logo

Хабарҳо

РОССИЯ ШАРТҲОИ СОДИРОТИ ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО БА ХОРИҶА ГУФТ

«Интерфакс». - Федератсияи Россия айни замон ба хориҷа на ваксинаи «Спутник V», балки технологияи истеҳсоли онро мефурӯшад, - тавзеҳ дод директори Пажӯҳишгоҳи ба номи Гамалей Александр Гинсбург.
Ба гуфтаи ӯ, доруи мазкур алҳол барои эҳтиёҷоти худи кишвар кифоя нест. «Мо технологияи онро мефурӯшем. Талабгоронаш хеле зиёданд, лекин барои таҳияи санадҳо, омодасозии мутахассисоне, ки технологияамонро дар дигар мамлакатҳо насбу назорат мекунанд, вақт даркор», - зикр намуд Гинсбург.
Дар бораи содироти ваксина танҳо замоне метавон гуфтугӯ кард, ки талаботи Россия қонеъ гардад, - афзуд сарвари пажӯҳишгоҳ.

ЭМКУНӢ АЗ COVID - 19 ДАР МОСКВА 5 СЕНТЯБР САР МЕШАВАД
АИР Новости. - Эмкунии ихтиёриён аз вируси нав дар пойтахти кишвар 5-7 сентябр оғоз меёбад, - хабар дод сарвари маркази Гамалей Александр Гинсбург.
Тадбири мазкур дар доираи озмоиши баъди бақайдгирӣ дар 9-10 клиникаи Москва гузаронда, минбаъд теъдоди онҳо то 20 расонда мешавад. Ваксинаро ба клиникаҳо 3-4 сентябр меоранд, баъди он таҳқиқу ташхиси зарурии ихтиёриёни номнависшуда сурат мегирад.


БА МУБОРИЗА БО COVID-19 ДАР ӮЗБЕКИСТОН $4,8 МИЛЛИАРД САРФ КАРДАНД
Regnum.ru. Дар ҷаласаи Палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии кишвар вазири молия Темур Эшматов гуфт, ки ин миқдор маблағ барои мубориза бо коронавирус ва коҳиши буҳрони иқтисодӣ сарф шуд.
Аз ҷумла, аз фонди зиддибуҳронии Ӯзбекистон ба муқовимат алайҳи вируси нав $516 миллион, хароҷот барои имтиёзҳои андозу гумрукӣ барои соҳибкорон $155 миллион ҷудо намуданд.
Маблағи ҷудокардаи бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ ҷиҳати дастгирии соҳибкорон $1,5 миллиардро ташкил дод, ҳаҷми қарзҳо бошад, ба $2,3 миллиард расид. Ин маблағҳо аз моҳи март то июн дода шудаанд.


ДАР ҚАЗОҚИСТОН БАРОИ ТАЪЛИМИ ФОСИЛАВӢ 700 ҲАЗОР КОМПЮТЕР МЕХАРАНД
Regnum.ru. «Дар бозори мамлакат миқдори кофии компютерҳое, ки барои хонандагони мактабҳо бояд харид, мавҷуд нест», - гуфт вазири маориф ва илм Асхат Аймагамбетов ҳангоми боздид аз мактаб-литсейи № 73 дар шаҳри Нурсултон.
Ӯ афзуд, ки, аллакай, ба мактаббачаҳо 434 ҳазор компютер тақсим кардаанд ва он то 500 ҳазор расонда мешавад.
Вазир гуфт, ки то 15 сентябр хариди боз 200 ҳазор компютер барои мактабҳо дар назар аст. Аймагамбетов зарурати бо компютер таъминсозии ҳар омӯзгорро таъкид кард.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 271
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед