logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

«РӮЗИ ДОНИШ»
Саволҳо
1.  Оинаи ҳар як талаба.
2.  Гавҳар, марворид.
3.  Чизе, ки дар ҷаҳон зиёда аз 7 ҳазор намуд мешавад.
4.  Қоидаҳо барои ба тартиб даровардани чизе ё коре.
5.  Як навъи ҳуҷҷате, ки расмӣ ва ғайрирасмӣ мешавад.
6.  Шахсе, ки дар минбар вазъ мегӯяд.
7.  Тартиб, суханҳои манзум.
8.  Оҳу, оҳубарра.
9.  Ҳиссиёте, ки  ба воситаи он инсон бӯйро ҳис мекунад.

ҶАВОБ БА «САВОЛҲО» АЗ 21 АВГУСТИ СОЛИ 2020
1. Шоҳрух; 2. «Дон Кихот»; 3. Шахсе, ки худро ба хоб андохтааст;
4. Фаросат; 5. «Маъбади Нилуфар».

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Салима баъди чанде «аз наҳорихӯрӣ дер намонед, амакӣ!» гуфту бо табъи хуш баромада рафт. Либосҳои бо азоб шустаамро низ бо худ бурд. Салима рафту ҳамаи фикрҳои бади рӯзҳои охир дар бораи ӯ пайдошуда аз дилам парида рафтанд. Хушмуомилагии ҳозирааш диламро мулоим кард. Ҳатто Худоро зорӣ кардам, ки маро барои дар ҳаққи келинам бадандешӣ карданам бубахшад.

* * *
Ба кӯят як қадам раҳ буд, аммо бо ҳазорон бим,
Чӣ раҳҳое дилам паймуд, чашмони ту медонад.
Ба дидорат агар дер омадам, тақсири тақдир аст,
Валекин аз чӣ рафтам зуд, чашмони ту медонад.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 21 АВГУСТИ СОЛИ 2020:
Антуан де Сент – Экзюпери    Гулназар Келдӣ

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДУ ГИРЯИ РОССИНИ
Россини, ки дар дунё ҳамчун оҳангсоз машҳур аст, бо ҳунари ошпазии худ низ ном бароварда буд. Боре дар доираи дӯстон иқрор мешавад, ки дар зиндагӣ ҳамагӣ ду бор гиристааст: бори аввал аз  нолаи ғижаки Паганини, ки воқеан риққатовар буд. Бори дувум бошад, вақте табақи макаронпалови пухтаи худро ногаҳон аз даст ба замин меафтонад, аз алам мегиряд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


КОСТЮМИ КРИСТОФЕР РИВ
Ҳунарманди театру кино, коргардон ва сенариянавис - Кристофер Рив, соли 1978 бори аввал дар филми «Супермен» нақши асосиро офарида, хеле машҳур гардид. Баъдан боз дар чандин филми дигар нақшҳои диданӣ офарид. Аммо миёни мардум маҳз бо филми «Супермен» - аш  машҳур гашт. Дар ёди тамошогарон ӯ бо либоси махсусаш нақш мебандад.
Маҳбубияти зиёди мардум ба ин нақш буд, ки  соли 2017 костюми суперменро ба музояда бароварданд. Костюм дар хона - музоядаи Нейт Сандерса 26 январи ҳамон сол бо арзиши 40 000 доллари ИМА ба фурӯш бароварда шуда, ҳамон лаҳза харидори худро пайдо кард.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ДАЛЕЛИ ИЛМӢ: ПУЛ ХУШБАХТӢ МЕОРАД
Олимон борҳо исбот кардаанд, ки сарватмандию солимӣ беҳ аст аз ниёзмандию нодорӣ. Мақоли машҳури "Хушбахтиро ба пул харида намешавад" тадриҷан аҳамияти худро гум мекунад. Равоншиносони Донишгоҳи Сан - Диего бо роҳбарии Жан Твенге (профессори психология) бо гузарондани таҷрибаҳои зиёди илмӣ ин хулосаро бори дигар собит намуданд.
Онҳо нахуст ба тадқиқоти ҳамкоронашон, ки аз соли 1972 дар ИМА гузаронда мешавад, рӯй оварданд. Натиҷаҳоро таҳлил карда, таносуби даромад ва хушбахтиро муайян карданд ва ҷадвалҳои мувофиқ тартиб доданд. Маълум гардид, ки тӯли “давраи ҳисоботӣ” - тақрибан 50 сол ҳисси хушбахтӣ аз даромад устуворона афзудааст, яъне ҳар қадар одамон бештар даромад ба даст овардаанд, ҳамон андоза худро хушбахттар эҳсос кардаанд.
Таҳияи Қ. ШАҲНОЗ


САРБАНДЕ, КИ БА МЕҲВАРИ ЗАМИН ТАҲДИД МЕКУНАД
Сарбанди азиме, ки бо номи «Дар шафати се дара» дар Чин сохта мешавад, аз ҳама бузургтарин лоиҳаи гидроэнергетикӣ дар олам ба ҳисоб меравад. Вай бояд сатҳи оби дарёи калонтарини Осиё - Янтсзиро ба 300 метр боло бардорад. Аз минтақаи обанбор аллакай 1,3 миллион шаҳрванд кӯчонда шуд, зеро дарозии обанбор ба 660 километр мерасад ва шаҳру деҳаҳои зиёд зери об мемонанд. Экспертҳо пешакӣ огоҳ менамоянд: «Агар об сарбанди дарозиаш 2,5 километр ва баландиаш 180 метрро пора намояд, аз фишори сели шадид мумкин аст, ки Замин бо сабаби тағйир ёфтани хамии кунҷ мувозинатро гум карда аз меҳвараш барояд». 
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
АФСАРИ АРТИШ ВАРАҚИ ФАРМОНРО ДАР ТАМОКУДОН ФАРОМӮШ КАРД
Пешгӯӣ кардан имкон надошт, ки ҷанги граждании Шимолу Ҷануб дар ИМА бо ғалабаи кадоме аз ҷонибҳо анҷом меёбад, агар генерал Дэниэл Ҳарви Ҳилл хатои аблаҳонае намекард.
Воқеият ин аст, ки ҳангоми дар Мэриленд қарор доштанаш, Ҳарви Ҳилл аз сарфармондеҳи қувваҳои Ҷануб генерал Роберт Ли фармони № 191– нақшаи ҳуҷуми конфедераторҳоро дастрас мекунад, ки дар он тамоми ҷузъиёти ҳуҷуми душман кушоду равшан нишон дода шуда буд. Ҳарви Ҳилл фармонро хонда, аз рӯи одати баде, ки дошт, варақро болои тамокудон мегузорад ва барои оромии асаб сигореро дуд монда, чор тараф қадам мезанад…
Пас аз ду рӯз, ки қувваҳои Ҷануб ин мавзеъро тарк мекунанд, сарбозони Шимол, аниқтараш капрали артиши ҷумҳурихоҳон Бартон Митчелл, варақи фармонро аз зери шохи дарахте ёфта, рост ба фармондеҳони худ мебарад.
Тавре шоҳидони ҳол нақл мекунанд, фармондеҳи артиши Потомак Ҷорҷ Маккелан баъди хондани фармон бо тамоми овоз дод мезанад: «Агар ман бо ҳамин варақ башараи хунуки генерал Лиро тоза накунам, метавонед маро шармандавор аз артиш бадарға кунед».
Ҳамин тавр ҳам шуд. Муҳорибаи назди Энтитем, ки бо шарофати фармони № 191 бо ғалабаи ҷумҳурихоҳон анҷом ёфт, дар таърихи Амрико ҳамчун хунхортарин ҷанги якрӯза сабт шуд.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


Фоҷиаи зиндагӣ дар он аст, ки мо хеле зуд пир мешавему  ниҳоят дер оқил.
Бенҷамин ФРАНКЛИН
Таҳияи Нигина РАҲМОН


БЕРТА ФОН ЗУТНЕР НАХУСТИН БАРАНДАИ ҶОИЗАИ СУЛҲИ НОБЕЛ
Соли 1889 Берта фон Зутнер бо номи «Нест бод силоҳ»!, («Die Waffen nieder!») асаре нашр намуд. Китоб аз тақдири зани ҷавоне нақл мекард, ки сарнавишти талхи давраи ҷангҳои аврупоии солҳои 60 – уми асри XIX - ро паси сар кардааст.
Ин як эътирози шадид бар зидди  ҷанг буд. Аниқтараш нуқтаи назари як зан, модар ва сарвари оилае, ки аз даҳшати ин амали хонумонсӯз азобу уқубати зиёде кашидааст.
Асар ба Берта шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Китобро Нобел мутолиа карда, бо Берта тамос мегирад ва ба ӯ ваъда медиҳад, ки ҷоизаи нав – Ҷоизаи сулҳро бахшида ба номи ӯ таъсис хоҳад дод. Ҳамин тавр Берта фон Зутнер аввалин барандаи ҷоиза дар ин номинатсия ва дувумин зан дар таърих мебошад, ки сазовори чунин мукофоти олӣ гаштааст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ВИКИПЕДИЯ
«Википедия барномаи вижаест ба монанди як китобхона ё парки ҳамагонию маъбади зеҳнӣ. Ҷое, ки ҳамагӣ метавонем ба он дастрасӣ дошта бошем, ҷое, ки биандешем, биёмӯзем ва донишамонро ба иштирок гузорем».  Ин сатрҳо мутааллиқ ба Ҷимми Уэйлс,  яке аз бунёдгузорони Википедия, мебошад.
Википедия рушди сарее дошта, бузургтарин донишнома бо беш аз 80 миллион боздидкунанда дар як моҳ аст. Беш аз 90 000 корбари фаъол дорад, ки бар рӯйи беш аз 18 000 000 мақола бо 270 забон кор мекунанд. Дар Википедияи тоҷикӣ беш аз 100 000 мақола вуҷуд дораду ҳар рӯз ҳазорон корбар аз он истифода мебаранд.
Аз роҳандозии Википедия қариб 20 сол сипарӣ мешавад. Он соли 2001 таъсис шудааст.
Таҳияи Исроил ИБРОҲИМОВ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон


16 ШАБОНАРӮЗ ДАР ЗЕРИ ХАРОБАИ БИНО
Фурӯшандаи 19 - солаи шаҳри Сеул Сунг  Юн  Парк дар зери харобаҳои мағозааш 16 шабонарӯзи тӯлониро паси сар кард. Вақте ки ӯро наҷот доданд, базӯр нафас мекашид. Вай дар ин муддат дар байни деворҳои бетонӣ хазида, бо марг даст ба гиребон буд. Баъди наҷот ёфтанаш, дар бораи рӯзу шабони гузарондааш чунин гуфт: «Ман пайпоқамро ба оби зардчаи аз байни плитаҳои бетонӣ заҳида баромада тар карда ба сар, сипас ба баданам мемолидам, вале боре ҳам аз он об нанӯшидам. Дилам накашид. Маҳбусӣ дар зери вайронаҳо ба муддати 377 соат аз сангинтарин лаҳзаҳои умри ман буд».
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


АЗ КОРОНАВИРУС ЯК ҚАДАМ ПЕШ
Ба иттилои «La Razon» олимони Институти тибби молекулярии Лиссабон ниқоби аз коронавирус ҳифзсози навро ихтироъ намуданд. Ниқоби мазкур на танҳо монеи ба организми инсон воридшавии вирус мегардад, балки онро маҳв ҳам месозад.
Дар давоми озмоиш маълум гардид, ки 99 дарсади молекулаҳои коронавируси ба ниқоб афтида, пас аз як соат хусусияташонро гум мекунанд.
Бартарии ниқоб боз дар он аст, ки онро камаш 50 маротиба истифода намудан имкон дорад.
Таҳияи Умар АЛӢ


ТЕАТР
ИН БОР РУСТАНИҲО БА ҲАЙСИ ТАМОШОГАР
Дар театри муҳташами «Лисео»-и Барселона баъд аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии кишвар, барномаи махсуси консертӣ баргузор гашт. Дар он рустаниҳо ба ҳайси тамошогар дар толор ҷой дода шуданд.
2 ҳазору 292 тутанҷир, нахл ва изғиҷ дар қуттиҳо курсии тамошогаронро пур карда, толорро шукӯҳ бахшиданд. Ва дар саҳнае, ки аз миёнаи моҳи март холӣ буд, бо навои созҳои торнок мусиқии «Крисантеми»-и Ҷакомо Пуччини танинандоз гашт.
Ин идеяро рассом Эуджинио Ампудия дар вақти карантин фикр кард. Барнома мардумро як бори дигар ба андеша бурда, талқин бар он мекард, ки бо табиат муносибати ғамхорона дошта бошанд.
Консерт, ҳамчунин, тариқи онлайн аз веб – сайти театр намоиш дода шуд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ИХТИРООТИ ЗАНОНАЕРО, КИ МАРДОН ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Мегӯянд, ки дудбарои автомобилро соли 1917 бону Эл Долорес Ҷонс ихтироъ намудааст. Ба шарофати ӯ дунё як каме ором гашт, охир нахуставтомобилҳо ғурроси даҳшатноке мебароварданд. Шояд хонум Ҷонсро он хеле хашмгин мекард. Бинобар ин, ӯ тасмим гирифт васоити нақлиётеро, ки  ҳаддулаксар мардҳо идора мекунанд, такмил диҳад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


ҲИЛА АЗ НОИЛОҶӢ
Боре ба олими номии франсуз Ҷозеф Гай - Люссак барои таҷрибагузаронӣ найчаҳои шишагии немисӣ зарур шуданд. Бинобар ин, ба масъулон муроҷиат намуда, барои ворид сохтани онҳо аз Олмон кумак хост, вале дар сарҳад андози гумрукиро чунон баланд гузоштанд, ки олими бечора ноилоҷ аз фармоишаш даст кашид.
Донишманди саршиноси олмонӣ Александр Гумболдт ин хабарро шунида, мушкили дӯсташро ба таври ғайриодӣ ҳал мекунад. Ӯ миқдори зарурии найчаҳоро харида, сӯрохии ҳар ду ҷониби онҳоро бо коғазу ширеш маҳкам мекунад ва пеш аз ирсол намудан, болои қуттӣ чунин менависад:
«Эҳтиёт кунед! Даруни найчаҳо пур аз ҳавои немисӣ аст!».
Ҳамин тариқ, Ҷозеф бе пардохти иловагӣ найчаҳои худро дастрас мекунад, зеро дар сарҳад барои воридоти ҳаво андози гумрукӣ пешбинӣ нашуда буд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


БОЗ ДАР БОРАИ КОРОНАВИРУС
Ҷонатан Латэма ва Эллисон Уилсон, вирусшиносони машҳури Аврупо пайдоиши коронавируси SARS-CoV-2 - ро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки ин навъи вирус чанд сол муқаддам пайдо шудааст.  Ба гуфтаи пажӯҳишгарони COVID - 19 нахустин маротиба дар бадани конканҳои чинӣ ҳанӯз дар соли 2012 пайдо шуда буд, - хабар медиҳад The Sun.
Олимон дастнависи пизишкеро омӯхтанд, ки ба табобати конканҳои музофоти Юннан машғул будааст. Ин коргарон дар давоми ду ҳафта шахтаро аз партови кӯршабпаракҳо тоза кардаанд. Аҷибаш ин аст, ки дар дастнависҳои пизишки чинӣ ҳамаи аломатҳои COVID - 19 сабт шудаанд: илтиҳоби шуш, сулфаи хушк, дарди буғумҳо ва ҳарорати баланд.
Аз шаш шахтёре, ки ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст буданд, танҳо се нафарашон зинда монда, ташхиси онҳо ба озмоишгоҳи шаҳри Ухан фиристода шудааст. Он ҷо муайян кардаанд, ки коргарон ба коронавирус мубтало шудаанд. Олимон хулоса карданд, ки коронавируси навъи COVID - 19 эҳтимолан пештар пайдо шудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СУРЪАТИ РЕКОРДИИ ИНТЕРНЕТ 178 ТЕРАБИТ – СОНИЯ
Олимони бритониёӣ тавонистанд суръати интернетро то нишондоди рекордӣ баланд бардоранд. Дар ин бора сомонаи коллеҷи Донишгоҳи Лондон, ки мутахассисонаш ба ин муваффақият ноил шудаанд, хабар медиҳад.  Гуфта мешавад, ки рекордро гурӯҳи таҳқиқотӣ бо роҳбарии доктор Лидиа Галдино дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои Xtera ва KDDI Research гузоштанд. Нишондоди максималии суръати интернет, ки мутахассисон ба он муваффақ шуданд, 178 терабит - сония ё ин ки қариб 178 миллион мегабит – сонияро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи олимон, амалан бо ин суръат метавон ҳамаи китобҳои китобхонаи онлайн – кинотеатри Netflix – ро дар муддати  камтар аз як сония нусхабардорӣ кард. Суръати рекорди навгузошта аз нишондоде, ки мутахассисони ҷопонӣ ноил шуда буданд, 20 дарсад баланд аст.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


50 000 ДОЛЛАР БАРОИ ТАВАЛЛУДИ ПИСАР
Амороти Муттаҳидаи Араб ягона кишварест, ки барои таваллуди писар ба волидон 50 ҳазор доллари амрикоӣ кумакпулӣ медиҳад. Оилаҳое, ки фарзанди сеюми хешро ба дунё меоранд, қарзҳояшон бекор мешавад.
Ҳар оилаи ҷавон барои баргузории тӯйи арӯсиву домодӣ метавонад, аз давлат 19 ҳазор доллар кумакпулӣ гирад.
Ҳамчунин, оилаҳои ҷавон имкони гирифтани қарзи бефоиз ба муддати 30 солро доранд.
Агар сокини маҳаллии ин кишвар хона харида натавонад, давлат ба ӯ хона ва ду мошин ҳадия мекунад. Маблағи хизматгор, ронанда, доя ва боғбони оилаи камбизоатро давлат пардохт мекунад. Нафарони бекор ҳар моҳ ба маблағи 2 ҳазор доллар кумакпулӣ мегиранд.
Таҳияи Умар АЛӢ


ФАЛОКАТИ ЭКОЛОГӢ ДАР СУРИЯ
Ба вақти гузарондани ҳафриёт дар шимоли шарқии Сурия, бостоншиносони олмонӣ шаҳри Тел Байдарро ёфтанд, ки ба аҳди шумериҳо дахл дошта, 3000 сол пеш ба зери хок рафтааст. Ҳангоми кофтукоб ҳуҷҷатҳои хаттие ба даст омаданд, ки дар ҷаҳон аз ҳама қадимтаринанд. Дар 140 тахтачаи гилӣ тахминан 4500 сол пеш аз ин бо найқалам маълумоти гаронбаҳое сабт намудаанд. Аз навиштаҷот маълум гашт, ки шумериҳо ҳанӯз дар ҳамон солҳои қадим мехостанд табиатро ба худ мутеъ созанд. Ҳамин тавр онҳо боигарии табиатро ваҳшиёна истифода бурданд ва ин боис гардид, ки фалокати бузурги экологӣ ба миён ояд.   Фалокат тамоми дарёҳоро хушк кард. Об аз замини файзбахши ин кишвар гум шуд. Хушксолии беқиёс ба миён омад ва  мамлакати шукуфон ба биёбони беодам табдил ёфт. Аз ин рӯ, обро сарфакоронаю оқилона истифода бояд бурд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2020    №: 164    Мутолиа карданд: 612
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед