logo

Хабарҳо

ИШКОШИМ. БАХШИ ЗАМИНСОЗӢ СОҲИБИ БИНО ГАРДИД

Баҳри истиқболи сазовори  Ҷашни 30 - солагии  Истиқлолияти  давлатӣ,  бо ибтикори  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ  дар ноҳияи Ишкошим  бинои нави бахши ноҳиявии кумитаи давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Раиси Кумитаи давлатии  идораи замин ва геодезӣ  Ориф Хоҷазода зимни ифтитоҳи бино роҳҳои боз ҳам беҳтар истифода бурдани замин, ба кор андохтани қитъаҳои замини бекорхобида ва, аз ҳама муҳим, одилона тақсим кардани онро байни сокинони деҳот таъкид намуд.
Зикр гардид, ки  нархномаи тасдиқшударо дар бораи хизматрасониҳои вобаста ба замин дар шуъбаи  фаъолияткунандаи заминсозию бақайдгирӣ  насб намоянд, то ин ки сокинони ноҳия аз  ҳаққи хизматрасониҳои бақайдгирию техникӣ огоҳ бошанд.
Раиси бахши ноҳиявии  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ  Мамадёқуб Имомдодов аз муҳайё намудани шароити зарурии  корӣ  ба Ҳукумати ҷумҳурӣ  изҳори сипос намуда, гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои истифодаи  оқилонаву ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои ҳамаи шаклҳои самарабахши хоҷагидорӣ талош мекунанд.
Ба истифода додани  бинои нав ба рушди минбаъдаи фаъолияти соҳа дар ноҳия  мусоидат хоҳад кард. Зеро Ишкошим бо заминҳои  ҳосилхези худ дар ҳудуди вилоят ҷойгоҳи хоса дорад ва он  макони  асосии  парвариши  картошка маҳсуб  ёфта,  васеъ  намудани  майдони  кишти ин  зироат  ва  афзоиши  истеҳсоли онро  Ёдгор  Файзов, раиси  вилоят,  яке  аз  вазифаҳои  афзалиятноки  ноҳия  маънидод  кард.
Ҳамчунин, бо  иштироки раиси вилоят Ёдгор Файзов ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди бинои маъмурии бахши идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии  «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул»   санги асос гузошта шуд.
Ба гуфтаи  масъулон, он дар остонаи таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Он аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар нақша аст, ки дар атрофаш силсилаиншооти таъйиноти гуногуни иҷтимоӣ бунёд мешаванд.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 188
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед