logo

номаҳо

"ҶУМҲУРИЯТ" НАШРИЯИ БЕҲТАРИН АСТ! НОМАИ ШОДБОШИИ ЯК ХОНАНДАИ РӮЗНОМА

Тамоми кормандон ва мухлисони рӯзномаи маҳбубамон – «Ҷумҳурият» - ро ба муносибати «Нашрияи сол» эътироф шуданаш самимона табрик мегӯям.
Ҳанӯз соли 2017, вақте ғолиби рубрикаи «Интеллект» гашта, ба идораи рӯзнома омада будам, дар мулоқот бо сармуҳаррири он Қурбоналӣ Раҳмонзода гуфтам, ки «Ҷум-ҳурият» нашрияи беҳтарин аст ва инро бояд эътироф кард. Қ. Раҳмонзода, ки табиатан марди фурӯтананд, гуфтанд, ки ҳама талоши мо баҳри мувофиқ ба завқи хонандагон омода намудани мавод аст ва ба кори мо танҳо хонанда баҳо дода метавонад. Ва мебинем, ки имрӯз кӯшишҳои кормандони рӯзнома самар оварданду «Ҷумҳурият» нашрияи сол эълон шуд.
Боиси хушнудии мо аст, ки «Ҷумҳурият» саршори навгониҳост. Имсол низ рубрикаи «Интеллект» ба «Интеллект +» табдили ном карда, рубрикаи нав бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таъсис ёфт. Рӯзнома бо ин иқдомаш мардумро ба китобхонӣ ташвиқ намуда, дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бориз мегузорад.
Гузашта аз ин, маводи рӯзнома, ки гуногунмавзӯву хонданбобанд масоили мубрами рӯзро бозгӯ буда, рӯзномаи маҳбубро миёни алоқамандонаш боз ҳам дӯстдоштанӣ мегардонад.
Бори дигар аҳли қалами рӯзномаро ба муносибати 95 - солагии ин нашрияи бонуфузи кишвар, ки ҳамсоли Тоҷикистон асту пири матбуоти тоҷик ва ҳамчунин «Нашрияи  сол»  эълон  шуданаш  шодбош мегӯям. Мо ҳар шумораи «Ҷумҳурият»-ро бесаброна интизорӣ мекашем ва барои боз ҳам ҷолибтар намудани он ба кормандон завқи саршор таманно менамоем.

Абдукабир ЗУБАЙДУЛЛОЕВ,
сокини ноҳияи Айнӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.03.2020    №: 61    Мутолиа карданд: 2224
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед