logo

номаҳо

"НАВРӮЗНОМА" - И ПЕШВОИ МИЛЛАТ НАШР ГАРДАД

Мусаллам аст, ки пас  аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, хоса шурӯъ аз соли 1993-юм дар кишварамон Наврӯз бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Ҳамасола дар ин ҷашни муқаддаси ниёгонамон суханронӣ мекунанд. Муҳтавои ин суханрониҳо асолати Наврӯзро бештару беҳтар бароямон ошно месозад. Ҳамзамон, зимни ин суханрониҳо Сарвари давлат дастуру маслиҳатҳои судбахш медиҳанд, ки иҷрои онҳо барои худшиносӣ, боло рафтани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа ва ободонию шукуфоии Тоҷикистони азиз мебошад.
Мавриди зикри махсус аст, ки пештар ҳеҷ як сарвари вақти давлат бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса Наврӯзро истиқбол намекард ва моҳияти онро ба мардум намегуфт. Дар ин чанд сол бо ташаббуси бевоситаашон дар ин ҷашн, аз ҷумла ба пирон, маъюбон, ниёзмандон, камбизоатон, ёрии моддӣ мерасонанд, хатнасури фарзандони онҳоро баргузор мекунанд.
Мурод аз ин навиштаҳо он аст, ки  хуб мешуд, матни тамоми суханрониҳои Пешвои миллат ба муносибати таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар шакли китоби алоҳида нашр ва ба хонандагон дастрас гардад. Аз онҳо мо беҳтарину асоситарин маълумотро дар бораи Наврӯз пайдо карда метавонем. Чунин як китоб ба яқин, дар шинохти асолати ин ҷашн беҳтарин васила маҳсуб меёбад.
Бояд ин нуктаро ҳам махсус таъкид намоям, ки забони матни ин суханрониҳо басо ширину фаҳмову равон мебошанд ва барои даркаш ба ҳеҷ мушкил рӯ ба рӯ намешавем.

Зулфия САФАРОВА, донишҷӯи коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба
номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2020    №: 61    Мутолиа карданд: 2047
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед