logo

иҷтимоиёт

МУНИСА ОЙМАТОВА: "МЕДАЛИ ТИЛЛОЯМ ТУҲФА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИСТ"

Дар арафаи Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таэквондочии ҷавон Муниса Ойматова дар мусобиқаи байналмилалии «G1 Beirut Open 2019» (6-8 сентябр, миёни ҷавонон) ғолиб омад. Ҳамин тавр, дар як муддати кӯтоҳ (июл-сентябр) Муниса соҳиби 3 медал (2 тилло, 1 нуқра) гашт, ки дар риштаи таэквондо, ҳатто, ба  варзишгарони соҳибтаҷриба кам даст медиҳад. Дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» чемпион аз лаҳзаҳои ҷолиби мусобиқот ёдовар шуд, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

ТИЛЛО ДАР РАУНДИ ИЛОВАГӢ
- Медали тилло муборак! Муниса, биёед суҳбатро аз мусобиқаи ахир, ки дар он пирӯз гаштед, оғоз кунем ва лаҳзаҳои хушу хотирмонро бори дигар ба ёд оваред.
- Ташаккур. Дар ин мусобиқа варзишгарони 21 давлат иштирок доштанд. Баъди қуръакашӣ аввал таэквондочии кишвари мизбон Члое Мерҳеҷро бо ҳисоби 19:0 мағлуб карда, ба нимфинал роҳхат гирифтам. Дар ин давр маро варзишгари дигари мизбон Энҷи Ауенд интизор буд. Энҷи ҳарифи пурқувват аст ва ҳарб бо ӯ душвор афтод. Вале ба ҳар ҳол бо натиҷаи 7:2 ӯро шикаст додам.
Зӯрозмоии финалӣ бо ҷоизадори чемпионати Осиё  Шамс Аҳмад (Сурия) тезутунд ҷараён гирифт ва дар вақти асосӣ ғолиб муайян нагардид. Дар раунди тиллоӣ ҳар имтиёзи ҳариф метавонист маро аз медали тилло маҳрум кунад, аммо тамоми қуввату ҳунарро истифода бурда, бар ҳарифам пирӯз гаштам. Фикр мекунам лаҳзаи хотирмон ҳамин буд.

- Аз ин нақли мухтасар метавон гумон кард, ки шояд дар Бейрут бароятон ҳарифи ҳамсанг набуд, зеро ҳар касе муқобилатон мебаромад, шикасташ медодед.
- Дар назари аввал шояд чунин намояд, лекин дар асл ин тавр нест. Мо бо мураббиям Шамсулло Қодиров ба мусобиқа тайёрии ҷиддӣ дидем. Рӯзе ду маротиба тамрин мекардам. Инчунин, пеш аз оғози сабқатҳо, ҳамроҳи мураббиам ҳарбҳои ҳарифонамро тамошо карда, онҳоро меомӯхтем. Табиист, ки баъди омӯхтани ҳариф қувваозмоӣ бо ӯ осонтар аст. 

ТИЛЛО АЗ ВАТАНИ ТАЭКВОНДО
- Мунисабону, моҳи июл бароятон хеле бобарор омад, дар ду мусобиқаи байналмилалӣ – Chuncheon Korea Open G2 (4 – 10 июл) ва Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships G1 (14 – 17 июл) ширкат намуда, сазовори ду медал (нуқра ва тилло) гаштед.
- Ин моҳ бароям, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки чунин комёбӣ дар ватани таэквондо муяссар гашт. Варзишгарони курёӣ ниҳоят тавоно ҳастанд ва бар онҳо пирӯз омадан ба осонӣ даст намедиҳад. Дар мусобиқаи Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships G1 чор ҳарифамро шикаст дода, сазовори мақоми аввал гардидам, ки дар таърихи таэквондои Тоҷикистон саҳифаи нав буд.
Дар мусобиқаи Chuncheon Korea Open G2 низ маҳорати хуб нишон додам, аммо дар финал аз намояндаи Россия мағлуб шудам.
- Соли ҷорӣ аз мусобиқоти байналмилалии хориҷӣ ба Ватан 5 медал (3 тилло ва 2 нуқра) овардед. Метавонед гуфтан, ки дар ин пирӯзиҳоятон кӣ бештар саҳм гузошт?
- Бояд гуфт, ки соли равон бароям басо бобарор буд. Ғайр аз се мусобиқаи болозикр, инчунин, дар мусобиқаҳо дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва  Қазоқистон медалҳои нуқра ва тилло ба даст овардам. Ин ҳама, бешубҳа, самараи тамринҳои ҳаррӯза бо роҳнамоии мураббиям аст. Ғайр аз ин, мехоҳам зикр созам, ки падарам Хуршедҷон Ойматов дар ин сафарҳо маро ҳаматарафа дастгирӣ мекарданд.

ОРЗУИ ИШТИРОК ДАР ОЛИМПИАДА
- Дар пеш боз кадом мусобиқаҳоянд, ки ба онҳо тайёрӣ дида истодаед?  
- Мо аз ҳозир ба чемпионати ҷаҳон, ки сентябри соли 2020 дар пойтахти Булғористон – шаҳри София баргузор мегардад, омодагӣ дида истодаем. Аллакай, мо ҷамъомади машқӣ - таълимиро  шурӯъ кардем. Инчунин, то чемпионат боз чанд мусобиқаи рейтингӣ ҳаст, ки дар он низ ширкат хоҳам кард.

- Муниса, фикри сафари Фаронсаро доред ё ҳанӯз барвақт аст?
- Шумо Бозиҳои олимпии Париж – 2024 - ро дар назар доред? Ман се сол боз бо устодам Шамсулло Қодиров машқ мекунам. Як хислаташон писандам аст, ки ба ҳама кор пухта тайёрӣ мебинанду баъд сар мекунанд. То соли 2024 воқеан хеле вақт ҳаст. Бо вуҷуди ин, бисёр мехоҳам бо дастгирияшон дар мусобиқоти рейтингӣ бештар иштирок намуда, ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирам.

Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2019    №: 183    Мутолиа карданд: 396
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед