъбаи раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маводи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дод.
Маълум гардид, ки, воқеан ҳам, дар як қатор беморхонаҳои ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мутахассисони дорои маълумоти олӣ намерасанд. Ба ин беморхонаҳои минтақавии Ҷамоати деҳоти Оқбулоқи ноҳияи Балҷувон, Шамсиддини Шоҳин ва Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод, Даштиҷум ва Чагами ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мисол шуда метавонанд. Дар ноҳияи Данғара дар беморхонаи Хуррамзамин 3 табиб ва дар беморхонаи Хоҷа Шақиқи Балхӣ 1 табиб кору фаъолият мекунад.
Дар ҳолати ногувор қарор доштани муассисаҳои саломатӣ ва беморхонаҳо дар мақола дуруст дарҷ гардидааст. Дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Муъминбод айни ҳол сохтмони бинои маркази саломатии деҳот ва дар деҳаҳои Даҳаначиён, Кулдамон, Хосабоӣ сохтмони бинои бунгоҳҳои саломатӣ идома дорад. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ тариқи ҳашар сохтмони муассисаҳои тиббӣ дар  деҳаҳои Кулчашмаи Боло ва Хасабои деҳоти  Н. Назар, Даҳаначиёни ҷамоати Балхов, Дашти калони ҷамоати Чилдухтарон, Кулдамони ҷамоати Шамсиддини Шоҳин, Дӯстии ҷамоати Боғга, Деҳи баланди ҷамоати Деҳи баланд босуръат давом дорад.
 Беморхонаи марказии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 100 000 сомонӣ таъмир карда шуд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 67 972 сомонӣ беморхонаи Чагам бунёд ёфта, ба маблағи 139 010 сомонӣ беморхонаи № 4, маркази саломатии ноҳиявӣ, муассисаҳои саломатии деҳоти Кафтар, Порвор, Дараи об, Саричашма, Доғистон, маркази иммунопрофилактика таъмир гардиданд.
Аз ҳисоби ташкилоти байналмиллалии UNDP дар деҳаи Қавоқи деҳоти Саричашма сохтмони бунгоҳи саломатӣ идома дорад.
Дар ноҳияи Фархор аз ҳисоби маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ 4 маркази саломатӣ ва ба тариқи ҳашар 1 бунгоҳи тиббӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин ва хуб фаъолият доранд.   
Ҳамчунин, аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ сохтмони муассисаи тиббӣ дар деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти Тугарак идома дорад. Сохтмони муассисаҳои тиббӣ дар ҷамоатҳои  деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев, Саричашма, Меҳробод - 1, Пушиён, Гулдара ва Ибрат  ба нақша гирифта шудааст.
Дар беморхонаи марказии ноҳия Восеъ аз ҳисоби Бонки рушди Олмон таъмир ҷараён дорад. Инчунин, беморхонаи № 1 деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ ба таъмири асосӣ фаро гирифта шудааст. Тадбирҳои андешидашуда имкон фароҳам меоранд, ки хизматрасонии тиббӣ дар минтақа беҳтар гардад.

С. ҒАЮРОВ,  мудири шуъбаи раёсати тандурустии вилояти
Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2019    №: 183    Мутолиа карданд: 414
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед