logo

туризм

САЙЁҲӢ. БА МУТАХАССИСОНИ БАЛАНДИХТИСОС НИЁЗ ДОРЕМ!

Тайи ду соли охир соҳаи сайёҳии кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, вуруди сайёҳон бамаротиб беш аз пеш меафзояд. Дар ин раванд, талабот ба мутахассисони баландихтисоси соҳа бештар мегардад, зеро ба андешаи таҳлилгарон, барои хизматрасонии 1 миллион сайёҳ қариб 10 ҳазор мутахассиси соҳаҳои гуногун лозим аст.

Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ айни ҳол дар 14 муассисаи олии таълимии ҷумҳурӣ аз рӯи 16 ихтисоси соҳаи сайёҳӣ донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, кумита дар доираи татбиқи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони субъектҳои хоҷагидор ва муассисаҳои таълимие, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода менамоянд, мунтазам курсҳои омӯзишӣ  ташкил менамояд.

CИФАТИ ТАЪЛИМ БА ТАЛАБОТИ БОЗОР ҶАВОБГӮ НЕСТ!
Фаридун Ҳамроев, менеҷери ширкати сайёҳии “Панҷакент-интур”, мегӯяд, ки базаи илмии донишгоҳу донишкадаҳое, ки  дорои ихтисосҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мебошанд, сустанд, аз ин лиҳоз  сатҳи дониши хатмкардагони ин муассисаҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ нест. Гузашта аз ин, асарҳои илмиву тадқиқотии мутахассисон, ки ба масоили рушди соҳаи сайёҳии кишвар бахшида шуда бошанд, кам ба назар мерасанд. Ҳамчунин, барномаҳои таълимии макотиби олӣ (бо назардошти стандартҳои байналмилалӣ) таҷдиди назар мехоҳанд.
Устоди Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Фазлиддин Қодиров вобаста ба ин масъала иброз медорад, ки дар шароити имрӯза ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ аз корманд фарҳанги нави меҳнат ва маҳорати сари вақт дарк намудани таҳаввулотҳо дар соҳаро талаб менамоянд. Зеро ин омилҳо ба афзоиши ҳаҷми даромади ширкатҳо мусоидат хоҳад кард. Ба ин хотир, макотиби олии соҳа бояд ин хусусиятҳоро ба инобат гирифта, мутахассисонро тибқи талаботи бозори меҳнати сайёҳӣ омода созанд.

РОҲБАЛАД КАДРИ АСОСӢ МЕБОШАД
Мавриди зикр аст, ки яке аз талаботи хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ин тайёр намудани роҳбаладҳои донандаи забонҳои хориҷӣ  мебошад. Ба андешаи мутахассисони соҳа алҳол дар ҷумҳурӣ чунин кадрҳо ангуштшуморанд. 
Қайд кардан зарур аст, ки барои мутахассиси соҳаи туризм, махсусан роҳбаладҳо, донистани на кам аз ду забони хориҷӣ ҳатмист. Чуноне роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ таъкид мекунанд, дар баъзе намудҳои туризм, бавижа намудҳои экстремалӣ, мо қариб ки роҳбалад надорем. Пас барои омода намудани роҳбаладони забондон ва дар айни ҳол касбӣ ҳарчи зудтар бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

ҲАМКОРИҲО ГУСТАРИШ МЕХОҲАНД
Дар ин раванд, барои беҳтар намудани сатҳи дониши кормандони соҳа ташкили конфронсҳо ва ҷудо кардани маблағҳо ба шахсоне, ки дар ин самт корҳои илмию тадқиқотӣ мебаранд, зарур аст. Тақвияти робитаҳои тарафайни ширкатҳои туристӣ ва меҳмонхонаҳо бо макотиби олӣ, баргузории курсҳои кӯтоҳмуддат дар муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, омӯхтани таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва ташкили бозомӯзии мутахассисони ҷавон дар ширкатҳои бонуфузи сайёҳӣ аз омилҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

ПАЁМ: ДОНИШКАДАИ САЙЁҲӢ, СОҲИБКОРӢ ВА ХИЗМАТ ТАЪСИС ДОДА ШАВАД
Ба ин нукта низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ таваҷҷуҳ намуда, зикр карданд, ки бо мақсади рақобатпазир гардондани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем. Рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, ташрифи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад. Маҳз ба хотири ин омилҳо, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шавад.

Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.03.2020    №: 45    Мутолиа карданд: 2212
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед