logo

маориф

МАОРИФ. АЗ ТАШАККУЛИ ҶАҲОНБИНӢ ТО ҲИССИ МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ

Бебаҳотарин сарвати Тоҷикистон ин неруҳои зеҳнию ақлӣ, яъне аҳли зиё, аҳли маърифату эҷодаш аст, ки чун ворисони арзандаи аҷдодонамон дар рушди тамаддуни башарӣ саҳм мегиранд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, маблағгузории ин соҳаро аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд мекунад.
Ҳанӯз, 28 августи соли 1995 дар машварати ҷумҳуриявии фаъолони маорифи мамлакат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: «Бо соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон ва ба миён омадани ниёзи ҷиддӣ барои дарёфти роҳу мароми мустақили ҷумҳуриамон ба сӯи ояндаи мутамаддин вақташ расидааст, ки мо низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифамонро дар заминаи ҳамон сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва равонии халқамон ва педагогикаи миллӣ бо назардошти имконоту тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем. Албатта, фаҳмост, ки барои расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, бояд заминаҳои моддию техникии таълимӣ, аз қабили компютерҳо, асбобҳои ҳозиразамони аёнӣ, воситаҳои техникӣ ва таҷрибавӣ дошта бошем. Вале ман бовар дорам, ки баробари рӯ ба беҳбудӣ овардани вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ ин масъалаҳо тадриҷан ҳалли худро меёбанд».
Вобаста ба ин дастур ва раҳнамоӣ, инчунин, дастгирию ғамхорӣ ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф, ба пешравию беҳбудӣ ноил гардид. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тавсеаи ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон тамоми шароитҳо давра ба давра муҳайё мегарданд.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 - ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд.
Дар ҳақиқат, илм собит кардааст, ки омӯзиши фанҳои дақиқ ба рӯҳияи хонандагон таъсиргузор буда, зеҳни шахсро такмил дода, барои рафъи изтироб, баланд бардоштани қобилияти дақиқкорӣ ва пешгирии парешонфикрию афсурдаҳолӣ мусоидат менамояд. Пайваста машғул шудан ба илмҳои дақиқу риёзӣ худбоварии шахсро меафзояд, зеро ҳалли масоили мураккаби риёзӣ қатъият ва талоши зиёдро хостор мебошад.
Аз роҳнамоии Сарвари давлат бармеояд, ки омӯзиши илми риёзӣ ва фанҳои дақиқ ба насли наврас маҳорати аз рӯи мантиқ ва қонунҳои физикӣ амал карданро меомӯзонад ва барои ташаккули ҷаҳонбинии озоду мустақили онҳо мусоидат намуда, ҳисси масъулиятшиносии шахсро боло мебарад.
Бинобар ин, мо - устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва, дар маҷмӯъ, тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф  уҳдадорем, ки бо донишҳои муосири илмиву техникӣ пешниҳоду дастури Пешвои муаззами миллатро дар заминаи илмӣ якҷоя бо падару модарон ва аҳли ҷомеа дар амал татбиқ намоем.

Одинашоҳ ВАЛИЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.02.2020    №: 33    Мутолиа карданд: 2651
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед