logo

ҳуқуқ

ПАРЧАМ РАМЗИ САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Эмомалӣ РАҲМОН

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми сокинони мамлакат мебошад. Ҳоло Парчами давлатии Тоҷикистон дар гӯшаҳои гуногуни сайёра, чи дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, чи дар анҷуманҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои бонуфузи варзишӣ баланд гашта, аз гулгулшукуфӣ ва пешрафти давлати тоҷикон, баланд гаштани мақому манзалати он дар арсаи байналмилалӣ башорат медиҳад.
Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо қаҳрамонон ва фарзандони фарзонаи миллатамонро хубтару беҳтар шинохтем. Ҳоло шароит фароҳам омадааст, ки шеваи худшиносӣ дар ҷомеа торафт баланд мегардад. Вақте як миллат ба худшиносӣ мерасад, ин маънии онро дорад, ки он миллатро аҳли башар мешиносад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибтамаддуну сулҳофар мешиносанд ва эътироф мекунанд. Дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ пешниҳоду ташаббусҳои Сарвари давлати моро ҷонибдорӣ менамоянд, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист.
Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Зеро ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯи он менигаранд ва дар вуҷудашон эҳсоси ватандориву меҳанпарастӣ меафзояд. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, гузаштаи дур ва имрӯзи фирӯзу фардои дурахшони халқ аст.
Мо аз таърих медонем, ки тоҷикон аз гузаштаи дури таърих дорои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам буданд, ки он бо номи Дирафши ковиён шинохта мешавад. Дирафши ковиён ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдорӣ эътироф ва пазируфта шуда буд. Он дар таърих ва тамаддуни миллати тоҷик нақш ва мавқеи хоса дошт. Хушбахтона, ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ мо аз нав соҳиби Парчами давлатӣ гардидем, ки он таҷассумгари гузаштаи шоёну ояндаи дурахшони давлату миллат аст.
Мо, кормандони мақомоти судӣ, дар роҳи иҷрои рисолати пуршарафи худ кӯшиш менамоем, ки татбиқи қонунҳо, амалӣ намудани амру фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳуриро дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, зери Парчами давлатӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои боадолати судиро қабул намоем. Ин амр моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, давлат ва ташкилоту муассисаҳоро содиқона ва софдилона ҳимоя намоем.

Раҳмиддин РАҲИМЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 1754
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед