logo

иҷтимоиёт

ИНТИХОБОТ – 2020. БАРОИ ПОЙДОРИИ СУЛҲУ ОРОМӢ ОВОЗ МЕДИҲЕМ!

Пешбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба номзадии мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ - Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон гувоҳи он аст, ки маҳз ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар замони Истиқлолияи миллӣ  бо талошҳои пайгиронаашон илму маориф ва фарҳанг ба як рукни муҳими иҷтимоӣ табдил ёфта, ҳамчун ҷавҳари ҳастии миллат эътироф гардидаанд. Зеро ин падидаҳои бузурги башарӣ дар ташаккули маънавии ҷомеа хизмат намуда, дар тарбияи насли наврас, шинохти рисолати таърихӣ, густариши эҳсоси ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ таъсири амиқ мегузоранд.
Бо дарназардошти ин, бахусус тайи солҳои истиқлолияти миллӣ дар соҳаи мао-рифи кишвар, ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ карда шуд. Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Имрӯз метавонем изҳор намоем, ки дар ин самт мо ба ин дастовардҳои назаррас бо ташаббусҳои наҷиб ва мондагори Пешвои муаззами миллат ноил гардидем.
Мебинем, ки сол то сол ҳаҷми маоши кормандони буҷетӣ меафзояд, ки ин устуворона рушд кардани тамоми сохторҳои иқтисодиву истеҳсолӣ ва ба низоми муайян даровардани тартиботи маблағгузориву хазинадорӣ аст, ки чунин шароитро фароҳам кардааст.
Ва ҳақиқат таърих ҳаст, ки ҷойгоҳи шоистаи имрӯзи давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми тоҷик ҳосили талошҳои бардавому хастанопазири Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳанӯз фаромӯш нагаштааст, ки мо дар оғози истиқлолият ба чи рӯзҳои вазнине гирифтор будем. Бо дасисаи гурӯҳҳои манфиатдори дохилию хориҷӣ пояҳои давлати соҳибистиқлол зарба хӯрданд, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум сарсону овора гардид.
Вақт довари якрӯй аст, ки ҳарфи аввали Пешвои  муаззами миллат барқарории сулҳ дар Тоҷикистон ва бозгардонии гурезаҳо ба Ватан буд, умеди халқро зинда кард ва шуълаи саодати рӯзгорро дурахшон намуд. Биноан, месазад, ҳамарӯза аз заҳмату ҷонфидоиҳои таърихии Пешвои муаззами миллат бо камоли эҳтиром ва қадрдониву шукргузорӣ ёдоварӣ намоем.
Аз ин рӯ, пешбарии номзадии Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Иттифоқҳои касаба  гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми ин шахсияти таърихӣ дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон буда, аз дурустии сиёсати дурандешона, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, шаҳодат медиҳад.
Аз ин рӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон бо масъулияти баланди ватандорӣ бояд дарку эҳсос намоянд, ки вақте вакилони Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон - Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд, дар навбати аввал онҳо барои пойдории сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдат, худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, рушди иқтисод, таъмини сатҳи зиндагии арзанда, шукуфоии кишвар, пирӯзӣ ва саодати миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик овоз медиҳанд.

Рамазон ОДИНАЗОДА,
раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.09.2020    №: 174 - 175    Мутолиа карданд: 172
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед