logo

ҳуқуқ

ҲНИ ВА ИФРОТГАРОӢ. ДУ ЗУҲУРОТЕ, КИ АЗ ЯК МАНБАЪ ОБ МЕХӮРАНД

Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки аксари зуҳуроти номатлубро таҳиягарони гурӯҳҳои ифротӣ кӯшиш менамоянд, ки дар миёни ҷавонон татбиқ намуда, аз қувваи бузурги онҳо ба таври самаранок истифода баранд. Дар чунин ҳолатҳо барои вазъро воқеъбинона таҳлил намудану ба онҳо дуруст баҳо додан ва каҷро аз рост ҷудо карда тавонистан, албатта, донишу зарфияти хос лозим меояд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ масоиле, ки оқибатҳои фалокатбори он танҳо марбут ба як минтақа ва ё ташвиши як давлат буд, феълан хосияти умумисайёравӣ пайдо карда, боиси нигаронии ҳамагон мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба кишварҳои олам, монанд ба маризие дар узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад. Бояд зикр кард, ки ҳар як амали манфур аз мағзи пучу бемоя бармеояд ва зуҳуроти терроризм ҳам маҳсули ҳамингуна мағзи инсонист. Имрӯзҳо фаъолияти терроризм тавре шакл гирифтааст, ки хурду калон метавонанд, ин амали носазоро содир кунанд.  Бинобар ин, дар назди кишварҳои олам ва ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифаи меҳварӣ - бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳар чӣ  зудтар маҳв ва ё паст намудани сатҳи фаъолияти ин зуҳуроти даҳшатафкану нафратовар меистад. 
Терроризм дар сурат ва сирати гуногун ба амал меояд: таҳдидҳои бевосита дар вақти муборизаи сиёсӣ; зӯроварӣ  нисбат ба шахсони гуногун ва махсусан, ходимони давлатию ҷамъиятӣ; ба гарав гирифтани шахсони гуногун бо мақсадҳои муайян; рабудани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ ё куштани онҳо; талаби пул, воситаҳои дигари моддиву молиявӣ ва коммуникатсионӣ; озод намудани маҳбусони  сиёсӣ; муваффақ гаштан ба вазъияти умумии террор; душманӣ ангехтан байни ду давлат; паст намудани эътибори ҳокимият ва монанди инҳо...
Агар дар бисёри ҳолатҳо афроди тафриқаангез ба ҳадафҳои нопоки худ нарасанд ҳам, то як андоза метавонанд миёни аҳолии осоишта ҷунбишу таҳлукаеро ба вуҷуд биёваранд, ки мо онро дар таҷрибаи давлатдории навини худ дидем. Вале душманони миллати тоҷик ва гурӯҳҳои ифротӣ як нуктаи хеле муҳиму аслиро набояд фаромӯш созанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳамарӯзаи худро баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили  терроризму экстремизм, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, хурофотпарастию таассуби динӣ ва фарҳанги бегона равона месозанд.
Мардуми сарбаланди тоҷик аз кинаву ғараз ва нияту нақшаҳои нопоки ташкилоти террористӣ - экстремистии ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ба хубӣ огаҳӣ доранд. Хусусан, пинҳону ошкоро амал намудани хоинони миллати тоҷик ва кӯшиши ҷалби шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бо истифода аз фазои маҷозӣ ба ҳамагон маълум ва боиси нафрат гардидааст. Аз таърихи хиёнаткории наҳзатиҳо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва, ҳамзамон, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хуб огоҳем, ки ин ташкилоти террористӣ ҳамеша бадандешиву бадниятиро пешаи хеш қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидояти хоҷагонашон фаъолияти тахрибкорона дорад. Вале набояд фаромӯш кард, ки имрӯзҳо ҷавонон, падару модарон ва, умуман, миллати тоҷик аз кирдорҳои пасипардагии онҳо огоҳ шудаанд ва дигар ҳама кӯшиш мекунанд, ки фирефтаи чунин амалҳои ҳангомаҷӯёна ва муғризонаи онҳо нагарданд.
Амалу баҳсҳои бепояву бемантиқи роҳбарону аъзои ташкилоти мамнӯъшудаи ҲНИ тариқи интернет ҳеҷ монандие ба кору рафтори инсони солимақлу солимфикрро надорад. Бисёр вақт онҳо ба баҳси пулу мол дармеафтанд ва ҷамъу тарҳи иқтисоди кишвар ҳам мекунанд. Аммо ба худ суол намекунанд, ки ин ҳама харҷу хароҷоти худашон аз куҷо меояд ва ҳадаф аз он дар чист? Маҳз чунин андешаву омоли разилона буд, ки ин бешарафон бо роҳнамоии хоҷагони хеш бори дигар хостори барангехтани кинаву адоват ва гумроҳкунии мардум гардиданд.
Ошӯби генерали хоин Абдуҳалим Назарзода (дар моҳи сентябри соли 2015), аз ёдҳо нахоҳад рафт ва бори дигар аз тинати сиёҳ ва ҳадафу нақшаҳои муғризонаи наҳзатиён ва роҳбари бадкеши онҳо шаҳодат медиҳад.
Ин гурӯҳи ифротзада аз оқибатҳои даҳшатбори даҳаи аввали солҳои навадум ва рӯзҳои мудҳиши гуреза шудани беш аз як миллион нафар миллати тоҷик, бесаробон мондани модарону хоҳарон ва ятим мондани кӯдакон ибрат нагирифта, боз даст ба амалҳои ифротиву муғризона ва нафратангез зада, мехоҳанд вазъи осудаи кишвари азизамонро халалдор созанд. Вале мардуми огоҳ даҳшату оқибатҳои фоҷиабори солҳои аввали Истиқлолияти давлатиро, ки ҷони беш аз 150 ҳазор нафарро гирифта, дар он нақши асосиро наҳзатиҳо мебозиданд, фаромӯш нахоҳанд кард.
Ҳоло зарур аст, ки мо дар робита ба нақшаҳои разилонаи аъзои ТТЭ ҲНИ иқдомоти ҷавобиро роҳандозӣ намуда, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ ҳадафҳои нопоки онҳоро хунсо намоем. Зимнан, бо назардошти дарки моҳияти зуҳуроти нангини ифротгароӣ зарур аст, дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, сабру таҳаммул ва ба даст овардани касбу ҳунарҳои муосиру риояи волоияти қонунро тарбия намоем.

Зоир РАҲМОНЗОДА,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 642
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед