logo

паёмҳо

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонон, шаҳри Душанбе, 22 майи соли 2020

Ҷавонони азиз!
Ҳамаи шумо – неруи ободгари имрӯзи кишвари соҳибистиқлоламон ва созандагони ояндаи ободу осудаи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони мамлакат самимона табрик мегӯям.
Бо дарназардошти он ки ҷавонон неруи бузурги ҷомеа мебошанд, мо илова ба мақоми ваколатдор доир ба пешбурди сиёсати давлат оид ба ҷавонон боз Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем. Яъне, мо ба ҳаллу фасли масоили марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, такмили боз ҳам бештари заминаи ҳуқуқии соҳа ва муҳайё кардани шароити мусоид барои онҳо дар ҳамаи арсаҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳем.
Қобили зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлати Тоҷикистон қарор дошта, мо то имрӯз ҳар як ибтикори созандаи ҷавононро дастгирӣ менамоем ва фаъолияти ватандӯстонаву босамари онҳоро ҳамеша қадр мекунем.
Ҳоло мо метавонем дилпурона изҳор дорем, ки ҷавонони кишвар низ бо истифода аз шароити барои онҳо фароҳамовардаи давлат ва Ҳукумати мамлакат вазифаҳои худро бо масъулияти баланд дар назди ҷомеа иҷро менамоянд ва ҳамчун насли ташаббускору ояндасоз дар саросари мамлакат ба корҳои бунёдгаронаву созанда машғул мебошанд. Имрӯз фаъолияти онҳо миёни аҳли ҷомеа торафт тақвият ёфта, ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат иштироки фаъолона доранд. Ҷавонони мо тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон бо кору рафтори худ собит месозанд.
Мо ифтихор дорем, ки ҷавонони кишвар бо асри нав ҳамқадам буда, талаботи замонаи пешрафтро хуб дарк мекунанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохили кишвар ва хориҷ аз он илму дониш меомӯзанд, ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ машғуланд, дар раванди ободонии Ватан ва дар бунёди иншооти бузург, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун», саҳми назаррас мегузоранд.
Ҷавонони далеру ғаюри мо дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ сарбаландона ва содиқона хизмат карда, дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ нақши бузург доранд.
Ҷавонон, инчунин, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат мебошад, саҳми басо назаррас доранд.
Бо бунёду ба истифода супоридани иншооти замонавии варзиш, ки бо шарофати онҳо имкони ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба машқу тамрин бамаротиб беҳтар гардидааст, солҳои охир сафи варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои намоён шудаанд, ду баробар афзоиш ёфтааст.
Эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ иқдоми навбатии мо барои дастгирии наврасон ва ҷавонон аст. Дар доираи он ҳар як ҷавони илмдӯст метавонад рӯ ба омӯзиши ҷиддии ин илмҳои ҳаётан муҳим оварад ва дар рушди минбаъдаи кишвар ҳиссаи босазои худро гузорад, зеро ояндаи Тоҷикистон ба амиқ аз худ кардани ин илмҳо сахт алоқаманд мебошад.
Имрӯзҳо лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030» ва Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия гардида истодаанд, ки бо қабули санадҳои мазкур фаъолияти ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам беҳтар ба танзим дароварда мешавад.
Бо шуғли доимӣ таъмин кардани ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мебошад. Дар ин самт мо бояд тадбирҳои иловагӣ андешида, фоизи қувваи кориро аз ҳисоби ҷавонон боз ҳам баланд бардорем.
Доир ба ин масъала ман дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳоеро, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардам, ки дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки дар ин самт бояд, пеш аз ҳама, худи ҷавонон бо истифода аз қобилият ва донишу малакаи хеш ташаббускору фаъол бошанд.
Бо мақсади рушди деҳот ва дастгирии аҳолии он, ки аксарияти сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавононро ташкил менамоянд, мо солҳои 2019 – 2021 -ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардем.
Дар татбиқи ин ҳадафи Ҳукумат бояд аъзои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ, занон ва оила, сохтору мақомоти марказиву маҳаллии давлатӣ, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд ҳарчи бештар фаъол бошанд. Бахусус, раисони шӯроҳои маҳаллии кор бо ҷавононро зарур аст, ки фаъолияташонро дар самти бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои соҳибкорӣ, марказҳои нави касбомӯзӣ ва ҳунармандӣ ба таври ҷиддӣ ҷоннок намоянд.
Бовар дорам, ки то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷавонони ватандӯсти мо дар бунёди ҳазорҳо иншооти истеҳсолӣ ва иҷтимоиву хизматрасонии банақшагирифташуда фаъолона ширкат карда, дар ободу зебо гардондани Тоҷикистони азизамон ва тақвияти иқтидори иқтисодии он саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар баробари иштироки фаъолона дар корҳои созанда ва бунёдкорона, ҷавонони моро зарур аст, ки ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ, рамзҳои давлатӣ, анъанаҳои неки халқи куҳанбунёди тоҷик эҳтироми хос зоҳир намоянд ва таърихи гузаштаи худро амиқ омӯхта, ба арзишҳои неку писандидаи ниёкони хеш арҷ гузоранд. Онҳо ҳамчун ворисони аҷдоди некноми мо бояд мероси моддиву маънавии халқамонро бо ҳисси баланди миллӣ омӯзанд, ҳифз кунанд ва онро ба оламиён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Дар шароити торафт мураккаб гардидани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вусъатёбии таҳдиду хатарҳои нав ба амнияти давлатҳо ва сокинони сайёра, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, паҳншавии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҷавонон бояд ҳушёру фаъол ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату халқи худ ҳамеша омода бошанд.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик аз уҳдаи иҷрои қарзи ватандорӣ ва фарзандии худ сарбаландона мебароянд, арзишҳои миллиро ҳифз мекунанд, амнияту оромии Ватани азизамонро шабу рӯз ҳимоя менамоянд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба хотири рушди Тоҷикистони биҳиштосоямон минбаъд низ саъю талош мекунанд.
Бори дигар тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо тандурустӣ ва дар кору фаъолияти созандаашон иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак, ҷавонони ояндасози Тоҷикистон!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.05.2020    №: 97    Мутолиа карданд: 1459
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед