logo

номаҳо

ЗИНДАГӢ ХАТОРО НАМЕБАХШАД!

Кӯдакони ақлан заиф ва ё имконияташон маҳдудро ҳар рӯз мебинаму барои сарнавишташон ғам мехӯрам. Оре, агарчи онҳо дар мактаби махсус хуб таълим мегиранду тарбия меёбанду ҳамеша дар паноҳи давлатанд.

Аммо, агар ин гурӯҳ ҳам солим ба дунё биёянд, ба манфиати ҳамаи мо ва давлату миллат нест? Мо - волидон дар бораи насли солим на танҳо бояд биандешем, балки ҳамаи тадбирҳоро роҳандозӣ намоем. Нафъи ин кӯдакон, агар тандуруст ба дунё меомаданд, ба яқин, барои ҷомеа бештар мерасид ва ҳам онҳо ноҳинҷор намешуданду аз маъюб буданашон ғам намехӯрданд.
Медонам, аксари волидон дар ин маврид масъулияташонро фаромӯш мекунанд ва сабабро аз сарнавишт ҷӯё мешаванд. Ҳол он ки худ гунаҳгоранду пеши роҳи гуноҳи баъдиро низ гирифтан намехоҳанд. Бо ин ки мутахассисон, табибон ҳушдор медиҳанд, огоҳ мекунанд, бо хешовандони наздик оила бунёд насозанд, акси ҳолро мебинему мушоҳида менамоем. Он замон афсӯс мехӯрему пушаймон мешавем, ки кор аз кор гузаштаву оташ бар буттаамон афтодааст. Чаро сарнавишти ин гурӯҳ барои дигарон панд намешавад?
Бо дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ чанд сол аст, ки пеши роҳи  ин амалро расман гирифтаанд. Навхонадорон ҳатман аз ташхиси тиббӣ мегузаранд. Бо вуҷуди ин бархе бо роҳҳои гуногун саъй ба харҷ медиҳанд, то бе гузаштан аз ташхис ва гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурӣ оила бунёд созанд. Намеандешанд, ки анҷоми амали мазкур ҳаргиз ба нафъашон нест.
Дар бораи рӯзгордорӣ, зиндагӣ, тарзи нигоҳдории кӯдаки дар батнбуда, тарбияву нигоҳубини он низ бисёре аз модарон маълумоти заруриро надоранд.
Сари ин ҳақиқат намеандешанд, ки андак ғафлат барои андак замоне метавонад, тамоми зиндагии хонаводагиро бо доштани кӯдакони маъюб ногувору талх бигардонад.
Тавлиди чунин кӯдакон, яъне ақлан заифу имконияташон маҳдуд, гувоҳ бар ин ҳақиқат аст, ки ҳанӯз ҳам корҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар сатҳи зарурӣ нест. Зиндагӣ бошад, ҳеҷ ғалату хаторо аз ҳеҷ кас на қабул дорад ва на мебахшад.

Заррина НУСРАТОВА, омӯзгори мактаб - интернати махсуси
таҳсилоти асосии № 2, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2019    №: 238    Мутолиа карданд: 3021
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед