logo

туризм

ДУШАНБЕ САЙЁҲОНРО МАФТУН МЕКУНАД

Пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо боғу бӯстон, кӯчаву хиёбонҳои хурраму  гулпӯш, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, фазои орому осуда ва  иншооти мухталифи хизматрасонӣ ба макони писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтааст. Дар натиҷаи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тӯли чанд соли охир теъдоди  сайёҳони хориҷие, ки  мароқи сайр кардан дар  Душанбешаҳрро  доранд, меафзояд.

ДУШАНБЕ – МИЗБОНИ ҲАМОИШҲО
Бо талошҳои арзанда ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ба макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалию минтақавӣ табдил ёфт. Миллати тамаддунофари тоҷик бо расму оини қадимаи меҳмоннавозии анъанавӣ меҳмонони ҳамоишҳоро гарму самимӣ истиқбол гирифтааст. Борҳо шоҳид будаем, ки бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ доир кардани конфронсҳои байналмилалӣ Душанбешаҳри азиз ороста мегардид, кӯчаву хиёбонҳои он гулрезу гулбез мешуд ва фавораву чароғҳои ранга ба симои шаҳр ҳусни тоза меафзуд. Яъне, имрӯз мардуми сайёра ба шаҳри Душанбе ҳамчун макони баргузории ҳамоишҳои муҳими байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ дорад.

МУЪҶИЗАИ МЕЪМОРӢ
Яке аз иншооти ҷолиби шаҳри Душанбе, ки бо санъати баланди наққошӣ, кандакорӣ, чӯбкорӣ, гаҷкориву ойинабандӣ ва ҳунари сангтарошии мардуми тоҷик бунёд ёфта, бо зебоии худ дили ҳар сайёҳро тасхир месозад, “Кохи Наврӯз” мебошад.
Бояд гуфт, ки маҷмаа бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, ки ифтихори халқи тоҷик мебошад. Дар ин кохи муҳташам чорабиниҳои муҳими байналмилаливу минтақавӣ бо ҳузури сарони кишварҳои олам баргузор карда мешаванд.
“Кохи Наврӯз” бо усули меъмории миллӣ сохта шуда, дар ҷаҳон бемисл аст. Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, тамошогар наздики 40 ҳазор метри мураббаъ бо кори дастии ҳунармандони тоҷик ошно мегардад. Толорҳои хурду калон, айвончаҳои тобистона, фаввораҳои ранга ва мусиқӣ ба бино шукӯҳу шаҳомати хоса  мебахшанд. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, кошинкорӣ аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, кандакорӣ дар чӯб, сангтарошӣ ва ойинабандӣ оро дода шудаанд.
21 июни соли 2019 дар шаҳри Пекин зимни муаррифии лоиҳаи иқтидорҳои сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай “Кохи Наврӯз” - и пойтахти Тоҷикистон ҳамчун муъҷизаи муосир ба қатори “8 муъҷизаи СҲШ” пазируфта шуд.

БОҒҲОИ ДИЛОРО
Имрӯз дар шаҳри Душанбе  17 боғи фарҳангию фароғатӣ, Боғи ҳайвонот ва маркази хизматрасонии “Обшорон” барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, маданӣ- маърифатӣ  ва  истироҳати меҳмонону сокинони пойтахт хизмат мерасонанд. Чунончи, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баъди навсозӣ  ба мавзеи  дӯстдоштаи сокинону меҳмонони пойтахт  ва макони баргузории чорабиниҳои муҳим табдил ёфтааст.
Инчунин, боғҳои “Ҷавонон”, Восеъ, Низомиддин Алишер Навоӣ ва «Боғи кӯдакон»  бунёд гардида, Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи «Истиқлолият»  бо майдони Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»  бунёд мегардад, ки муҷассамаи он  бо  баландии  умумии   121 метр рамзи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

САЙРИ ОЗМУНҲО
Дигар иқдомҳои муҳиме, ки ба рушди соҳаи туризм ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон мусоидат кардааст, баргузор намудани ҷашнвораву озмунҳои шаҳрии “Ҷилваи рангҳо”, “Сайри гули лола”, “Маҳаллаи беҳтарин”, “Кӯчаи беҳтарин” ва “Боғи беҳтарин” мебошад. Аз ҷумла, дар ҷашнвораи “Ҷилваи рангҳо” пӯшандаҳо, тарроҳон, дӯзандаҳо, рассомону чеварон ва ҳунармандон бо барномаҳои ҷолиб тарзи дӯхтан ва  пӯшидани либосҳои зебои миллӣ барои кӯдакону наврасон, бонувону модарон, барои ҷавонон, мардон ва мӯйсафедон, барои ҷашну маросим, либосҳои расмӣ, фароғатӣ, корӣ, хонагӣ, қадима ва барои қаҳрамонони афсонавиро намоиш медиҳанд.
Инчунин, ҳамасола таҷлили шанбеи сеюми  моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахт ба иди ҳақиқии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе табдил меёбад.  Дар ин рӯз дар чор ноҳияи  пойтахт,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳр, базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои  фарҳангию варзишӣ  баргузор мегарданд, маҳсули  дастони пурэъҷози  ҳунармандони чирадаст ва устоҳои моҳир ба маъраз гузошта мешавад.
Ин чорабиниҳо, аз як ҷониб бо мақсади муаррифии фарҳангу санъати миллӣ, боз ҳам ободу зебо гардидани кӯчаву хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани боғҳои истироҳатии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегарданд, аз тарафи дигар, ба афзудани шумораи сайёҳону меҳмонон мусоидат менамоянд.

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ
Ҳоло дар пойтахти  мамлакат  бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ба шаҳри  воқеии сайёҳон  табдил додани Душанбе боз як қатор тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла,  то Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 9 меҳмонхонаи замонавӣ, пешбинӣ   гардидааст. Меҳмонхонаҳои «Дипломат» ва «Сафо плаза» аз ин ҷумла аст, ки чанде пеш сохтмонашон оғоз ёфт. Иншооти бунёдшаванда бо тарҳу усули муосир ва  дарназардошти санъати меъмории миллӣ бунёд мегардад, ки барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон муфид аст.
Ба ҷуз ин, дар доираи татбиқи марҳилаи аввали  Нақшаи генералии шаҳри Душанбе  ҳудуди пойтахт аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 7600 гектар васеъ гардид. Дар ҳудуди иловашуда  шаҳракҳо бо тамоми инфрасохтор, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, боғчаҳои бачагона, майдончаҳои истироҳатӣ, марказҳои хизматрасонию савдо, таваққуфгоҳҳо, беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, шабакаи обу корез, минтақаҳои   истеҳсолӣ, иншооти сайёҳӣ (рекреатсионӣ) ва боғу гулгаштҳо, бунёд мегарданд, ки бешак, ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамоянд.
Айни ҳол баҳри зебоии бештар ва ба гулзори ҳақиқӣ табдил додани шаҳр эъмори корхонаҳои саноатӣ, биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, иншооти иҷтимоию фарҳангӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои муосир ба сокинон ва меҳмонон бунёдкорию ободониҳо бо суръат идома доранд.

ХУЛОСА
Дарвоқеъ, Душанбеи сабзпӯш бо табиати зебою нотакрор, биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои сеқабата  ва дигар иншооти хуштарҳу замонавиаш  имрӯз дили ҳар бинандаро тасхир месозад. Дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, тадбирандешиҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, саъю талош ва иқдомҳои созандаи  шаҳрдори Душанбе самар овард: шаҳри Душанбе дар минтақа яке аз аввалинҳо шуда ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ пазируфта шуд, ҳамчун пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020 - 2021 интихоб гардид, ба қатори 10 шаҳри дар фасли тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гашт ва он ба яке аз шаҳрҳои пешрафта, гӯшаи дӯстоштании сокинони ҷумҳурӣ ва сайёҳону меҳомони хориҷӣ табдил ёфт.

Фарзона АКРАМОВА, омӯзгори МТМУ № 49, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2019    №: 216    Мутолиа карданд: 4119
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед