logo

номаҳо

ЯК ПЕШНИҲОД

Тоҷикистони озоду ободро ҷавонон нерубахшанду дурнамои мусаффояшро низ онҳо таъмин месозанд. Барҳақ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии кишвари соҳибистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созанда иштирок намоянд, зеро имрӯзу фардои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Даъватҳои Сарвари давлат аз ҷониби ҷавонон дастгирӣ меёбанду самари ин ҳамкориҳо ободиҳои зиёд, созандагиҳои рангоранги диёри азизамон мебошанд, ки мо бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунем.

Аммо дар урфият гуфтаанд: «Гул бе хор намешавад». Мушоҳидаҳо аз ҳаёти ҷавонон инро собит месозанд. Миёни садҳо ҳазор ҷавонони меҳанпарасту бонангу номус ҳастанд ашхосе, ки ҳанӯз мавқеву вазифаи худро дар ҷомеа аниқ накардаанд, фикру андешаи мустақилонаи хешро надоранд. Фирефтаи ақидаҳое мешаванд, ки ҷамъият онро қабул надораду маҳкум менамояд ва шомили ҳаракатҳое мешаванд, ки зидди давлат равона гаштаанд.
Ҳамин аст, ки солҳои охир аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҷавонон бо ҷурми пайвастан ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳоло ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки чанд тан ҷавонони  фирефтаи мо дар амалиётҳои гуногуни экстремистиву террористӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бешубҳа, ин ҳолат ҷомеаи сулҳпарвари моро сахт ба ташвиш овардааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, феълан зиёда аз 1000 нафар ҷавон аз Осиёи Миёна дар кишвари Сурия меҷангад, худро мусалмон медонаду аз номи ислом сухан мегӯяд, вале аз моҳияти он фарсахҳо дур аст.
Бинобар ин, падару модарон, омӯзгорон, тамоми афроди ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандорӣ диққати бештар диҳанд, корҳои таблиғотию ташвиқотиро пурзӯр намоянд. Дар он сурат, мо дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти нангини экстремизми динӣ натиҷаи мусбат ба даст меорем.

Н. СОБИРОВА, омӯзгор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.12.2019    №: 231    Мутолиа карданд: 3899
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед