logo

фармонҳои президент

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 14 феврали соли 2020, № 1454

ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ           
10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара таваллуд ёфтааст, миллаташ тоҷик. Соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд, соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст. Ихтисосаш муҳандис - заминсоз, менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ, номзади илмҳои иқтисод. Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ (бо луғат).
Фаъолияти меҳнатиаш ҳамчун коргар дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара (солҳои 1978 – 1980) оғоз ёфтааст. Солҳои 1980 – 1982 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС, шаҳрҳои Қазон ва Перми  Россия хизмат кардааст, солҳои 1982 – 1987 донишҷӯи Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошканд, солҳои 1987 – 1989 сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод, 1989 – 1993 раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара, 1993 – 1995 раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, 1995 – 2000  муовини вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2000 – 2001 раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2001 – 2006 раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006 – 2008 директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2008 – 2010 муовини раиси вилояти Суғд, 2010 – 2013 раиси шаҳри Турсунзода, 2013 – 2019 раиси вилояти Хатлон, аз 14 январи соли 2019 то 14 феврали соли 2020 раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 14 январи соли 2020 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Оиладор. Соли 2006 бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гаштааст. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон буд. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.02.2020    №: 35    Мутолиа карданд: 1103
11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед