logo

туризм

КӮҲИ ХОҶАМУЪМИН. АЗ САЁҲАТ ТО ТАБОБАТИ ТАБИӢ

Восеъ  бо таъриху фарҳанги  бой ва мавзеъҳои ҷолибу диданӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имконияти васеъ дорад. Мавҷуд будани  беш аз 50 ёдгории таърихиву табиӣ ва меъморӣ далели ин гуфтаҳоянд. Аз ҷумла, кӯҳи намаки Хоҷамуъмин аз мавзеъҳои ҷолиби ноҳия буда, барои рушди сайёҳии экологӣ зарфиятҳои хуб дорад.
Дар бораи таърихи кӯҳи Хоҷамуъмин дар сарчашмаҳои хаттӣ маълумот хеле кам аст. Аз гуфтаҳои Абурайҳони Берунӣ дар асари машҳураш “Қонуни Масъудӣ” бармеояд, ки дар гузашта он Меғатон (Мехатон) ном дошта, сокинон намаксангҳои сафеду сурх ва сабзи онро гирифта, аз дарёҳои он тилло мешустанд ва дар кишварҳои дигар ба савдо мегузоштанд. 
Дар бораи Хоҷамуъмин ном гирифтани кӯҳ ривоят аст, ки пас аз ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Марказӣ бисёр сайёҳону олимони бузурги илоҳиётшиноси форсу араб ба ин мавзеъ сафар карда, аксари онҳо то охири умр сокини ин сарзамин мешаванд. Аз ҷумла, бародарон Сартези Валӣ, Хоҷа Абдулмуъмини Валӣ, Хоҷа Қутбиддини Валӣ ва Хоҷа Киромиддини Валӣ, ки аз ҷумлаи авлиёҳо ба шумор мераванд, аз ҳамин қабиланд. Хоҷа Абдулмуъмини Валӣ нахуст зери кӯҳ ва баъдан ҷойи хушманзараи болои онро макони доимии зист ихтиёр мекунад, ки имрӯз зиёратгоҳи мардум гаштааст. Ҳамин тавр, мардум номи Меғатонро оҳиста – оҳиста фаромӯш карда, онро кӯҳи Хоҷамуъмин ном мебурданд.
Кӯҳи Хоҷамуъмин, пеш аз ҳама, намои табиати нодир аст. Он яке аз калонтарин кони намаки ошии ҷаҳон маҳсуб шуда, метавонад аҳолии ҷаҳонро то 400 сол бо намаки тоза таъмин созад. Захираи намаки кӯҳи Хоҷамуъмин аз тарафи мутахассисон беш аз 300 миллиард тонна арзёбӣ гардида, дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол менамояд.
Кӯҳ пурра аз намаксангҳои сафеду сабзтоб, бунафш ё сурхчатоб иборат буда, рӯи онро қабати тунуки ҷинсҳои кӯҳӣ пӯшондааст. Он зоҳиран ба занбӯруғи азиме шабоҳат дошта, пояаш дар умқи замин ҷойгир мебошад, ки чуқурии он то ҳол муайян нагардидааст. 
Инчунин, аз доманаву нишебиҳои кӯҳи Хоҷамуъмин зиёда аз 160 шӯрчашмаи шифобахш ҷорист, ки қисми зиёди намаки ин чашмаҳо ҳоло дар корхонаҳои истеҳсолии кишвар коркард мегарданд. Ин шӯрчашмаҳо метавонанд асоси бунёди осоишгоҳу шифохонаҳо гарданд, зеро онҳо барои табобати бисёр бемориҳо, хусусан касалиҳои пӯст муфиданд.
Хоҷамуъмин, ҳамчунин, бо ғорҳои бешумораш машҳур аст. Калонтарин ғори кӯҳ 350 метр дарозӣ дошта, бо вазидани шамол аз он оҳангҳои гуногун берун меоянд. Олимони соҳа собит карданд, ки ҳавои ғорҳо барои табобати бемории диққи нафас воситаи камназир аст.
Қабати болоии кӯҳ аз хок иборат буда, дар он дарахтҳои мухталиф, ба монанди писта, нок, чанор, арча ва буттаву гиёҳҳои зиёд мерӯянд. Олами ҳайвоноту набототи ин мавзеъ табиати дилфиреби онро боз ҳам рангин сохтааст.
Тамошои ин кӯҳ барои сайёҳон, бешубҳа, ҷолибу хотирмон мегардад. Аз тарафи дигар, бо назардошти эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ фароҳам намудани шароит барои зиёд гаштани шумораи сайёҳон ва рушди соҳаи туризм, бахусус туризми муолиҷавӣ мусоидат намуда, сатҳи зиндагии сокинони ноҳияро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.  Мутахассисон барои беҳтар рушд ёфтани туризм дар ноҳия ташкили хатсайрҳои навро низ муҳим арзёбӣ мекунанд. Бо ин мақсад, роҳбарияти ноҳия барои рушди соҳа, таъмини инфрасохтори зарурӣ ва хизматрасонии босифату замонавӣ чораҳои зарурӣ меандешад. 

Зафар АКРАМОВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2019    №: 192    Мутолиа карданд: 4628
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед