logo

ҳуқуқ

МОҶАРОИ ЗАМИН ДАР ФАРХОР. АЗ АМРИ ПРОКУРОР ТО БАҲСИ 29 – СОЛА

Ман нафақахӯр ва модари 8 фарзандам. Бо вуҷуди ин то ҳол ба ҳайси роҳбари ҷамъияти маъюбони ноҳияи Фархор кору фаъолият дорам. Муддати 29 сол аст, ки бо шаҳрванд Саймуҳиддин Аминов дар кӯчаи С. Сафаров № 35/4 – и шаҳраки Фархор дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунем. Соли 1990 ӯ аз ман хоҳиш намуд, ки барои гузарондани маъракаи тӯйи фарзандаш, аз замини наздиҳавлигиам истифода барад. Ба хотири ҳамсоягӣ розӣ шудам. Ӯ ба дарозии 14 метр ва паҳноии 1,5 метр заминамро истифода бурд. Баъдан дигар замини наздиҳавлигиамро барнагардонд ва онро соли 1992 девор кард…
Чунин омадааст, дар мактуби шикоятии Фазила Ризоева, ки ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ворид шуд. Хабарнигорони рӯзнома дар минтақа ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар натиҷа маълум шуд, ки шаҳрванд Фазила Ризоева вобаста ба ин баҳс борҳо ба ниҳодҳои дахлдор, аз ҷумла прокуратураи ноҳия, муроҷиат кардааст. Прокурори ноҳияи Фархор муроҷиати шаҳрванд Фазила Ризоеваро оид ба ҳолати аз ҷониби ҳамсояаш Саймуҳиддин Аминов худсарона ишғол намудани қитъаи замини наздиҳавлигии ӯ мавриди санҷиш қарор дод. Санҷиши прокурорӣ нишон дод, ки қитъаи замин ба андозаи 10,16 метри мураббаъ аз тарафи шаҳрванд Саймуҳиддин Аминов худсарона ишғол гардида, барои ба ҳолати аввала баргардондани он ба кумитаи идораи замини ноҳия аз 12 июли соли 2008 дастур дода шудааст. Аммо он беиҷро монда, аз ҷониби кумитаи идораи замини ноҳия нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда ягон чора андешида нашудааст. Ҳол он ки бо қарори раиси ноҳияи Фархор, таҳти № 270 аз 09 августи соли 2007 дар бораи вобаста намудани қитъаи замин ба шаҳрванд Саймуҳиддин Аминов, бинобар ғайриқонунӣ буданаш аз ҷониби прокурори ноҳияи Фархор аз 29 апрели соли 2008 таҳти № 94 – 08 эътироз оварда, бекор шудааст. Гарчанде аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба эътироз ҷавоби қонеъ дода шуда бошад ҳам, аммо иҷрои он ба пуррагӣ таъмин нашуд.
Бори дувум прокурори ноҳия аз 6 марти соли 2019 таҳти рақами  27 бо дастрасии моддаи 28 – и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амр додааст, ки қонуншикании зикршуда фавран бартараф шуда, қитъаи замини худсарона аз ҷониби шаҳрванд Саймуҳиддин Аминов ишғолшуда, ба андозаи 10,16 метри мураббаъ ба ҳолати аввала  баргардонда шавад. Ин амр баъди гузашти 7 моҳ, яъне 5 сентябри соли 2019  иҷро ва девори худсарона сохташуда, пурра вайрон гардид. Аз иҷрои амри прокурори ноҳия чаҳор моҳ сипарӣ шуда бошад ҳам, вале қитъаи замини худсарона ишғолшуда, то ба имрӯз ба ҳолати аввала баргардонда нашудааст. С. Аминов амри прокурорро ба эътибор нагирифта, баъди як рӯзи иҷрои он  ба ҷои девори чаппашуда симтур кашида, қитъаи замини худсарона ишғолкардаашро ба соҳиби замин Фазила Ризоева надод. Ба ӯ иҷозат надод, ки баъди иҷрои амр девори заминашро бунёд кунад. Фазила Ризоева  таҳти фишору таҳдидҳои С. Аминов ва фарзандонаш буда, ахиран зери латукӯб қарор гирифт, ки онро ҳуҷҷатҳои тиббӣ тасдиқ мекунанд.
- Аз рафтору гуфтори дағалона, суханҳои қабеҳу ношоистаи С. Аминов ва фарзандонаш, ки ба ман - як зани омӯзгор раво диданд, бори дигар ба прокуратураи ноҳия муроҷиат кардам. Вале прокурор дигар арзу шикоятамро қабул накард. То ҳол сарсону саргардонам. Ман фикр мекунам, ки ҳамсояи ман дар иҷрои амри прокурор, рӯирост сохтакорӣ кард. Вале прокуратура инро нодида мегирад. Вагарна чаро шахси гунаҳгорро барои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ба ҷавобгарӣ накашид, - мегӯяд Фазила Ризоева.
Оре, амр ҳамон вақт иҷрошаванда ҳисобида мешавад, ки агар соҳибмулк пурра қонеъ кунонда шавад ва бе таҳдиду фишори ҳамсоя девори қитъаи  заминашро озодона барқарор кунад. Мутаассифона, чунин коре анҷом нашуда, инак, баҳси замин 29 сол боз идома дорад.

Холназар КАСИРОВ,
Зафар АКРАМОВ,
аз минтақаи Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.12.2019    №: 232 - 233    Мутолиа карданд: 844
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед