logo

маориф

ПАЁМ – ТАҲКИМБАХШИ ПОЯҲОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Пешрафти бемисл ва таҳаввулоти азиме, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакати азизи мо ба вуқӯъ пайвастанд, маҳз дар заминаи паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муяссар гардиданд.

Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат чун ҳамеша бо мақсади созанда ва шоистаи худ имкон фароҳам меорад, ки зиндагии арзанда ва ваҳдати мардуми кишвар пурра таъмин ва пешрафти бонизоми кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боз ҳам бештар вусъат ёбад. Нуктаҳои муҳиме, ки дар Паём зикр гардиданд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст ва солҳои наздик мо шоҳиди тараққиёти кишвар дар тамоми соҳаҳо хоҳем гашт.
Яке аз хусусиятҳои назарраси паёмҳо ва мулоқоту вохӯриҳои Пешвои миллат ин таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, илму фарҳанг, маорифи кишвар ва арзёбии воқеъбинонаи авзои доимотағйирёбандаи ҷаҳони муосир аст. Ҳар як андешаи Сарвари давлат бо дарки амиқи таҳаввулоти азим дар сайёра ва пайомадҳои мусбату манфии он барои Тоҷикистони  тозаистиқлол иброз гардида, вобаста ба он дар назди сохторҳо ва мақомоти дахлдори давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта мешаванд.
Хусусияти дигари паёмҳои Пешвои миллат ин робитаи ногусастанӣ ва мантиқии онҳо аз лиҳози барномарезии стратегии сиёсати давлатӣ барои расидан ба пешрафтҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошад.
Нуктаи ҷолибе, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат зикр гардид, ин аҳамияти иҷтимоӣ ва рисолати таърихию фарҳангии забони давлатӣ, таъкиди нақши он ҳамчун рамзи хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва омили ваҳдату якпорчагии давлату миллати тоҷик мебошад.
Пешвои миллат дар баробари ёдовар шудан аз масъулияти бузурги афроди ҷомеа, махсусан аҳли зиё ҷиҳати арҷгузорӣ ва густариши забони давлатӣ таваҷҷуҳи иштирокдорон ва тамоми аҳли ҷомеаро ба масъалаи таҳкими мақому мартабаи он ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем. Забон ойинаест, ки, дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем». Ба андешаи Пешвои миллат «мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардондани ҷомеа густариш медиҳем».
Агар муҳтавои асосии андешаҳоеро, ки Сарвари давлат оид ба илму маориф, рушди фарҳанг ва масъалаҳои ба онҳо вобаста иброз намуданд, таҳлилу натиҷагирӣ намоем, онро метавон ба сифати барномаи стратегии рушди соҳаҳои номбурда арзёбӣ намуд. Инро дар мисоли рушди бомароми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баръало мушоҳида кардан мумкин аст. Агар шумораи донишҷӯён дар донишкада соли таҳсили 2016-2017  2966 нафар бошад, дар соли таҳсили 2018-2019  3930 нафарро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли таҳсили 2016-2017 ба андозаи 16 дарсад зиёд мебошад. Айни замон 43 дарсади устодони донишкада дорои  дараҷа ва унвонҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд. Танҳо дар давоми соли гузашта 11 кас рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, 21 нафар аз пешдифоъ гузашта, барои ҳимоя ба шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии кишвар пешниҳод гардидаанд.
Бо истифода аз ин неруи илмии пурқувват дар донишкада таҳқиқот аз рӯи 5 мавзӯи фармоишии буҷетӣ идома дорад. Тавре аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бармеояд, ворид намудани шаклу воситаҳои нави азхудкунии илму дониш, ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик сохтани нишондиҳандаҳои таъмини сифат, ҷорӣ ва беҳтар гардонидани дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Дар иртибот ба ин, ҷиҳати ба талаботи замон мутобиқ гардондани раванди таълим, баланд бардошти сифати забономӯзии донишҷӯён ва татбиқи имконоти технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар раванди таълим донишкада бо 56 синфхонаи мултимедӣ, компютерӣ ва лингофонӣ, 1 китобхонаи электронӣ таъмин  гардидааст.
Зимни ибрози андеша оид ба китоб ва нақши он дар ҷомеа Пешвои миллат зикр намуданд: «Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад». Воқеан, пайомадҳои китоб нахондан ва аз китобу китобхона дур шудан барои ворисони миллате, ки фарҳанги китобии бою қадима дорад, миллате, ки бунёдгузори ҷомеаи нав буда, ҳамарӯза ҳадафҳои созандаро пайгирӣ мекунад, метавонад боиси паст рафтани сатҳи маънавиёт, монеаи ҷиддӣ дар роҳи пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, рушди илму фарҳанг ва маориф гардад. Аз ин рӯ, раёсати донишкада соли 2019 дар партави нишондоди Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № АП-1165, аз 9 феврали соли 2019 оид ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар факултети филологияи тоҷик китобхонаи илмиро бо фонди умумии беш аз 5 ҳазор китоб, аз ҷумла 1231 китоб бо забони русӣ, 787 китоб бо забонҳои дар донишкада омӯхташаванда ва 3082 китоб бо забони давлатӣ, инчунин 15 ҳазор китоби электронӣ таъсис дод. Илова бар ин, дар доираи татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дар донишкада Маркази рушди забони англисӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд зикр кард, ки ин якумин Маркази рушди забони англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар фонди он беш аз 4 ҳазор дастур, маводи таълимӣ ва беш аз ҳазор нусха адабиёти электронӣ бо забони англисӣ маҳфуз мебошад.
Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва тамоми муҳассилини Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Сарвари давлатро ба таври васеъ ба роҳ монда, барои татбиқи мукаммали онҳо ва истиқболи сазовори Ҷашни муқаддасу бузурги умумимиллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд.

Маҳмадулло РАҶАБЗОДА,
ректори Донишкадаи давлатии забонҳои
Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.01.2020    №: 16    Мутолиа карданд: 1971
21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед