logo

туризм

САБРИСТОН. МАВЗЕИ ДИЛКАШИ САЙЁҲӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар Паёми навини хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ҳамзамон, таъкид карданд, ки мо бояд имкониятҳои бузурги соҳаи сайёҳии Ватани худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Дар баробари муаррифии таъриху фарҳанг, табиати биҳиштосо, набототу ҳайвонот, иқлим, чашмаҳои мусаффо ва обҳои шифобахшу меваҳои шаҳдбор, замоне расидааст, ки аз ҷанбаҳои иқтисодии соҳа васеъ истифода карда шавад.
Дар ин росто шаҳри бостонии Истаравшан дорои мероси ғании таърихию фарҳангӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ аст. Ҳоло барои рушди сайёҳии дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад, то бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда шумораи бештари сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри бостонии Истаравшан ҷалб гарданд. 
Сабристон яке аз мавзеъҳои муқаддас ва хушманзараи шаҳри Истаравшан ба ҳисоб рафта, дар деҳаи Ругунд ҷойгир аст. Бо дарахтони бузургҷуссаи 1200-1400-сола, ки ғафсиашон 5,5 - 8,5 ва баландиашон 40 - 50 метрро ташкил медиҳад, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Сабристонро «Савристон» низ меноманд. Ин унвон шояд ишора ба дарахти сарв бошад, зеро дар Эрон бутта ва дарахтони сарсабзро низ сабр меноманд. Тибқи маълумоти «Равзат-ус-сафо», шираи талхи гиёҳи сабр дар тиб ҳамчун дору ба кор меравад. Ривояте вуҷуд дорад, ки 11 саҳоба дар ҳамин мавзеъ дам гирифта, нохост ба таъқиб дучор гардидаанд. Дар ҳамин асно мехҳои чӯбин садди роҳи таъқибгарон шудаанд. Мехҳо бо гузашти айём чун муъҷиза сабзидаанд.
Қисми дигари Сабристонро бинои боҳашамати масҷид зеб медиҳад. Он 8-кунҷа буда, аз толори калони зебо ва айвони барҳавои ҷолиб иборат аст ва соли 1560 сохта шудааст. Барқарорсозии он ба солҳои 1823 -1881 ва 1902 -1905 рост меояд.  
Дар сақфи масҷид номи устоҳои наққош, чӯбкор, заргар, аз ҷумла Абдулазизи Наҷҷор, Мирзоҳусейни Наққош, Муҳаммадназар валади Муҳаммад Юсуфи Наҷҷор, Мубаширкор Мирфайз ибни Мирносир, сабт ёфтаанд. Сарварии ҷараёни сохтмонро Шамсии Мутавалӣ ба уҳда доштааст. Ҳунарманди наврас Абдуқодири Наҷҷор низ ҳамроҳи устодонаш дар ороиши масҷид иштирок намудааст. Барҳақ, шоири закитабъ Зуфархон Ҷавҳарӣ Абдулқодири Наҷҷорро, ки дар Самарқанду Бухоро чун устои мумтоз шуҳрат ёфта буд, «Ҳунарвари замон» номидааст.
Дар паҳлуи чапи масҷид мазоре воқеъ аст, ки дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ мазори Хоҷа Шаҳидон зикр шуда, соли 1895 номи Шайх Рӯҳиддин ва сипас номи Сабристонро гирифтааст.
Хоҷа Шаҳидон, Хоҷа Мӯйсафед, Хоҷа Ғолибон, Шайх Рӯҳиддин -табибу олим ва донишмандон чун бузургони Сабристон ёд мешаванд.
Дар ин мавзеъ қабри яке аз шахсиятҳои барҷаста Шайх Муҳаммад Шариф қарор дорад. Ӯ таърихи азизону бузургони Сабристонро хеле хуб медонистааст. Ёддошт ва хотираҳои дар бораи Сабристон навиштаи ӯ солҳои 30-юми асри гузашта нобуд гардидаанд. Дар ин мавзеи таърихӣ, инчунин, оромгоҳи набераи яке аз чаҳор ёри босафо Абубакри Сиддиқ – Хоҷа Мирфозили Камарбандӣ мавҷуд буда, алҳол қадамҷои ниёзмандон гардидааст. Дар шафати оромгоҳ Чилзина ҷой гирифтааст. Дар гузашта онҳое, ки ба бемориҳои тарсу биму ларзонак гирифтор мешуданд, дар ин ҷо дармону наҷот металабиданд.
Маҷмааи ёдгории таърихӣ – меъмории Сабристон то ҳанӯз чун зиёратгоҳи азизону бузургон боқӣ монда, боиси ифтихор аз таърихи ҳазорсолаи миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷик гардидааст.
- Садҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус аз Ҷумҳурии Корея, Зеландияи Нав, Австралия, Шветсия, Федератсияи Россия, Финляндия, Туркия, Туркманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, аз ин ҷои муқаддас дидан намудаанд, - гуфт зимни суҳбат кишваршинос, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротбой Ҷумъаев.

Саъдуллои САЙФУЛЛО, шаҳри Истаравшан
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 915
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед