logo

фарҳанг

ДУРАХШИ «ДУРАХШАНДАГОН».СИПОСГУЗОРӢ АЗ ҒАМХОРИҲОИ ПАДАРОНАИ ПРЕЗИДЕНТ

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми тоҷик ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, дар мамлакат таҳаввулоти ҷиддии илмию таҳқиқотӣ ба амал омад. Дар ин росто нақши Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - «Дурахшандагон» калидист, ки ба босамар амалӣ гардондани сиёсати давлатӣ дар самти илму маориф ва таъмини кадрҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳоло ҳазорҳо илмдӯстони тоҷик бо Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», созишномаҳои байниҳукуматӣ ва шартномаҳои байниидоравӣ дар донишгоҳҳои хориҷи мамлакат таҳсил намуда истодаанду хатмкардагон соҳиби унвонҳои баланди илмию дониши мукаммал гашта, бо татбиқи пешқадамтарин  таҳқиқоту таҷрибаҳо дар илми ватанӣ барои ободию  шукуфоии Ватан хизмат мекунанд. Соли гузашта бо ин барномаҳо донишгоҳҳои ҳамкори хориҷӣ 3500 нафар шаҳрванди ҷумҳуриро ба таҳсил фаро гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки маблағи шартномаи яксолаи таҳсил дар ин донишгоҳҳо ҳазорҳо доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати татбиқи нуктаҳои  Паёми навбатии Пешвои миллат тасмим гирифта шудааст, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ довталабон бештар аз рӯи ихтисосҳои вобаста ба илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Соли 2009 барандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон– «Дурахшандагон» гардидам ва ба докторантураи Институти илмии чорводории Федератсияи Россия дохил шуда, зери роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Россия Вагур Алиевич Багиров дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани хусусиятҳои биологӣ ва маҳсулнокии чорвои ширии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя кардам. Тайи се сол ғамхориҳои Пешвои муаззами миллатро пайваста эҳсос менамудем. Ба ҷуз пардохти маблағи таҳсил, истиқомат ва роҳкиро ҳар моҳ идрорпулӣ низ мегирифтем. Ҳамзамон, бо масъулини фонд робитаи зич доштем ва аз аҳволи мо ҳамеша хабар мегирифтанд. Натиҷаи ҳамин дастгириҳо буд, ки роҳи мо дар илм кушода шуду дониши худро мукаммалтар намудем. Баъди бозгашт аз шаҳри Москва мудирии кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ ва роҳбарии факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро ба уҳда доштам. Маҳз ҳидояту дастгирии Сарвари давлат ва фонди «Дурахшандагон» буд, ки моҳи майи соли 2015 маро директори Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъйин намуданд. Ҳоло бо олимони Институти илмӣ – тадқиқотии умумироссиягии чорводорӣ, Институти чорвои гӯштӣ ва Донишгоҳи аграрии шаҳри Оренбург, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии ба номи Тимирязев, Институти кишоварзии Кемеровои Федератсияи Россия, Донишгоҳи давлатии аграрии Бошқирдистон, Институти чорводорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорвои Ҷумҳурии Қазоқистон, институтҳои чорводорӣ, биотехнология ва Донишгоҳи аграрии Қирғизистон ҳамкории густурдаи илмӣ дорем.
Таҳсил ва ҳамкориҳои баъдӣ дар раванди фаъолияти илмии мо тағйироти куллӣ ба амал овард. Давоми таҳсил бо технологияҳои муосири сатҳи ҷаҳонӣ шинос шуда, ҳоло ҳамроҳ бо олимони дигар аз рӯи ташхис ва технологияи омӯзиши КДН (ДНК) дар мавзӯи дархостии ҷумҳуриявӣ «Такмили усулҳои селексияи чорвои кишоварзӣ дар асоси баҳодиҳии компютерии сифати ҳуҷайраҳои нутфа ва ташхиси КДН» байни солҳои 2016-2020 корҳои илмӣ бурда истодаем.
Ҳадафи ин гуфтаҳо шинохти баракати истиқлолият, хирадмандию бузургвории Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сипосгузорӣ ба ӯ барои дастгирии олимони ҷавон ва ғамхориҳо ҷиҳати рушди илми тоҷик аст. «Дурахшандагон», воқеан, боиси сарсабзию инкишофи минбаъдаи илми тоҷик ва ба сатҳи нави ҷаҳонӣ баромадани он гардид. Ман аз дастгирии Фонди «Дурахшандагон», пеш аз ҳама, ба муассиси он - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузорам ва ба кормандони Вазорати маориф ва илму Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» миннатдории худро мерасонам.

Файзулло АМИРШОЕВ,
доктори илмҳои биология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.09.2020    №: 173    Мутолиа карданд: 422
27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед