logo

мулоқотҳо

Ҳар ду ҷониб хоҳони густариши муносибатҳоянд

1 марти соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали  раиси  Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои  Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

“Тоҷикистон ба рушди  муносибатҳои  худ бо Федератсияи Русия, ки ҷавобгӯи имконоти васеъ ва манфиатҳои дуҷонибаи  давлатҳо  мебошад,  аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад”, - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. “Афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии ду давлат  ба андозаи се баробар дар давоми  ҳафт соли охир шаҳодати воқеии рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия дар асоси  ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба ҳисоб меравад”.
Муовини аввали  раиси  Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов  дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии самимӣ ва саҳми муносиб доштан дар раванди  рушди бемайлони  муносибатҳои Тоҷикистону Русия изҳори сипосу миннатдорӣ кард.
Дар мулоқот масоили омодагии муштараки давлатҳои аъзои иттиҳод ба таҷлили ҷашни 65- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Конфронси байналмилалии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба  рушди илму иноватсия  баррасӣ гардиданд.
Мусоҳибон инчунин масоили рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи  нафту гази табиӣ   дар ҳудуди Тоҷикистон, нақлиёт, бозори меҳнат, кишоварзӣ, илму техника, маориф  ва   фарҳанг мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1279
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед