logo

фарҳанг

ЗАБОН МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ

Забон ба унвони муҳимтарин воситаи омӯзиши таърих, тамаддун ва фарҳанги миллат дар инъикоси воқеияти ҳаёти ҷомеа нақши равшан дошта, дар сиёсату давлатдорӣ низ муассир будааст, зеро маҳз ба шарофати забони модарӣ тамаддуни қадимтарин, таърихи пурғановату рангин, ганҷинаи гаронбаҳои адабию бадеӣ ва ахлоқӣ, суннат, расму оин ва анъанаҳое, ки инъикосгари хусусиятҳои хоси миллат ҳастанд, то замони мо омада расидаанд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард.
Аз ҷумла, барои устувор намудани пояҳои забони давлатӣ, муайян намудани самтҳои фаъолияти оянда ва бештар тақвият бахшидани мавқеи забони давлатӣ Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030” - ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Гузашта аз ин, имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, таъкиди ин нукта ки бояд аз «иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосӣ ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонда шавад», дастури саривақтӣ буда, дар роҳи аз ҳисоби забонҳои дигар ва калимаю ибороти соҳавии улуми гуногун ғанӣ гардондани забон муҳим мебошад. Зеро равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияҳои навин, байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани  шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо низ эҷод мекунад. Аз ин лиҳоз, Роҳбари давлат зарурати таҳияи барномаи компютерии «санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ», феҳристбандии электронии тамоми калимаҳо бар мабнои муҳимтарин сарчашма ва маъхазҳо ва ба барномаи компютерӣ ворид намудани онҳо, бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид намудани шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс – ул - луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома» - и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавиро дастур доданд, ки воқеан ҳам, татбиқи амалии он барои ғанӣ гардондани шабакаҳои иттилоърасонии тоҷикӣ ва гузашта аз он, ҳамчун забони илм мавқеи мустаҳкам пайдо кардани забони тоҷикӣ нақши равшан хоҳад бозид. Ин пешниҳоди Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле саривақтӣ ва муҳим аст, зеро имрӯз дар пойгоҳ ва шабакаҳои электронии забонҳои англисӣ, русӣ, форсӣ ва соири забонҳо маводи фаровони марбут ба илмҳои гуногун, луғатномаю энсиклопедия, донишнома, осори таърихӣ, ҷуғрофӣ, сайёҳӣ, барномаҳои тарҷума кардани матнҳо, санҷиши дурустнависии калимаҳо ва ғайра ҷойгир карда шуда, ниёзҳои корбаронро бароварда мегардонад.
Татбиқи ин тадбирҳо на танҳо барои ғановати забон, балки баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва саводи хаттии ҳамватанон мусоидат хоҳад намуд, зеро имрӯз дар саҳифаҳои интернет риоя нагардидани  қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, бахусус бидуни ҳарфҳои хоси забони тоҷикӣ («ғ», «ӣ», «қ», «ӯ», «ҳ», «ҷ») навиштан на танҳо ғалат ҳисобида намешавад, балки хусусияти умумӣ пайдо кардааст. Аз ин лиҳоз, агар ин камбудиҳо ислоҳ нашаванд, истифодаи интернет дар баробари манфиатҳои зиёд ба паст гардидани сатҳи саводи хаттии корбарон оварда мерасонад.
Дар ҳақиқат, имрӯз вақти он расидааст, ки дар воситаҳои электронии мухобиротӣ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои муҳими соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мероси гаронбаҳои ниёгон, осори адабию бадеӣ, девонҳо, осори адабиётшиносӣ, донишномаҳои соҳавӣ ва ғайра, ҷой дода шаванд, то ин ки соҳибзабонон битавонанд аз шабакаҳои иттилоърасонӣ ҳамчун сарчашмаи маърифатомӯзӣ баҳраманд гарданд.
Пешвои миллат, инчунин, роҷеъ ба мақоми воситаҳои ахбори омма дар замони муосир, нақши телевизион ва радио дар ташаккул ва инкишофи забони адабӣ ишора намуда, оид ба риоя нашудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои телевизиону радио алоҳида таваҷҷуҳ намуданд. Албатта, васоити ахбори умум ва, бахусус, телевизион ва радио дар ҳаёти ҷомеаи мо мақоми махсус доранд ва ҷомеаи имрӯзаро бидуни ин воситаҳои хабарӣ тасаввур кардан имкон надорад. Мақоми телевизион дар ҳаёти имрӯзаи мо, махсусан дар ташаккулу такомули тафаккури афроди ҷомеа басазост. Бар дӯши кормандони телевизион масъулияти хеле ҷиддӣ гузошта шудааст, зеро дар инкишофи забону маданият, санъату фарҳанг нуфузи телевизион нисбат ба дигар воситаҳои иттилоотӣ бештар буда, арзишҳои фарҳангии мо тавассути он тарғибу ташвиқ мегарданд. Аз ин лиҳоз, дар назди ҳар як муассисаи иттилоотӣ таъсис додани шуъбаи таҳриру таҳлили матнҳо бо ҷалби донандагони хуби забон, ташкил намудани  курсҳои доимоамалкунандаи бозомӯзии забон барои кормандони ВАО, аз нигоҳи мутахассисон гузарондани матни суруди сарояндагон барои ҳифзу ҳимояи забони ноби тоҷикӣ, асолат ва покизагии он ҳамчун сарвати бебаҳо ва муқаддасоти миллӣ ба манфиати кор мебошад.
Нуктаи дигаре, ки дар суханронии Пешвои миллат зикр гардида, яке аз масъалаҳои мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукуматро ташкил медиҳад, эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ карда шавад.
Забони мо, сарвати мо ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо соҳибони ин забон мебошад.

Тоҷибой СУЛТОНӢ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.2019    №: 218    Мутолиа карданд: 370
03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед