logo

маориф

ШИНОХТИ РИСОЛАТ

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ доир ба пешрафти соҳаи маориф, боло бурдани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, устувор намудани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ дастуру ҳидоятҳои муфид медиҳанд. Инчунин, таъкид медоранд, ки ин ҳама аз вазифаҳои муҳимтарини соҳаҳои илму маориф ба шумор мераванд. Дар ҳақиқат, ҳар Паёмашон моро водор месозад, ки ба тарбияи насли ҷавон, ки ояндаи давлату миллат маҳсуб мешаванд, бо тамоми масъулият диққати ҷиддӣ бидиҳем, аз донишу таҷрибаҳои андӯхтаамон сари вақт ва самаранок истифода бубарем.
Сарвари давлат, тавре худашон иброз медоранд, ба соҳаи илму маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд, аз ин рӯ, дастур медиҳанду таъкид месозанд, ки ислоҳот дар ин самт бо маром идома дода мешавад. Агар ба солҳои пешин ин соҳа қиёс бигардад, тафовути ҷиддӣ равшан ба назар мерасад. Дастовардҳо зиёданд. Масъулияти омӯзгорон барои рушди илму маориф афзудааст. Ин ҳама, бешак, талаботи давру замон аст. Аммо бе ҳидояту ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои миллат мо ба ин муваффақиятҳо ноил гардида наметавонистем. Шароити мусоидро барои ин фароҳам оварданд.
Ояндаи илму маориф бо чунин Роҳбари мушфиқу ғамхор неку дурахшон аст. Дар се соли оянда дар доираи барномаҳои давлатӣ ва иштироки аҳолӣ беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бунёд мегардад.
Танҳо дар соли рафта, яъне соли 2018, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 151 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо беш аз 73 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар ҳақиқат, пештар чунин имкони мусоидро фароҳам наоварда буданд. Бо афзудани шумораи аҳолӣ, табиист, ки бояд муассисаҳои таълимӣ низ зиёд бигарданд. Ин ба гуфтан осон аст. Бунёди муассисаҳои таълимии ҷавобгӯи талаботи давр мушкил мебошад. Бо вуҷуди ин, бо истифодаи тамоми сарчашмаҳо, ҳар сол шоҳид мегардем, ки дар тамоми манотиқи кишвар биноҳои нави замонавии муассисаҳои таълимӣ қомат меафрозанд. Хуллас, дар ин чанд соли охир қариб тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуданд. Акнун ба ҳалли мушкилоте, ки махсус ба сифати таълим иртибот мегиранд, таваҷҷуҳ медиҳанд.
Тавре Сарвари давлат масъалагузорӣ мекунанд, дар соҳаи мо, яъне илму маориф, ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Ин норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад. Роҳҳои ҳалли  ин мушкилотро низ баён медоранд. Яъне, омӯзгор нахуст бояд худаш сатҳи баланди касбият дошта бошад. Ба ин хотир аст, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ фаъолияти курсҳои такмили ихтисосро боз ҳам тақвият бахшид. Чаро? Чунки бо усулҳои наву пурсамари таълим бояд омӯзгор ошно бошад ва аз онҳо дуруст истифода карда тавонад. Ба ҷуз ин, ҳамаи кормандони соҳа дар се сол як маротиба аз аттестатсия гузаронда мешаванд. Ин моро вазифадор месозад, ки пайваста дар ҳоли омӯзиш ва андӯхтани таҷрибаҳои пешқадам бошем. Тавре зикр гардид, ҳар кадоми мо хуб медонем, ки пешрафти давлату миллат ба наслҳои огоҳу зирак ва донишманд вобаста мебошад. Яъне, зарур аст, ки дар ивази ғамхориҳо бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ рисолатамонро бештар бишносему беҳтар иҷро бикунем.

Азиза ҒАФУРОВА, омӯзгор, ноҳияи Исмоили Сомонӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2019    №: 238    Мутолиа карданд: 1806
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед