logo

фарҳанг

"ШОМЕ ДАР КИТОБХОНА"

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо раёсати  кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе  маҳфили адибони ҷавони навқаламу эҷодкорро таъсис додааст, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе таҳти унвони «Шоме дар китобхона»  бо ҷалби ҷавонону наврасони соҳибистеъдод,  баргузор  мешавад. 
Мақсад аз ташкили чунин озмунҳо баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат мебошад.
- Озмун аз чор давр  ва панҷ номинатсия иборат буда, аз моҳи феврал то моҳи декабри  соли  2020 идома меёбад. Даври якум моҳи апрел дар муассисаҳои  таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои  деҳот  ва  шаҳрак, даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри  Душанбе),  даври сеюм нимаи дуюми  моҳи сентябр  дар  маркази вилоятҳо  ва   шаҳри  Душанбе, даври чорум – ҷумҳуриявӣ   барои ғолибони даври  сеюм то 10 декабр, аз рӯи  номинатсияи адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ дар  Китобхонаи  миллии  Тоҷикистон   гузаронда мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба пурзӯр намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар китобхона масофаи иҷтимоӣ риоя гардида, иштирокдорони озмунро бо маводи зиддиуфунӣ безарар гардонда, аз санҷиш мегузаронанд, - гуфт Фариддун Азизов муовини сардори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Гулнисои САЪДОНШО,
 «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.07.2020    №: 138    Мутолиа карданд: 141
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед