logo

туризм

ХАТЛОН. ТАШРИФИ САЙЁҲОН МЕАФЗОЯД

Тайи солҳои ахир дар натиҷаи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дар дигар манотиқи кишвар, дар вилояти Хатлон низ соҳаи сайёҳӣ ривоҷу равнақ меёбад. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 14 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамояд.
Бинобар маълумоти Шамсулло Соҳибов, мудири шуъбаи рушди сайёҳии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соли сипаригардида бо ташаббуси шуъба ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои сайёҳии вилоят 70 номгӯи роҳнамову маълумотнома ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода гардид. Ҳамзамон, дар ин давра бо ҷалби ҳазорон нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва кормандону сокинони қишрҳои гуногуни вилоят як қатор озмуну конфронсҳои илмӣ ва семинару машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуд. Дар баробари ин, соли гузашта ва моҳи январи соли 2020-ум, бахшҳои омӯзишӣ ва омодасозии тарҷумону роҳнамоён созмон дода шуд, ки нахустин дастпарварони он дар ин ҷода фаъолияти худро оғоз намудаанд.
Бинобар маълумотҳои расмӣ, дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят бунёди 7 ҳазору 138 иншоот дар назар аст, ки, аллакай, 3136 - тои он мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре Шамсулло Соҳибов афзуд, натиҷаи ҳамкориҳо бо дигар сохторҳои марбута буд, ки феҳристи ёдгориҳои фарҳангӣ, бостонӣ, монументалӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳия гардида, дастраси умум гардидаст. Ҳамчунин, сомонаи алоҳидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Sayohikhatlon.tj ба се забон фаъол буда, барои таъмини сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо маълумотҳо оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.
Боиси тазаккур аст, ки ҳоло дар қаламрави вилоят 795 ёдгории таърихӣ – фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 36 осорхона, 37 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 33 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ арзи вуҷуд доранд, ки ҳамасола ба онҳо сайёҳони зиёд ташриф меоранд. Инчунин, дар хизмати онҳо 101 меҳмонхона, 121 тарабхона, 58 чойхона, 69 мағозаи фурӯши армуғонҳои миллӣ, 20 маркази иттилоотии сайёҳӣ қарор доранд.
Чуноне мушоҳида мегардад, сол ба сол теъдоди сайёҳоне, ки ба вилоят меоянд, меафзояд. Аз ҷумла, соли гузашта ба ин ҷо 263 ҳазору 261 нафар сайёҳ омадааст, ки 22 ҳазору 358 нафари онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Анвар ҲАФИЗ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2020    №: 26    Мутолиа карданд: 2742
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед