logo

фарҳанг

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Муаррихи маъруф, устоди соҳибмактаб Мулло Эркаев  9 майи соли 1910 дар деҳаи Сайроби ноҳияи Бойсуни аморати Бухоро, дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст.

Мулло ном ниҳодани писар аз муҳаббати зиёди падару модар баҳри  дар оянда соҳиби донишу шахси муътабари ҷомеа гардидани фарзанд шаҳодат медиҳад. Падару модар сараввал Муллоро ба назди  муллои деҳа барои соҳиби хату савод шудан бурданд, чанд муддат он ҷо дарс гирифт. Вақте ки ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Миёна таъсис гардид, бародари угайи Мулло Алпомиш соли 1924 Муллоро ба  мактаби кӯдакони Душанбе овард. «Душанбе дар он солҳо симои як деҳаро дошт, аммо дар назарам басо зебо менамуд», - дар дафтари хотироташ нигоштааст устод Эркаев. Дониши хуб ва иштироки фаъолонаи ӯ дар корҳои ҷамъиятӣ сабаби ба сафи созмони комсомол дохил гардидан ва сардори комсомолҳои хонаи кӯдакон интихоб шуданаш  гашт.  Ҳамин тавр, соли 1927 соҳиби роҳхати идомаи таҳсил дар Донишкадаи муаллимтайёркунии тоҷик дар Тошканд гардид. Аз сабаби норасоии омӯзгорон  дар Тоҷикистон Мулло Эркаев пеш аз хатми донишкада ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Мулло ба касби омӯзгорӣ дар замони таҳсил дар мактаби кӯдакон муҳаббат пайдо намуда буд. Баробари фаъолияти омӯзгорӣ дар бахши ғоибонаи ихтисоси таърихи Донишкадаи омӯзгории  шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) донишҷӯ шуд. Бо назардошти дониши хубу лаёқати воло доштанаш Мулло Эркаевро дар донишкада ба кор гирифтанд. Соли 1941 бо таклифи мақомоти ҳизбию давлатӣ ба иҷрои корҳои сиёсии давлатдорӣ пайваст. Соли 1950 ба донишкада баргашта, то соли 1975 ба ҳайси мудири  кафедраи таърихи ИҶШС фаъолият намуд.
Бояд тазаккур дод, ки устод Мулло Эркаев зинаҳои баланди унвонҳои илмиро соҳиб буд. Соли 1963 Комиссияи аттестатсионии ИҶШС ба ӯ унвони профессорӣ дод. Рисолаи докториаш аз тарафи доварон (апонентон) дастоварди назаррас на фақат дар илми таърихшиносии тоҷик, балки умумииттифоқӣ шуморида шуд. Соли 1967 узви вобастаи Академияи илмҳои педагогии ИҶШС-ро соҳиб гардид.
Устод Мулло Эркаев муаллифи зиёда аз 170 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавист. Заҳмату талошҳои устод Мулло Эркаев дар роҳи таълиму тарбия ва  тадқиқотҳои арзишманди илмӣ бо нишон, орден ва унвонҳои фахрии «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945», «Нишони фахрӣ», «Байрақи Сурхи Меҳнат» (ду маротиба), Омӯзгори хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон қадр гардидааст.

Раҳматшо ДАВЛАТШОЕВ,
докторанти PhD-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.07.2020    №: 142    Мутолиа карданд: 227
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед