logo

маориф

ТАЪЛИМИ АСАРҲОИ ДРАМАВӢ. ОНРО ЧӢ ГУНА БОЯД АМАЛӢ НАМУД?

Таълими асарҳои драмавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба хусусиятҳои жанрӣ, моҳият ва табиаташон фарқиятҳои хос доранд. Асарҳои драмавӣ барои саҳна навишта мешаванд. Ба гуфтаи Константин Станиславский: «Танҳо дар пешайвони театр асари саҳнавиро бо тамоми ҳастиву моҳияташ донистан мумкин аст».
Азбаски дар асарҳои драмавӣ мавқеи муаллиф, шахсияти ӯ (қаҳрамони лирикӣ) ниҳон аст, ба хонанда зарур аст, ки бо мулоҳизакорӣ ва бе пешниҳоду тавсияҳои муаллиф тамоми ҷузъиёти асари драмавиро чун; реплика, монолог, диалог, ремарка (эзоҳ ва қайдҳои ҷудогонаи драматург) тасаввур карда тавонад ва, ба ин восита вақт, ҷои амалиёт, ҳолату вазъияти муҳити зисти қаҳрамонро дар мадди назар дошта бошад. Азбаски яке аз рукнҳои асосии таълими асарҳои драмавӣ дар дарси адабиёт хониши асар аст, хонанда зимни он бояд тинат ва мақсаду мароми қаҳрамонро пурра шиносад. Мақсад аз таҳлилу таълими асарҳои драмавӣ дар мактаб ошкор сохтани моҳият ва хосияти конфликтҳои ҳаёт ва зиддиятҳои шадиди зиндагии воқеист. Зеро дар маркази осори драмавӣ маҳз зиддиятҳои шадиди ҳаёт қарор мегирад.
Хониши асарҳои драмавӣ, асосан, мисли асарҳои эпикӣ ба тариқи хониши мустақилонаи хонандагон гузаронда мешавад. Ҷараёни таҳлили асарҳои драмавӣ низ ба ду ҷузъ: аввал хониши асар ва, сипас, ба таҳлили он сахт марбут аст.
Ҳангоми таҳлилу таълими асарҳои драмавӣ гузарондани машғулияти муқаддимавӣ ҳатмӣ аст. Ин машғулият бояд дар асоси сухани муқаддимавӣ оид ба мавзӯъ, мундариҷаи ғоявӣ ва моҳияти асосии пйесаи омӯхташаванда сурат гирад. Ин машғулият барои он зарур аст, ки дар
асарҳои драмавӣ шарҳу эзоҳи муаллиф бобати характери асар ва муаммоҳои асосии он норавшан. Маҳз надонистан ва нафаҳмидани ҳамин ҷузъу унсурҳо барои кушодани моҳияти мавзӯъ монеъ мегардад. Бинобар ин, омӯзгорро лозим аст, ки суҳбати муқаддимавиро ба шарҳу тавзеҳи ҳамин гуна масъалаҳо бахшад.
Азбаски дар ҳар як асари драмавӣ воқеияти муайяни таърихӣ таҷассум меёбад, як қисми машғулиятро ҳамчун заминаи мавзӯъ,  роҷеъ ба шарҳи муфассали моҳияти воқеаҳои таърихӣ бахшидан зарур аст. Ҳар як асари драмавӣ ғояи худро дорад. Кушодани моҳияти масъалаҳои асосие, ки боиси таълифи асар гардидааст, маҳз ба зиммаи омӯзгор аст.
Зимни таълими асарҳои драмавӣ мутахассисон ду усулро пешниҳод менамоянд. Бархе аз онҳо бар он муътақиданд, ки ҳангоми таълими асарҳои драмавӣ хониш ва таҳлилу тафсири тамоми ҷузъҳои намоишнома ҳатмист. Қисми дигаре аз методистон ҷоиз мешуморанд, ки таҳлилу тафсир ва хониши баъзе қисматҳои намоишномаҳо кифоя аст. Интихоби услуби мувофиқ аз худи омӯзгор вобаста аст. Танҳо ҳамин ҷиҳатро набояд аз хотир фаромӯш кард, ки хонанда бояд пеш аз омӯзиш ва таҳлили асари драмавӣ дар бораи асари мавриди омӯзиш тасаввуроти комил дошта бошад.
Дар аксари ҳолатҳо ҷоиз аст, ки омӯзгор ҳангоми омӯхтани асарҳо хонандагонро ба таҳлили қисматҳои алоҳидаи асар омода сохта, масъалаҳои асосию марказии он: ғоя ва идеяро ҳадафи муҳокимаи худ қарор диҳад. Дар кушодани ин гуна масъалаҳо интихоб намудани эпизодҳо шарти муҳим аст.
Дар таълими асарҳои драмавӣ гузарондани машғулияти ҷамъбастӣ низ муҳим аст. Дар ин гуна машғулиятҳо омӯзгор метавонад дар асоси сюжети намоишнома ҳолати саҳнавиро созмон диҳад. Дар ин маврид нақшҳо байни талабагон тақсим шуда, иҷрои он аз ҷониби омӯзгор назорат мешавад. Ин тарзи дарсдиҳӣ якнавохтию якрангии машғулиятҳои синфиро барҳам медиҳад.
Дар баробари таълими асарҳои драмавӣ такмили дониши назариявии хонандагон низ шарт аст. Ин ҷиҳати масъаларо омӯзгор метавонад дар машғулияти муқаддимавӣ ё хотимавӣ амалӣ намояд. Зеро шарҳи мафҳумҳои «парда», «намоиш», «драматизми воқеаҳо», «монолог», «диалог», «реплика», «ремарка», «саҷъияи образҳо», «конфликт дар драма» хоҳу нохоҳ барои омӯзгор зарур мегардад. Инчунин, хонанда бояд дар асоси дониши худ фарқи байни «мазҳака», «драма», «фоҷиа» - ро донад.
Ҳамин тариқ, моҳияти асосии таълими асарҳои саҳнавӣ дар он зоҳир мегардад, ки таҳлили чунин асарҳо дар муассисаи таълимӣ на фақат барои тарбияи хонанда муҳим аст, балки ӯро бо ҳамин роҳ ҳамчун тамошобин ба камол расондан имконпазир мегардад. Зеро асари драмавӣ як намоиши одии саҳнавӣ набуда, балки асари бадеӣ низ мебошад.

Матлуба САИДОВА, омӯзгори МТМУ № 60, ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 1920
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед